“Ҳудуд – ул –олам”-ро дар Телеграмканали мо бихонед

Ҳудуд – ул –оламНоми пурраи асаре, ки дар таърихи беш аз садсолаи илм бо номи «Ҳудуд-ул-олам» машҳур аст, «Ҳудуд-ул-олам мина-л-Машриқ ила-л-Мағриб» буда, муаллифаш маълум нест. Профессор В.Ф. Минорский бо зикри силсилаи далелҳо ҳадс мезанад, ки шояд он ба қалами Ибни Фариғун мансуб бошад. Рисолаи мазкур, ки аҳли илм аз он танҳо дар охири садаи XIX огоҳӣ пайдо карданд, мансуб ба даврони Сомониён буда, соли 372 ҳ. /982-983 м. таълиф гардидааст ва муаллиф онро ба амири Гўзгон ё Гўзгонон Абулҳорис Муҳаммад ибни Аҳмад эҳдо намудааст.

«Ҳудуд-ул-олам» дар радифи бузургтарин сарватҳои маънавии тоҷикон қарор дошта, дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ мавқеи сазовор дорад. Аз он дар тўли солиёни зиёд ҷуғрофияшиносон, муаррихон, бостоншиносон, ҳавосанҷон, маъданшиносон, забоншиносон ва дигарон истифода намудаанд. Чунонки муаррихи номӣ А.Мухторов дар пешгуфтори нашри соли 1983-юми ин асар таъкид мекунад, «дар СССР ҳеч як адабиёти таърихӣ ва ҷуғрофии ба таърихи асрҳои миёнаи Осиёи Марказӣ бахшидашуда нест, ки муаллифи он барои исботи фикри худ ба «Ҳудуд-ул-олам» такя накарда бошад».

Ин асар бо забони содаву равони порсии дарӣ иншо гардида, вежагиҳои муайяни луғавӣ ва сарфию наҳвиро дорост. Ин аст, ки он кайҳо инҷониб таваҷҷўҳи муҳаққиқон, мисли Ж.Лазар, В.Ф.Минорский, Муҳаммадтақӣ Баҳор, Парвиз Нотили Хонларӣ, Сируси Шамисо, Муҳаммад Ҳусайни Ямин, М.Н.Қосимова, М.Шакурӣ, С.Ҳалимов ва дигаронро ба худ ҷалб кардааст. Ҳам дар хориҷа, ҳам Тоҷикистон роҷеъ ба хусусиятҳои забони ин асар рисолаҳои номзадиву докторӣ дифоъ шудаанд, ки дар онҳо иртиботи забони асари мазкур бо гўишҳои ҳозираи тоҷикӣ, корбурди истилоҳоти ҳайвоншиносиву гиёҳшиносӣ, номҳои ҷуғрофии он, вежагиҳои грамматикияш ва даҳҳо масоили дигар баррасӣ гардидаанд.

Нашри ҳозира дар асоси матни интиқодии Манучеҳри Ситуда (соли 1962) таҳия гардида, дар мавридҳои зарурӣ бо чопи Кобул (соли 1963) қиёс карда шудааст. Ба ҷуз ин, китоб муқаддимаи академик В.В.Бартолд, ки онро олими Афғонистон Мирҳусайншоҳ ба форсӣ тарҷума намуда буд, як мақолаи профессор В.Ф.Минорский роҷеъ ба муаллифи «Ҳудуд-ул-олам», ҳавошии ў ва замоимро дар бар мегирад. Дар охири китоб ҳаволаҳо ва 12 нақшаи ҷуғрофӣ илҳоқ шудаанд.

Асари мазкур чун дигар асарҳои силсилакитоби «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун) бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чоп расидааст.

Дар бозхонии матни таҳияшуда кормандони Пажўҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон низ саҳм гирифтанд.

Китобро дар ТЕЛЕГРАМКАНАЛИ мо метавонед бихонед. Он ин ҷост: “Ҳудуд-ул-олам

Таҳияи Райҳона РАҲМАТОВА, Маркази “Тоҷикшиносӣ”