Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 2 – уми феврал

Як-рузи-таърих-02-02-2024Соли 1872 дар Константинопол шоири арман Петрос Дурян дар синни 20-солагӣ аз бемории сил даргузашт. Петрос Дурян  соли 1851 дар оилаи косиби камбизоати ба дунё омадааст. Оила дар фақри шадид ба сар мебурд.

Ў бо М.Пешикташлян асосгузорони адабиёти нави арманӣ – ғарбии мактаби Константинопол ба шумор мераванд. Дурян ба зудӣ бо ашъораш шуҳрат пайдо кард, инчунин дар намоишноманависӣ ҳам қувваи худро санҷидааст. Шумораи достон ва шеърҳое, ки аз Дурян боқӣ мондааст хеле кам аст. Аммо ин мероси адабии ӯ гувоҳӣ медиҳад, ки адабиёти арман дар шахсияти ў шоири бузургеро аз даст додааст. Дурян лирик-романтик аст. Камбизоатии бераҳмона, беморӣ ва ишқи беҷавоб дар ӯ маъюсиву хашм ва омодагии муборизаро ба вуҷуд оварда, ноумедии амиқ фаро мегирад.

Шеърҳои Дурян борҳо ба забонҳои аврупоӣ ва русӣ тарҷума шудаанд.

Соли 1882 дар Дублин нависанда, шоири ирландӣ ва намояндаи модернизм Ҷеймс Ҷойс ба дунё омадааст. Модернизмноми умумии чанд равияҳои санъат ва адабиёти буржуазии охири асри 19 ва аввали асри 20-кубизм, дадаизм, футуризм ва ғ., ки зуҳуроти таназзули санъати буржуазӣ мебошанд.

Ҷеймс Ҷойс эҷодкори пурмаҳсул буд, ў дар синни 6-солагӣ ба эҷодиёт шурӯъ кардааст, ки аҳли оила аз ў хеле ифтихор мекарданд. Аллакай дар синни 16-солагӣ як қатор очеркҳо, пйесаҳо, шеърҳои лирикӣ навиштааст.

Аввалин маҷмӯаи ашъори Ҷойс соли 1904 нашр шудааст. Романи машҳури худ «Улисс»-ро дар тӯли 7 сол навишт ва он бори аввал дар Фаронса нашр шуд. Дар шашсад саҳифаи ин китоб як рӯзи шахсе бо номи Леополд Блум тасвир ёфтааст. Ин рӯз – 16 июн – аз ҷониби тамоми мухлисони Ҷойс ҳамчун ид ҷашн гирифта мешавад. Ҷойгоҳи Ҷойсро дар адабиёти ҷаҳонӣ набояд нодида гирифт. Романи «Улисс»-и ӯ ҳамеша дар рӯйхатҳои муҳимтарин китобҳои ҷаҳон ҷойгир аст. Муҷассамаи Ҷойсро на танҳо дар зодгоҳаш Дублин, балки дар Маскав ҳам дидан мумкин аст.

Асарҳои асосие, ки Ҷеймс Ҷойсро машҳуру номдор кардаанд, инҳоянд: “Эпифаниҳо (1901-1903), «Портрети рассом» (1904), “Дафтари муқаддас” (1904), «Дублиниҳо» (1904-1914), «Газ аз оташдон» (1912), “Ҷиакомо Ҷойс (1911-1914), «Қаҳрамон Стивен», «Портрети рассом дар ҷавонӣ” (1907-1914), «Бадарғашудагон» (1914-1915), «Улисс» (1914-1921), “Ёдбуди Финнеган” (1922-1939)

Ҷойс дар Сюрих дар синни 41-солагӣ бар асари бемориҳои гуногун, ки солиёни дароз ҷисми ўро озурда буданд, вафот кард.

Михаил Ефимович КольцовСоли 1940 дар Маскав дар синни 41-солагӣ нависанда, мақоланавис ва арбоби ҷамъиятии шӯравӣ Михаил Колтсов, муҳаррири маҷаллаҳои Огонёк“, “Крокодил“, “За рубежом“-ро парронданд.

Номи Михаил Ефимович Колтсов ба бисёр хонандагоне, ки ба адабиёт ва таърихи шуравӣ шавқ доранд, ошност.

Нависанда ва мақоланависи машҳури Шуравӣ Колтсов на танҳо бо фаъолияти адабӣ машғул буд. Ӯ дар рушди флоти ҳавоии шӯравӣ фаъолона иштирок дошт, ба фаъолияти нашриявӣ машғул буд, зеро дар солҳои 30-юми асри гузашта хабарнигор, мушовири ғайрирасмии сиёсиву низомӣ дар Испания ба шумор мерафт.

Михаил Ефимович тамоми умри кутоҳ, вале пурсамари худро ба хидмати Иттиҳоди шуравӣ ва ғояҳои он бахшид, вале ҳамаи ин нависандаро аз ҳабс ва ҳукми қатл бо иттиҳоми ташкилоти террористии аксулинқилобии рафиқони собиқи партиявӣ наҷот надод.

Соли 1922 аввалин китоби ў «Петлюровшина» аз чоп баромад ва аз ҳамон сол дар рўзномаи «Правда» фелетонҳо ва очеркҳои нависандаро дар мавзуъҳои гуногуни ҳаёти дохилӣ ва байналхалқӣ зери унвонҳои «145 сатри лирика», «Таваллуди фарзанди аввалин», «Коғази сафед», «Алексей Стаханов» ва ғайра мунтазам нашр мекард.

Соли 1942 дар Ленинград, нависанда, шоир ва намоишноманависи шӯравии рус Даниил Хармс дар синни 36-солагӣ, дар беморхонаи маҳбас даргузашт.

Даниил Ювачёв 30 декабри соли 1905 дар Санкт-Петербург ба олам омадааст. Вай дар мактаби олмонии имтиёзноки Петришулеи Петербург таҳсил кардааст. Соли 1924 ба техникуми электротехникии Ленинград дохил шуд, вале дере нагузашта маҷбур шуд, ки онро тарк кунад. Аз соли 1925 ба нависандагӣ машғул шуд.

Хармс аз соли 1928 барои маҷаллаи бачагонаи «Чиж» менависад. Баъд вай яке аз асосгузорони гурўҳи авангардии назмию бадеии «Иттифоқи санъати ҳақиқӣ» (ОБЕРИУ) гардид.

Моҳи декабри соли 1931 Хармс ба ҳабс гирифта шуда, 21 марти соли 1932 ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум гардид. Дар натиҷа, 23 майи соли 1932 ҳукми ў ба бадарға иваз карда шуд ва шоир ба Курск рафт, ки дар он ҷо А.И. Введенскийи бадарғашуда ҷойгир буд. Хармс аз баҳор то тирамоҳи соли 1932 дар он ҷо зиндагӣ кард. Баъди аз бадарға баргаштан Хармс барои бачахо чанд китоб менависад, то рўзгорашро таъмин кунад. Соли 1937 баъди дар маҷаллаи бачагона чоп шудани шеъри «Шахсе аз хона баромад» чанд муддат эҷодиёти ўро нашр намекарданд. Дар баробари ин ў барои калонсолон бисёр повесту очеркҳои театрӣ ва шеърҳо менависад, ки дар замони зиндагиаш рўйи чопро надидаанд. Дар ин давра силсилаи ҳикояҳои «Ҳодисаҳо» ва повести «Пиразан» офарида шудаанд.

Даниил Иванович Хармс на танҳо шоири боистеъдод балки ҳамчун муаллифи адабиёти бачагона ба ҳамагон ошност. Вай барои кўдакон шеъру достонҳое эҷод кардааст, ки бо гузашти солҳо онҳо таровати худро гум накардаанд. Ба ин асарҳои «Гурбаи аҷоиб», «Дуруғгўй», «Саргузашти хеле даҳшатнок», «Якум ва дуюм», «Шахсе аз хона баромад», «Пиразан» ва ғайра дохил мешаванд.

Алексей Петрович ЦветковСоли 1947 дар Станислав шоири рус Алексей Светков, барандаи ҷоизаи ба номи Андрей Белий (2007) ва Ҷоизаи Русия (2011) ба дунё омадааст.

Соли 1975 боздошт ва аз Маскав ронда шуд ва ҳамон сол ба Амрико муҳоҷират кард. Ӯ солҳои 1976-1977 дар рӯзномаи “Русский Life”-и Сан-Франсиско ба ҳайси муҳаррир фаъолият кардааст. Соли 1983 дар Донишгоҳи Мичиган унвони докториро сазовор шуд. Аз соли 1989 дар Мюнхен ва Прага дар Радиои Озодӣ ба ҳайси муҳаррир ва барандаи барномаҳои «Қитъаи ҳафтум» ва «Рӯзномаи Атлантик» кор кардааст.

Дар охири солҳои 80-ум аз назм ба наср рў овард. Романи нотамомаш «Садо», ки аз ҳаёти як ҷанговари румиро тасвир мекунад (танҳо то наврасӣ навишта шудааст) андешаи Светковро дар бораи тамаддуни румӣ ҳамчун яке аз нуқтаҳои авҷи таърихи инсоният инъикос карда,  дар аз истилоҳоти назм бо услуби наҷибона ва фаровонии дурахши лирикию фалсафии худ фарқ мекунад. Соли 2004, пас аз танаффуси 17-сола, Алексей Светков ба эҷодиёт баргашт ва дар муддати камтар аз якуним сол китоби нави шеърҳояшро эҷод кард.

