Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 15 –уми июн
Соли 1300 шоир Данте Алигери ба ҳайати ҳукумати Флоренсия дохил шуд. Дантеро яке аз асосгузорони забони адабии Италия медонанд. «Мазҳакаи Илоҳӣ»-и ӯ дар адабиёти Аврупо мавқеъи муҳим дорад. Ӯ ҳамчунин таъсиргузортарин шоирони Ғарб ба шумор меравад.
Дар замони зиндагии худ Данте даст ба офариниши асарҳое зад, ки баъд аз даргузашташ низ маъруфияти худро аз даст надоданд. Машҳуртарини онҳо “Мазҳакаи Илоҳӣ”, “Зиндагии нав”, “Зиёфат”, “Салтанат” ва “Оҳангҳо” мебошанд.
Рӯзи дақиқи таваллуди Данте маълум нест, мегӯянд вай наздик ба соли 1265 ба дунё омадааст ва 14 сентябри соли 1321 аз олам гузаштааст.
Соли 1844 дар Булони Фаронса шоири шотландӣ Томас Кэмпбелл аз олам гузашт. Вай 66 сол дошт. 27-уми июли соли 1777 дар шаҳри Глазго ба дунё омад ва дар донишгоҳи ҳамин шаҳр таҳсил кард ва соҳиби маълумоти олӣ шуд.
Дар оғоз либерал буд ва аз ҷонибдорони ашадии Инқилоби бузурги Фаронса маҳсуб мешуд. Дар солҳои ҷанги Наполеон вай ҷонибдори консерваторҳои ватандӯст шуд.
Соли 1800 сафари Аврупо кард ва дар Олмон бо шоири машҳури ин кишвар Фридрих Клопшток ва дигар адабиётшиносону адибон мулоқот намуд. Дар Олмон шоҳиди чанд муҳорибаи Наполеон ҳам шуд ва чанд шеъри хуби худро ҳам дар ҳамин ҷо навишт.
Баъди бозгашт ба Лондон ду шеъри ӯ бо номҳои «Lochiel’s Warning» ва «Hohenlinden» машҳур шуд. Бахусус шеъри дуюми ӯ аз нигоҳи бандубаст ва шеърият шуҳрати беандоза касб намуд.
Соли 1928 дар шаҳри Самарқанд Нависандаи халқии Тоҷикистон, яке аз бузургтарин насрнависони кишвар дар дар нимаи дуюми қарни бист, тарҷумон ва мураббии адибони ҷавон Фазлиддин Муҳаммадиев ба дунё омад.
Соли 1962 Муҳаммадиев Курси олии адабии ба номи Максим Горкий дар шаҳри Маскавро хатм намуда, баъди ба Тоҷикистон баргаштан муҳаррири моҳномаи «Хорпуштак», корманди «Тоҷикфилм», муҳаррири нашриёти «Ирфон», мудири шўъбаи «Энсиклопедияи тоҷик», сармуҳарририи идораи киносозии Тоҷикистонро дар ўҳда доштааст. Соли 1978 котиби Иттифоқи нависандагон интихоб мегардад. Охири умраш сарфи корҳои эҷодӣ буд. Аввалин ҳикояҳом ӯ «Раиси нав» соли 1955 дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» чоп шуд. Соли 1956 бошад, «Муҳоҷирон» ва соли 1958 «Фаттоҳ ва Музаффар» чоп шудаанд.
Баъдан повестҳои «Таркише, ки ба амал наомад» (соли 1960), «Одамони кўҳна» (соли 1963), «Бибизайнаб» (соли 1964), «Дар он дунё» (соли 1965), романи «Палатаи кунҷакӣ» (соли 1974), «Шоҳии япон» (соли 1982), «Варта» (соли 1983) ва маҷмўаи ҳикояҳои «Сози Мунаввар» (соли 1969) ба табъ расиданд.
Солҳои 1978-1980 дуҷилда ва солҳои 1989-1991 сеҷилдаи осори мунтахабаш чоп шуд. Соли 1985 китоби очеркҳояш «Дўстон тоҷи сар» ба хонандагон пешниҳод гардид.
Нависанда барои повестҳои «Дар он дунё» ва «Одамони кўҳна» соли 1967 сазовори Мукофоти давлатии ба номи А. Рўдакӣ гардидааст. Ҳамаи асарҳои ў борҳо ба русӣ ва дигар забонҳои дунё ба табъ расиданд.
Дар бораи адиби маъруф матлаби муфассалтаре дар сомона дорем, ки умед аст, мутолиа хоҳед кард.
Соли 1939 дар Ливерпул нависандаи англис Брайан Джейкс ба дунё омад. Дар 15-солагӣ мактабро хатм кард. Дар як киштии тиҷоратӣ ба сафар баромад ва аз шаҳрҳои Ню-Йорк, Валпараисо, Сан-Франсиско, Иокогаму дидан намуд. Баъдан ба Ливерпул баргашт ва чанд бор касбу корашро иваз намуд. Маллоҳи киштӣ ҳам буду, ходими пуста ҳам, корманди пулис ҳам, борбардори киштиҳо, масхарабоз, ронандаи мошини боркаш ва ҳамзамон ба варзиши бокс ҳам саргарм шуд.
Фаъолияти адабии худро аз намоишноманависӣ оғоз кард. Баъдан барои бачаҳо повести “Рэдволл”-ро навишт. Ин китоб шуҳрат овард ва соли 1999 аз рӯи он силсилафилмҳои тасвирӣ ба навор гирифтанд.
5 феврали соли 2011 дар синни 71-солагӣ аз бемории қалб тарки олам кард.
Соли 1939 дар деҳаи Сергиевкаи вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ нависанда, намоишноманвис ва тарҷумони Шӯравӣ Анатолий Ким таваллуд шуд. Аслан куриёитабор буд ва пешгузаштагонаш аз Куриё дар асри 19 ба Русия омада буданд. Соли 1937 волидони ӯро ба Қазоқистон кӯчанданд ва соли 1947 онҳо ба Сахалин баргаштанд.
Машҳуртарин асарҳои ӯ инҳо мебошанд: “Санҷоб”, “Падар-ҷангал”, “Ҷазираи нилгун”.
Соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ ба дунё омад. Соли 1970 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, аз соли 1971 таҳсилро дар Институти адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) идома додааст.
Фаъолияти кориро соли 1977 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» оғоз карда, то соли 1983 корманди адабии ҳамин рӯзнома будааст. Баъдан, аз соли 1985, дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (ҳозира «Фирӯза») ба ҳайси мудири шуъба, сипас дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба сифати муовини сардабир кор кардааст.
Дар давоми сӣ соли ахир офаридаҳояш дар авроқи маҷмӯаҳои «Ҷиҳоз» (1977), «Дидор» (1980), Меваи сабр» (1982), «Зочаи хушрӯи ман» (1984), «Духтари дарё» (1986), «Ишқи як зан» (1992), «Ситораи ваҳшӣ» (ба ҳуруфи форсӣ, 1997), «Ситораи Муштарӣ» (1998), «Зан агар ошиқ шавад…» (2000), «Зулфи парешон» (дар ду ҷилд, 2002), «Парандаҳои баҳорӣ» (ба забони русӣ, 2004), «Сояи зулф» (2005), «Девони зулф» (2009) ба табъ расида, мақбули ҳамагон гардидаанд.
Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, украинӣ, руминӣ, қирғизӣ ва ғ. тарҷума ва дар баёзу китобҳои дастҷамъӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун интишор ёфтаанд.
Зулфия Атоӣ дар наср низ қувва меозмояд. Қиссаи ӯ «Ғамро намефурӯшанд» ва дигар мақолоту ҳикоёташ дар қисми дувуми дуҷилдаи «Зулфи парешон» фароҳам омадаанд.
Дар маҷмӯаи «Зиндагӣ дар шеър» (2012) мақолаю мусоҳиба, тақризу андешаву навиштаҳои шахсиятҳои маъруфи адабиёт, фарҳанг, журналистикаи муосир доир ба паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти Зулфия Атоӣ ба табъ расидаанд.
Барандаи Ҷоизаи адабии «Парвини Эътисомӣ» (Эрон), узви ифтихории Академияи байналхалқии фарҳанг, илм ва тиҷорати Санкт-Петербург (2011), дипломанти Озмуни байналхалқии ЮНЕСКО «Ҷабҳаҳои муосири назм», барандаи Мукофоти адабӣ- фарҳангии «Товуси тиллоӣ» (Санкт- Петербург, 2013), Ҷоизаи Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ (1995), Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2005).
Дорандаи орденҳои «Шараф» (1997) ва «Дили Данко» (Русия, 2011). Шоираи халқии Тоҷикистон.
Узви Иттифоқи нависандагон (1979) ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1980) мебошад.
Соли 1992 дар шаҳри Санкт-Петербург дар синни 79-солагӣ файласуф, муаррих, шоир ва тарҷумон аз забони тоҷикӣ- форсӣ Лев Гумилёв аз олам гузашт. Вай узви Фарҳангистони улуми табии Русия ва поягузори дониши ҷадиди қумшиносӣ буд. Падараш Николай Гумилёв нависандаи барҷастаи рус ва модараш Анна Андреевна Ахматова шоири пуровозаи рус буд.
Падараш, ки зидди инқилоби болшевикӣ буд, тирборон шуд. Модараш ҳам ба ҳукумати Сталин сари созиш надошт ва пайваста дар маърази таъқибу фишор қарор дошт. Фарзандаш Лев ҳам аз 15-солагӣ борҳо ба зиндон афтод ва табъид шуд, аммо ӯ тавонист бар дониши худ бияфзояд. “Ошноияш бо забони тоҷикӣ ва адаби форсиро зикр кард, ки ҳосили даврони табъид ва кори тоқатфарсо будааст.”
Дар бораи Лев Гумелёв дар наздиктарин фурсат матлаби муфассалтар хоҳем гузошт.
Соли 2014 дар манзили худ дар Бока-Ратон дар синни 86-солагӣ нависандаи амрикоӣ Дэниел Киз вафот кард. Вай 9 августи соли 1927 дар Бруклин, иёлати Ню-Йорки ИМА ба дунё омад ва таҳсилоти худро дар ҳамин шаҳр гирифт.
Пас аз поёни таҳсилот дар созмони ноширии Magazine Management ба кор оғоз кард ва бо гузашти замон сардабири маҷаллаи Marvel Science Stories шуд.
Аввалин ҳикояаш соли 1952 чоп шуд. Аммо барояш ҳикояи “Гулҳо барои Элджернон” шуҳрат овард. Адиб бар пояи он бо ҳамин номи соли 1966 романи худро навишт.
Соли 2021 дар шаҳри Душанбе шоир ва тарҷумони маъруфи тоҷик Салимшо Ҳалимшо аз олам гузашт. Вай 16 феврали соли 1936 дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омада, маълумоти миёнаи ҳамагониро дар шаҳри Хоруғ фаро гирифтааст.
Соли 1960 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960-1981), мудири шуъбаи назм ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1982-1989), муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайванд» (1989-1991) ва мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Аз нимаи дувуми солҳои 60-уми асри мозӣ вориди майдони адабиёт гардида, бо нахустин маҷмӯаҳои ашъораш «Роҳи қуллаҳо» (1965) ва «Киштии Инқилоб» (1960) сазовори истиқболи гарми хонандагон шудааст.
Ашъори дар маҷмӯаҳои «Имзои Ленин» (1975), «Оинаи виҷдон» (1983), «Бурҷи Инсон» (1986), «Ҳафт хони Бадахшон» (1989), «Хонаи Офтоб» (2003), «Оби шаҳд» (2003), «Зодагони ҳафт тӯфон» (2006) интишор ёфта, драмаи «Кабутарони сафед» ва ғайра шоир лавҳаю лаҳзаҳои рангину пурифтихореро аз озодманишиву некандешӣ, меҳанпарастию башардӯстӣ, давлатсолорию ватандорӣ, покизарӯзгорию ҷавонмардии ниёконамон ҷилвагар месозанд ва хонандаро аз ҳиммати баланду таҷрибаи рӯзгори шарафманди эшон бархурдору баҳрабардор менамояд.
Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои украинӣ, русӣ, литвонӣ, озарӣ, чехӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шуда, худаш намунаҳоеро аз осори адибони ҷаҳон ба тоҷикӣ гардондааст.
Хидматҳояш бо Ифтихорномаи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998) ва ордени «Дӯстӣ» (1997) қадршиносӣ ёфтаанд.
Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Таҳияи Б.ШАФЕЪ