Эраҷ Баширӣ: «Шоҳнома» – и Фирдавсӣ: бунмояи ҳувияти ориёӣ»
Эраҷ Баширӣ. «Шоҳнома» – и Фирдавсӣ: бунмояи ҳувияти ориёӣ». Зери назари академик Кароматулло Олимов. Муҳаррири масъул: профессор Аскаралӣ Раҷабов. Баргардон аз хатти форсӣ ба кириллӣ: Лола Ҳоҷибоева. Душанбе, «Дониш», 2026, 219 саҳ.
Дар таҳқиқоти мазкур корномаи бузурги Фирдавсӣ ва асари оламшумули ӯ «Шоҳнома», ки забони форсии тоҷикиро, ки дар ҳолати инҳитот ва аз байн рафтан буд, наҷот дод, ба риштаи таҳқиқ омадааст. Нақши Фирдавсӣ чун симои барҷаста дар тамаддуни Сомониён (819 – 1005) басо бузург буд. Маҳз дар замони Сомониён забони форсӣ (дарӣ, тоҷикӣ) чун забони илму адабиёт, давлатдорию девондорӣ, забони қонунгузорӣ, муоширати байни қавму қабоили Варорудону Хуросон, Эрон, тоату ибодат табдил ёфт. «Шоҳнома» – и Ҳаким Фирдавсӣ намунаи олӣ ва беназири забони форсии тоҷикист, ҳамчун бунмояи ҳуввияти ориёист, ки муҳаққиқ бо далелҳои раднопазир дар таҳқиқоти мазкур бар пояи асноди раднопазири таърихию илмӣ ба қалам овардааст.
Шоҳкории бадеии Фирдавсиро муаллиф боз дар он мебинад, ки ба туфайли хидмати таърихию бадеии ӯ оин, ҷашнҳои басо бостонии тоҷикон – мардумони эронитабор – Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва ғайра, ки хостгоҳи он Хуросони бузург аст, дар асараш басо пуртоб қаламдод намуда, ки дар таҳкими ҳувият, ёди таърихии мардум нақши муассир дорад.
Хонандагон китоби Эраҷ Башир «Шоҳнома» – и Фирдавсӣ: бунмояи ҳувияти ориёӣ»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд