Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 13 – уми июл

Як-рузи-таърих-13-07-2023Соли 1773 дар шаҳри Берлин нависандаи олмонӣ Вилгелм Ҳенрих Ваккенродер ба дунё омад. Вай аз дӯстони наздики Людвик Тик (нависанда, намоишноманавис ва тарҷумони аҳли Олмон) буд.  Ҳенрих умри зиёд надид, дар бистучорсолагӣ бар асари бемории домана аз олам гузашт.

Соли чопи китоби аввалини Ваккенродерро санаи романтизм  дар адабиёти Олмон меноманд.

Соли 1789 нависандаи маъруфи рус Александр Радишев барои китоби “Сафар аз Петербург ба Москав” боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд. Радишев – нависанда ва мунтақиди иҷтимоии аҳли Империяи Русия 31-уми августи соли 1749 дар шаҳри Москав ба дунё омада, 24-уми сентябри соли 1802, ҳангоме, ки 53 сол дошт, дар шаҳри Санк Петербург вафот кард.

Ӯ шоир ҳам буд ва асарҳои фалсафӣ ҳам навиштааст. Аммо бештар барои китобош “Сафар аз Петербург ба Москав” шуҳрат пайдо кард. Ин китоб соли 1790 бидуни номи муаллиф чоп шуда буд.

Александр-Николаевич-РадищевКитобро Радишев муддати тӯлонӣ навиштааст. Аввалин пораҳои он дар маҷаллаи «Живописец» соли 1771 бе номи муаллиф чоп шудааст. Дар миён Радишев китоби Мабли (Гариел Банно де Мабли, ик бо номи Аббат Мабли ҳам машҳур аст) “Мулоҳизаҳо дар бораи таърихи Юнон”-ро тарҷума ва чоп кард.

Аммо аз аввали солҳои 1780 Радишев китоби “Сафар аз Петербург ба Москав”-ро такмил кард ва асарҳои дигари назмию насрии худро ҳам эҷод намуд. Пирӯзии инқилоб дар Амрико ва ба дунболи он дар Фаронса дар Русияҳ низ як шароити озодии афкорро ба миён овард ва Радишев аз ин хуб истифода намуд.

Соли 1789 вай дар хонаи худ матбаа сохт ва моҳи майи ҳамон сол “Сафар аз Петербург ба Москав”-ро дар шакли комил чоп кард. Ин китоб зуд ба фурӯш рафт. Мулоҳизаҳои басо ҷиддиву мантиқии ӯ дар бораи ҳуқуқи раиятдорӣ ва дигар ақидаҳое, ки дар китоб дарҷ шуда буд, таваҷҷуҳи худи Маликаро ҷалб намуд ва ӯ Радишевро “балвогаре бадтар аз Пугачёв” номид. Ҳамон нусха китобе, ки ба малика Екатерина оварда буданд, то ҳол ҳифз шудааст. Ҳатто аз қайдҳои ҳошияи китоб дида мешавад, ки малика Екатерина онро хондаву ҷо-ҷо шарҳ ҳам навиштааст.

Радишевро боздошт карданд, барояш аввал ҳукми қатл доданд, вале баъдан онро ба зиндон ба муддати даҳ сол иваз намуданд. Баъди 6 сол, вақте Екатерина фавтид, Радишев бахшида шуд.

Пас аз ба тахт нишастани Александри якум Радишев озодии пурра ба даст овард, ба Петербург даъват шуд ва узви Комиссияи танзими қонунҳо таъин гардид.

Валентин ПикулСоли 1928 дар шаҳри Ленинград нависандаи Шӯравӣ Валентин Пикул ба дунё омад. Вай муаллифи пурхонандатарин асарҳо дар мавзуҳои таърихӣ ва ҳарбиву баҳрӣ мебошад. Ҳанӯз дар зиндагӣ асарҳои ӯ беш аз 20 миллион нусха чоп шуда буданд ва дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ аз пурхонандатарин адибон  маҳсуб меёфт.

Романҳои “Порис дар се соат”, “Дар ҳотаи Империяи бузург”, “Бо қалам ва шамшер”, “Ситораҳои болои мурдоб”, “Сухан ва амал”, “Сарват”, “Маҳрами даргоҳ”, “Киштиҳо”, “Бадарға”, “Бирав ва гуноҳ накун” аз ӯянд.

Валентин Пикул 16-уми июли соли 1990 дар шаҳри Рига аз олам гузашт.  62 сол дошт.

