Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 18 – уми январ
Соли 1689 нависанда, омӯзгор ва ҳуқуқшиноси фаронсавӣ Шарл Луи Монтеске таваллуд шудааст. Ӯ яке аз андешамандони сиёсии Фаронса дар Давраи маърифат буд. Гузаштагони ӯ ҳама аз ашрофзодагон ва ҳуқуқдонҳо буданд. Ӯ низ ҳуқуқ хонд ва дар соли 1708 ба кори додситонӣ ҷалб шуд ва дар охир вакили додгустарӣ таъин шуд. “Номаҳои порсӣ”, “Мулоҳиҳазо дар бораи сабабҳои бузургӣ ва таназзули румиё”, “Руҳулқавонайн” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.
10 – уми феврали соли 1755 дар синни 66 солагӣ дар Порис аз олам гузашт.
Соли 1803 шоир, тарҷумон, ходими давлатӣ Ипполит Богданович дар Курск дар синни 59-солагӣ даргузашт. Маҷмуаи повесту ҳикояҳо ва шеърҳои ӯ бо номи “Азизам” аз машҳуртарин сурудаҳои Богданович мебошанд. “Саодати милал”, “Соҳил”, “Зарбулмасалҳои русӣ” низ аз китобҳои ӯ ҳастанд.
Соли 1882 дар шаҳри Лондон нависанда, шоир, намоишноманависи британиёӣ Алан Милн таваллуд шудааст. Ў бештар ба унвони муаллифи афсонаҳо дар бораи кӯдакон «Хирс бо хоки роҳ бар сараш”– Винни Пух, “Шоҳзо Харгӯш”, “Шоҳдухтар Несмеяна”, “Афсонаи маъмулӣ” маъруф аст.
Пеш аз қиссаҳо дар бораи Винни Пух Алан Милн як ёддоштнавис ва намоишном анавис буд.
Соли 1896 адабиётшиноси шӯравӣ Корнелий Лусианович Зелинский таваллуд шудааст. Ӯ муаллифи китобҳои «Номаҳои интиқодӣ”(1932), «Хонаводаи Ларсевҳо”, “Ҷамбул”, “Дар остонаи ду давра”, “Дар олами тағйирёбанда” ва ғайра мебошад.
Корнелий Зелинский 25 феврали соли 1970 дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1925 аввалин шумораи маҷаллаи «Новый мир» аз чоп баромад.
Соли 1933 дар Боку нависанда ва намоишноманависи Шӯравӣ Иля Петрович Штемлер таваллуд шудааст. Ў ноиби президенти Анҷумани ҷаҳонии қалам-и Санкт-Петербург, узви Иттифоқи нависандагони Русия, Санкт-Петербург буд. Дар соли 1965 пас аз нашри романи «Балли гроссмейстер” дар маҷаллаи «Юность» шуҳрат пайдо кард.
3 декабри соли 2022 дар синни 90-солагӣ бар асари сироят ба коронавирус тарки олам кард.
Соли 1936 насрнавис, шоир, нависандаи достони инглис Рудярд Киплинг дар синни 70-солагӣ дар Лондон даргузашт. Ў барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1907 буд. Вай ба далели ашъор, достонҳои кутоҳ ва романҳояш ба дарёфти ҷоизаи Нобел сазовор шуда буд. Яке аз маъруфтарин филмҳои Ҷон Ҳайвстун бо номи “Марде, ки мехост султон бошад” бар асоси як достони Радияр Киплинг сохта шудааст.
То ба имрӯз ҳудуди 35 китоб аз ӯ мунташир шудааст. Аз ҷумла, “Аз дарё ба дарё”, “Китоби ҷангал”, “Китоби дуввуми ҷангал”, “Маҷмуаи мавҷудот”, “Вомҳо ва эътиборҳо”, “Чизе аз худам”, “Ҳафт дарё”, “Масъулияти инсони сафед” аз ӯ мебошанд.
Соли 1990 дар Донишгоҳи Уппсала ба Иосиф Бродский – шоири руси муқими Амрико ва барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1987 унвони фахрии доктори илмҳои фалсафа дода шуд.
Аз Бродский дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷуз 4 шеър чизи дигаре чоп нашудааст.
Соли 2016 нависандаи фаронсавӣ Мишел Турне дар синни 91-солагӣ дар Шуазел даргузашт. Вай барандаи ҷоизаи Гонкур буд. Романҳои «Ҷумъа» (1967), «Подшоҳи ҷангал» (1970), «Ҷумъа, ё ҳаёти ваҳшӣ» (1971), “Ҷумъа ё барзахи уқёнуси Ором”, “Насими Руҳулқудс”, «Жил ва Жанна» (1983) мансуб ба ӯ мебошанд.