Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 18 – уми апрел
Соли 943 шоири ҷопонӣ Фудзивара-но Атсутада аз олам гузашт. Ӯро яке аз “сивушаст шоирони абадзинда” меноманд. Шохиси 36 шоири абадзинда дар Ҷопонро дар асрҳои миёна тартиб дода буданд.
Фудзивара-но Атсутада шоири замони Ҳайон мебошад. Давраи Ҳайон дар таърихи Ҷопон фосилаи замонии солҳои 794 то 1185 милодиро дар бар мегирад.
Соли 1556 шоири итолёвӣ Луидҷи Аламанни аз олам гузашт. Вай дар як хонаводаи маъруф дида ба олам кушодааст. Маълумоти адабӣ, фалсафӣ гирифтаву дар бораи шеъру шоирӣ низ омӯзиш дидааст. Бо Никколо Маккиавелли – файласуф, сиёсатмадор, шоир, муаррих ва намоишноманависи аҳли Италия борҳо ҳамсуҳбат шудаву ба ӯ китоби “Ҳаёти Каструччо Кастракани аз Луқо”-ро бахшидааст.
Соли 1521 дар сӯиқасд муқобили кардинал Ҷулиано Медичи (попи Рум миёни солҳои 1523 -1534) иштирок намуд. Ин сӯиқасд ба зудӣ фош шуд ва Аламани ба Фаронса фирор кард. Соли 1527 вақте Медичи аз Флоренсия ихроҷ карда шуд, ба ватан баргашт. Соли 1530, ба муҷарради шикасти ҷумҳурӣ вай дубора ба Порис рафт: дар вазифаи сафир дар Венетсия кор кард.
Достонаш “Дар бораи заминкорӣ” аз беҳтарин навиштаҳои ӯст.
Соли 1892 нависанда, шоир ва тарҷумони олмонӣ Фридрих Боденштедт аз олам рафт. Вай 22 апрели соли 1819 дар Пайни Саксонияи поёнӣ таваллуд шуда буд.
Соли 1917 дар Йокогам нависандаи ҷопонӣ Тосио Симао ба дунё омад. Вай яке аз бузургтарин шоирон ва адабиётшиносони замони худ буд. “Рӯз дар хоб”, “Канори ҷазира”, “Неши марг”, “Дар ҷазира”, “Иртиботи рӯзҳо”, “Рӯз аз рӯз”, “Таронаҳои соҳил” номгӯи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 2019 дар шаҳри Москав дар синни 83-солагӣ нависандаи асарҳои тахайюлии Иттиҳоди Шӯравӣ Сергей Павлов аз дунё рафт. Ӯро тахайюлнависи классики муосир меноманд. Барандаи ҷоизаи “Аэлита” (1985), ҷоизаи ба номи Иван Ефремов, асосгузори ҷоизаи адабии “Лунная радуга” буд.
Романҳо аз силсилаи “Рангинкамони Моҳ”, “Зулфи сеҳрноки Ампаро”, повестҳои “Тоҷи Хуршед”,”Сақфи Коинот”, “Прайди дастгирнашаванда” навиштаҳои ӯ маҳсуб мешаванд.
Соли 2020 дар шаҳри Москав бар асари бемории дурудароз нависанда, филмноманавис, муаллифи асарҳои равонӣ, мақоланавис, шореҳ, рӯзноманигори аҳли Русия Александр Кабаков тарки олам кард. Вай 76 сол дошт. Мероси гаронбаҳое аз худ боқӣ гузошт, ки “Мусанниф”, “Номдузд”, “Қаҳрамони охирин”, “Меҳмони нохонда””Афсонаҳои московӣ”, “Нимторикиҳои шаҳр”, “Фирорӣ”, “Пирамард ва фаришта” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Соли 1928 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ шоир ва тарҷумони маъруфи тоҷик Маҳмадалишоҳи Ҳайдаршо таваллуд шуд. «Сарои Баҳор» (1967), «Гулхандаи замин» (1974), «Помири ман» (1978), «Баёзи сангин» (1988), «Хонаи обод» (1994), «Сад ғазал» (2002), «Кӯҳдомани сабз» (2003), «Ин пишак чӣ мегӯяд?» (2010) номгӯи китобҳои ӯ мебошанд.
Муфассалтар дар ин бора: “Гулхандаи замин”
Соли 1914 дар шаҳри Самарқанд нависандаи ҷанговар ва ҷангоманависи тоҷик Фотеҳ Ниёзӣ дида ба олам кушод. Соли 1929 Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, баъдан Академияи омӯзгории Самарқандро хатм кардааст. Баробари таҳсил, бо рӯзномаҳои «Ленин юли» ва «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ҳамкорӣ доштааст. Аввалҳо ба забони ӯзбекӣ шеъру ҳикояву мақола менавиштааст.
Аз соли 1934 дар Душанбе кору зиндагӣ кардааст. Аввалҳо котиби масъули рӯзномаҳои «Тоҷикистони сурх» ва «Газетаи муаллимон» будааст. Соли 1941 ба ҷанг рафта, дар рӯзномаҳои ҷабҳаӣ кор кардааст. Иштирокчии муҳорибаҳои Сталинград будааст.
Баъди ҷанг муовини муҳаррири рӯзномаи ҳарбии «Фрунзевец» будааст. Ҳамзамон дар шуъбаи шабонаи Донишгкадаи давлатии омӯзгории Тошканд таҳсил кардааст.
Баъди хидмати ҳарбӣ ба Душанбе баргашта, чанде котиби масъул ва сармуҳаррири моҳномаи «Шарқи Сурх» будааст. Соли 1953 котиби Иттифоқи нависандагон, солҳои 1968-1970 муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои тоҷик будааст. Баъдан, дигарбора котиби Иттифоқи нависандагон интихоб шудааст.
Фаъолияти эҷодиро аз нимаҳои солҳои сиюми асри гузашта шурӯъ карда, шеърҳои ӯзбекияш дар маҷмӯаҳои «Маяк» (1933), «Таронаҳои рӯз» (1935), «Муҳаббат» (1939) чоп шудаанд. Баъдан асарҳояшро комилан ба тоҷикӣ таълиф кардааст. Соли 1938 Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ драмаи «Ватандӯстон»-и ӯро (ҳамроҳи С. Ғанӣ) саҳнагузорӣ кардааст.
Соли 1946 китоби очеркҳои ҷангияш «Интиқоми тоҷик» интишор ёфтааст. Романи аввалини ӯ «Вафо» (аз ду қисм-1949, 1958) соли 1959 ба русӣ, соли 1960 ба форсӣ аз чоп баромадааст, ки воқиъоти солҳои ҷангро дар бар мегирад. Ин роман борҳо ба тоҷикӣ ва русӣ, соли 1954 ба забони чинӣ чоп шудааст.
Баъдан қиссаҳои «Димаи диловар» (1957), «Ҳисса аз қиссаҳои ҷанг» (1962), «Одамон ва мулоқотҳо» (1964), «Духтари ҳамсоя» (1965)-и ӯ ба табъ расидаанд.
Романҳои ӯ «Ҳар беша гумон мабар, ки холист….» (1974), «Сарбозони бесилоҳ» тасвири манозири ҷангро идома дода, борҳо ба русӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Қиссаҳои «Пахта ва гул», «Фоҷиаи Боғистон» дар мавзӯи мубрами рӯз – деҳқонӣ ва маданият офарида шудаанд.
Куллиёти осораш дар чаҳор ҷилд чоп шудааст (1974-1978).
Драмаи «Кӯпрук» (1969) аз тарафи Театри давлатии академӣ-драмавии Точикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ борҳо пешкаши тамошобинон гардидааст.
Дар асоси филмномаҳояш филмҳои ҳунарии «Духтари сеюм» (ҳамроҳи И. Филимонова, 1971), «Оилаи Ғаюровҳо» (ҳамроҳи А. Стругатский, 1975) бардошта шудаанд.
Асарҳои алоҳидаи М. Садовяну, Ш. Рашидов, Ю. Фучик ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1977), Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1970). Нависандаи халқии Тоҷикистон (1986).
Бо чандин ордену медали ҷангию меҳнатӣ ва ифтихорнома сарфароз гардидааст.
Аз соли 1938 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
1 сентябри соли 1981 аз олам даргузашт.
Таҳияи Б. Шафеъ