Басир РасоСоли 1931 дар деҳаи Бунигаҳи деҳшӯрои Водхуди ноҳияи Ванҷи ВМКБ шоир, тарҷумон ва рӯзно манигори тоҷи Басир Расо таваллуд шуд. Тарбиятгирандаи хонаи бачагон  ва ансамбли этнографии бачагонаи Помир будааст. Солҳои 1949-1951 дар Кумитаи созмони ҷавонони Ванҷ мудири шуъбаи мактабҳо будааст. Аз соли 1956, баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, то соли 1962 дар маҷаллаи «Хорпуштак» ва рӯзномаи «Маориф ва маданият» дар вазифаҳои ходими адабӣ, мудири шуъбаи адабиёт ва котиби масъул кор кардааст. Аз соли 1964 то рӯзҳои вопасини умраш сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» буд.

Шеърҳояш аз соли 1954 дар матбуот ва маҷмӯаҳои «Боргоҳи нур» (1968), «Нидои дӯст» (1981), «Баҳори орзу» (2004) ба табъ расидаанд.

Ашъори алоҳидаи Э. Чаренс, Л. Гурунтс, Н. Зарян, Г. Эмин ва ҳамосаи қаҳрамонии арман «Довуди Сосунӣ»-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Мураттиби антологияи назми арман «Сози Наири»-ст.

Шеърҳои алоҳидааш ба забонҳои русӣ, арманӣ, гурҷӣ, булғорӣ, украинӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Корманди шоистаи фарҳанг ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон.

Бо орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1981), «Дӯстии халқҳо» (1977), «Нишони фахрӣ» (1971), медали «Барои меҳнати шоён» ва Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Басир Расо 11 июли соли 2010  аз олам даргузашт.

Wole_SoyinkaСоли 1934 дар Абеокут намоишноманавис, нависанда ва шоири аҳли Нигерия Воле Шойнико таваллуд шуд. Шеърҳояшро бо забони ёрубиёӣ (забоне аз хонаводаи забонҳои нигерӣ-конгоӣ, ки дар ғарби Африқо ривоҷ дорад) менависад ва насраш ва намоишномаҳояшро англисӣ эҷод мекунад. Соли 1986 барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт шуд. Ҷоизаи Нобелро замоне дарёфт кард, ки 52 сол дошт.

Соли 1955 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи маҷаллаи “Иностранная литература” чоп шуд. Ин маҷалла пеш аз солҳои ҷанг бо номи «Интернациональная литература» интишор меёфт.

Nadine_GordimerСоли 2014 дар Йоҳаннесбурге дар синни 90-солагӣ нависандаи машҳури аҳли Африқои Ҷанубӣ Надин Гордимер аз олам гузашт. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1991 буд.

Надин Гордимер 20 ноябри соли 1923 таваллуд шуда буд. Аз муборизони сарсахти табъизи нажодӣ буд.

Хатмкардаи донишгоҳи Ёҳаннесбург; дар донишгоҳҳои ИМА таърихи адабиёту ҳунарро дарс медод. Аз наврасӣ ба навиштан пардохт ва нахустин ҳикояаш «Эй фардо, баргард» дар маҷаллаи «Форум» (1939) ба табъ расид. Дар маҷуаи ҳикояҳои «Рӯ ба рӯ» (1949), «Забони ширини мор» (1952), «Шаш фут аз деҳкада» (1956) таъсири модернизм (М. Пруст, В. Вулф ва дигарон) ба назар мерасад. Дар ин ҳикояҳо муноқишаҳои равоние тасвир карда шудаанд, ки дар партави онҳо воқеияти опортеид (табъизи нажодӣ) ҳувайдост.

Дар романҳои «Рӯзҳои фиребанда» (1953), «Сарзамини бегонагон», «Охирин дунёи буржуозӣ» (1966) ба буҳрон дучор омадани ғояҳои либерализми сафедпӯстон инъикос ёфтааст.

Дар романҳои дигари Надин Гордимер «Меҳмони фахрӣ» (1970), «Духтари Бургер» (1979), «Хонаводаи Жулия» (1981) муаллиф аз сиёсатҳои давр кардааст.

Романҳои “Фурсате барои дӯст доштан”, “Муҳофизакор”, “Як варзиши табиӣ”, “Саргузашти писарам”, “Ҳеч кас ҳамроҳам нест” низ аз ӯ мебошад.