Аз соли 2007 дар Вашингтон ба сар мебурд ва дар аввали соли 2009 ба Ню-Йорк кӯчид. Дар соли 2018 ба Исроил муҳоҷират кард ва дар Бат-Ям зиндагӣ мекард. Ӯ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет, дар саҳифаи Фейсбукии худ шеър навишта нашр мекунад.

Ҷонибеки Акобир Ҷонибеки ҚозибекСоли 1958 дар деҳаи Миденшарви ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷонибеки Қозибек  ба дунё омад.

Солҳои 1976-1978 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1978-1979 коргари совхози ноҳияи Шуғнон, солҳои 1979-1983 коргари Заводи нони Хоруғ, солҳои 1983-1989 муаллими мактабҳои ноҳия, солҳои 1989-1982 мудири шуъбаи рӯзномаи «Маърифати Шуғнон», солҳои 1992-2005 сармуҳаррири рӯзномаи «Шоҳдара»-и ноҳияи Роштқалъа ва, ҳамзамон, мудири шуъбаи иҷтимоӣ-фарҳангии дастгоҳи раиси ноҳия, солҳои 2005-2007 муҳаррири шуъбаи рӯзномаи вилоятии «Бадахшон», солҳои 2007-2011 сармуҳаррири рӯзномаи мазкур, аз соли 2011 то апрели 2012 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будааст. Аз апрели соли 2012 раиси комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Шеърҳояш аз соли 1980 чоп мешаванд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Тулӯи Офтоб» (2008), «Зикри хайр» (2009), «Киштии шеър» (2010), «Некқадами накӯқадам» (2012) ва ғайра мебошад.

Аълочии фарҳангу матбуоти Тоҷикистон (1996), дорандаи медали ҷашнии «100-солагии матбуоти Тоҷикистон» (2012), ду бор вакили маҷлиси маҳаллии ноҳияи Роштқалъа (1995-2000 ва 2000-2007).

Аз соли 1997 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2009 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1970 дар Пенриндидрит файласуф, мантиқдон, риёзидон ва ходими ҷамъиятии бритониёӣ Бертран Рассел, дар синни 97-солагӣ даргузашт. Ў барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1950 ба шумор мерафт.

Бертран Рассел файласуфи машҳури бритониёӣ, сиёсатмадор ва муаллифи осори насрӣ мебошад. Муҳаққиқон Бертран Расселро аз поягузорони неореализм (равияи идеалистии фалсафаи буржуазии асри ХХ); ва неопозитивизми бритониёӣ (неопозитивизм – яке аз равияҳои асосии фалсафаи ғарбии асри ХХ) ном мебаранд.

Асрҳои «Ибодати одами озод»(1903), «Мушкилиҳои фалсафа» (1910), «Моҳияти дин» (1012), «Тасаввуф ва мантиқ» (1914), «Санъати тафаккур» (1922), «Дин ва илм» (1935), «Оё ҳаёт баъди марг вуҷуд дорад?» (1936), «Таърихи фалсафаи Ғарб» (1945), «Мавҷудияти Худо» (1948), “Чаро ман масеҳӣ нестам” (1987) мансуби ўянд.

Кэрол Эмшвиллер
Соли 2019 дар Дарем, Каролинаи Шимолӣ нависандаи амрикоӣ, барандаи ҷоизаи Nebula Кэрол Эмшвиллер дар синни 97-солагӣ даргузашт.

Асари аввалинаш бо номи «Он чиро ишқ меноманд» соли 1955 аз чоп баромад. Ба қалами Кэрол Эмшвиллер шаш роман ва беш аз сад достони кӯтоҳе таалуқ дорад, ки дар тазкираҳо ва маҷаллаҳои сершумор нашр шудаанд ва охирини онҳо “Ман бо ту зиндагӣ мекунам” мебошад. Дар тӯли фаъолияти панҷоҳсолаи худ, Эмшвиллер ҷоизаи Nebula, Ҷоизаи Ҷаҳонии Фантастика ва Ҷоизаи Филипп Дикро ба даст овардааст.

Соли 2005 нависанда барои саҳмаш дар рушди жанри асарҳои тахайюлӣ  ҷоизаи ҷаҳонии тахайюлӣ сарфароз гардонида шуд. Соли 2007 романи дигари ӯ бо номи “Шаҳри махфӣ” нашр шудааст.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА