Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 21-уми март

Як-рузи-таърих-21-03-2024Соли 1763 дар Вунсидел нависанда ва ҳаҷвнависи олмонӣ ЖанПол ба олам омад. Жан Пол (Иоганн Пол Фридрих Рихтер) дар оилаи камбизоат ба воя расидааст. Ҳангоми таҳсил дар риштаи илоҳиёт дар Донишгоҳи Лейптсиг ба бисёр фанҳои дигар, аз ҷумла адабиёт таваҷҷӯҳ дошт.

Аввалин асари худ ҳаҷвияи «Мурофиаҳои Гренландия»-ро дар синни 20-солагӣ офаридааст.

Баъди ҳафт соли омўзгори оилавӣ кор кардан, рисолаи «Левана ё таълимоти тарбия»-ро омода кард, ки яке аз классикаи педагогикаи олмонӣ ба шумор меравад. Романи тарбиявии «Нишеми ноаён» ба Жан Пол шуҳрати адабӣ овард ва роҳи ҳаёти ояндаашро муайян кард.

Пас аз он ҳикояҳо ва романҳои ҳаррӯзаи ҳазломезу риққатовари «Геспер», «Ҳаёти Квинтус Фикслейн» ва «Гулҳо, меваҳо ва машаққат, ё Зибенкэз», «Муаллим Вуттс», «Соҳибҷашн» ва «Водӣ дар Кампане», ки ҳамдарди камбағалон ва бенавоён буданд,  рўйи чоп омаданд. Дере нагузашта Жан Пол нависандаи маъруф гардид.

Соли 1801 Жан Пол оиладор шуда, ба Майнинген кӯчид ва дар он ҷо  романи «Титан»-ро ба анҷом расонд.

Дар «Титан», чун дар «Солҳои нохуш» таъсири асари «Вилгелм Мейстер»-и Гёте ба назар мерасад.

Жан Пол соли 1804 асари асосии фалсафии «Мактаби тайёрии эстетика»-ро нашр кард, ки дар он нуқтаи назари худро ба санъат, махсусан назм инкишоф дод. Дар байни асарҳои минбаъдаи Жан Пол романҳои «Сафари доктор Катсенбергер ба об» ва «Селина ё рўҳҳои ҷовид»-ро бояд ном бурд.  Вале романи охирини ў «Комета» нотамом монд. Жан Пол 14 ноябри соли 1825 дар Байройт вафот кард.

Роберт СаутиСоли 1843 дар Кесвик шоири англис  Роберт Саутӣ, намояндаи «мактаби кӯл» дар синни 68-солагӣ даргузашт.

Саутӣ дар Мактаби Вестминстер ва Оксфорд таҳсил карда, дар он ҷо бо Колеридж вохӯрд. Вай дар айёми ҷавонӣ мафтуни  ғояҳои инқилоби Фаронса шуда, драмаи «Уот Тайлер»-ро дар руҳияи инқилоб эҷод кард. Бисёр сафар кардааст, дар Испания ва Португалия зиндагӣ мекард.

Саути 5 шеъри бузурги тавсифӣ эҷод кардааст, ки ҳар кадоме ба сужа аз асотири халқҳои гуногун асос ёфтааст: «Талабаи харобкор» (1801), «Мэдок» (1805), «Лаънати Кехама» (1810), «Родерик, готи охирин» (1814), «Хаёли маҳкама» (1821).

«Родерик» муваффақтарин асари эпикии Саути аст, ки он дар бораи  муборизаи масеҳиён бо Мурҳо нақл мекунад. Дар ин шеър шавқу ҳавас ва ҳаракат хеле зиёд аст; болоравии ҳиссиёти ватандўстӣ зебо тасвир ёфтааст.

Соли 1871 дар Санкт-Петербург, нависандаи халқии рус Фёдор Решетников дар синни 29-солагӣ аз варами шуш вафот кард.

Аз соли 1847 дар мактаби ибтидоӣ, баъд дар омўзишгоҳи  Перм таҳсил кардааст. Аввалин асари пурмазмунаш очерки этнографӣ оид ба ҳаёти киштикашон «Подлиповтсицы» мебошад, ки дар маҷаллаи «Современник» (1864) чоп шудааст. Дар романҳои нотамоми «Конканҳо» (1866), «Глумовҳо» (1866-1867; нашри алоҳида 1880), «Куҷо беҳтар аст?» (1868), очеркҳои «Аспҳои корӣ», «Дар роҳи калон» (1866), «Очерки ҳаёти қафомонда» (1867) рўзгори коргарони кўҳканро тасвир кардаанд. Бори аввал дар адабиёти рус ӯ коршиканиро тавсиф кардааст.  Ҳикояи «Дастпарвар» (1864), повести тарҷумаиҳолии «Миёни мардум» (1865) ва романи «Нони худ» (1870), ки ба озодии занон бахшида шудааст мансуби ўянд.

Соли 1920 дар Кастелионс нависандаи ирландӣ ва коҳини католикӣ Пидар ОЛири, яке аз асосгузорони адабиёти муосири ирландӣ, дар синни 80-солагӣ даргузашт.

маргарет махиСоли 1936 дар Факатан нависандаи Зеландияи Нав Маргарет Махи, муаллифи романҳо барои кӯдакон ва ҷавонон, барандаи Ҷоизаи Г. Х. Андерсен ба дунё омад.

Падари вай пулсоз буд ва аксар вақт ба фарзандонаш қиссаҳои саргузаштӣ мегуфт, ки баъдтар ба  эҷодиёти Махи таъсир расониданд. Маргарет миёни панҷ фарзанд аввалин буд, аз хурдӣ тасаввуроти фавқуллода дошт ва қисса карданро дӯст медошт ва баъзан воқеият ва афсонаҳоро омехта мекард. Вай бори аввал кӯшиш кард, ки дар синни ҳафтсолагӣ китоб нависад ва дар натиҷа достони «Гаррии бадкирдор» дар рӯзномаи маҳаллӣ нашр шуд.

Махи соли 1955 дараҷаи бакалаврро дар Донишгоҳи Окленд ва Донишгоҳи Кентербери ба даст овард ва сипас дар соли 1956 Мактаби Китобхонаи Зеландияи Навро дар Веллингтон хатм кард. Вай китобдор шуда кор мекард. Соли 1969 китоби аввалини Маргарет Махи «Шер дар марғзор» дар ИМА ва Британияи Кабир нашр шуд ва баъдан китоби дигараш «Аждаҳо дар оилаи одӣ» бо тасвирҳои Ҳелен Оксенбери нашр шуд, ки онро беҳтарин китоби тасвирии кӯдаконаи сол эътироф карданд ва он медали Гринвейи китобдорони бритониро сазовор шуд. Соли 1983 дар ИҶШС филми «Аждаҳо дар оилаи одӣ» ба намоиш гузошта шуд.

Дар солҳои 1980-ум, Маргарет кори худро дар китобхона тарк кард ва худро ба эҷодиёт бахшид. Махи доктори фахрии адабиёт дар Донишгоҳи Кентербери буд, ки дар соли 1985 стипендияи Маргарет Махиро таъсис додааст. Нависанда барои саҳмаш дар адабиёти бачагона бо мукофоти олии пуршарафи кишвар – ордени Зеландияи Нав мушарраф гардид. Аз соли 1991 инҷониб, Фонди кӯдаконаи Зеландияи Нав медали Маргарет Махиро барои эътирофи аъло дар адабиёти кӯдакон, нашр ва таблиғи саводнокӣ тақдим мекунад.

Маргарет Махи 23 июли соли 2012 дар Крайстчерч вафот кард.

Чарлз Кей Огден Соли 1957 дар Лондон нависанда, файласуф ва забоншиноси англисӣ Чарлз Кей Огден, созандаи забони байналмилалии сунъии Basic English, дар синни 67-солагӣ даргузашт.

Китобҳое, ки ӯро машҳур гардонданд «Basic English Text Books: ABC of Basic English» ва «Basic by Examples» ба шумор мераванд.

Сирил Майкл КорнблатСоли 1958 дар Ню-Йорк нависандаи асарҳои жанри тахайюлии амрикоӣ, барандаи ҷоизаи ретроспективии Ҳуго Сирил Корнблат дар синни 34-солагӣ аз сактаи қалб аз дунё гузашт.

Сирил Корнблат дар Ню Йорк таваллуд шуда ба воя расидааст. Замони дар Донишгоҳи Чикаго таҳсил карданаш,  ҷанг сар шуд ва ў ба ҷабҳа рафт. Пас аз ҷанг то маргаш рӯзноманигор буд.

Дар соли 1940 Корнблати 16-сола аввалин ҳикояи худро ба муҳаррир ва дӯсти худ, ҳаммуаллифи ояндааш Фредерик Пол фурӯхт ва бо ин ҳамкории пурсамари дарозмуддати онҳо оғоз шуд. Баъзе романҳои онҳо дар якҷоягӣ марҳалаҳои муҳими адабӣ гардиданд, бахусус «Тоҷирони кайҳон» (1952) ва «Синдик» (1953). Дар соли 1986,  «Синдик» ҳамчун беҳтарин романи тахайюлии  классикӣ ҷоизаи Прометейро сазовор гашт. Корнблат дар давоми умри худ танҳо 56 ҳикояро худаш эҷод кардааст, боқимондааш дар ҳаммуаллифӣ бо дигарон. Чортои онҳо ба ҷоизаи Ҳуго пешбарӣ шуданд: «Назарияи ракетасозӣ», «Киштӣ-акула», «Расидан ба канали дувоздаҳум» ва «Вохӯрӣ». Ҳикояи охирин соли 1973 ҷоизаи  Ҳугоро сазовор шуд. Пас аз марги ҳаммуаллифаш Фредерик Пол солҳои тӯлонӣ ба навиштан ва нашри асарҳои муштарак идома дод. Илова бар ин, достони «Ҷомадони сиёҳ» дар соли 2001 барои беҳтарин достони соли 1950 ҷоизаи «Ретро-Ҳуго»-ро гирифт. Ба ғайр аз Фредерик Пол, Корнблат бо ҳамсараш Ҷудит Меррил (бо тахаллуси Сирил Ҷудд), Роберт Лоундес, Ричард Вилсон ва Доналд Воллхайм дар ҳаммуаллифӣ асар эҷод кардааст. Корнблат дар як муддати кутоҳ дар махзани асарҳои жанри илмӣ-тахайюлӣ саҳми калон гузошт. Агар дар синни 35-солагӣ марг ўро аз мо ҷудо намекард, бо қалами ин нависанда чӣ асарҳои боҳашамате  эҷод мешуд.

Чинуа АчебеСоли 2013 дар Бостон нависандаи нигерия  Чинуа Ачебе, барандаи Ҷоизаи байналмилалии Букер (2007), дар синни 82-солагӣ вафот кард.

Ачебе Чинуа соли 1930 дар Алберт Чинуалумогу Ачебе ба дунё омадааст. Соли 1953 Коллеҷи донишгоҳии Ибаданро хатм кардааст. Чинуа Ачебе бо нашри аввалин китоби худ, ки дар соли 1958 бо номи «Ҳама чи барбод мешавад» маъруфият пайдо кард. Он ба 57 забон тарҷума ва бо теъдоди умумии зиёда аз 20 миллион нусха нашр шудааст. Роман трилогияи машҳури Ачеберо кушод, ки дар бораи таъсири урфу одатҳои ғарбӣ ба тарзи ҳаёти аҳолии бумии Африқо накл мекунад.

Соли 2007  нависанда барои саҳмгузорӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ сазовори ҷоизаи байналмилалии Букер гардид.

Соли 2022 дар Тампа (Флорида, ИМА) насрнависи шӯравӣ, шоир ва филмноманавис, барандаи ҷоизаи олмонии Пушкин Юз Алешковский дар синни 92-солагӣ даргузашт.

Номи аслиаш Иосиф Ефимович Алешковский мебошад, Юз лақабаи бачагиаш буд, ки тахаллуси нависанда шудааст. Иосиф Алешковский дар оилаи афсар таваллуд шудааст. Соли 1940 ҳамроҳи қисми низомии падараш дар Латвия буд ва пеш аз ҷанг ба Маскав баргашт. Дар соли 1947 Алешковский ба Флоти Ҳарбии Баҳрӣ даъват шуда, дар Шарқи Дур хидмат кард. Барои дуздидани мошини котиби кумитаи вилоятии Приморск дар соли 1949 вай ба муддати 4 сол аз озодӣ маҳрум гардид ва он ҷо дар лагер хидмат мекард. Баъди озод шуданаш дар ҷойҳои гуногун кор мекард ва ба навиштани таронаҳо бар ашъори худ машғул шуд. Аз соли 1965 Алешковский бо эҷодиёт рўзи худро мегузаронд. Романҳои худро аз номи ровиёни табақаҳои поёнии ҷамъият менавишт. Дар баробари ин дар тасвири воқеияти шўравӣ аксаран тахайюл ва муболиға  омехта мешуд. Вай яке аз муассисони иттиҳодияи ғайрирасмии «БаГаЖ» буд, ки ба он А.Г.Битов, Б.А.Аҳмадулина ва М.М.Жванетский шомил буданд. Дар байни сурудҳои ашъори ў, машҳуртаринаш «Рафиқ Сталин, ту олими бузург ҳастӣ» мебошад.

Пас аз нашри матнҳои таронаҳои «лагерӣ» дар алманахи «Метропол» маҷбур шуд, ки муҳоҷират кунад ва соли 1979 ӯ ҳамроҳи оилааш тавассути Австрия ба ИМА рафт ва он ҷо дар иёлати Коннектикут  зиндагӣ мекард.

Муаллифи романҳо, ҳикояҳо, филмномаҳост. Китобхои бачагонаи нависанда борҳо аз нав чоп шуда, бо теъдоди зиёд нашр мешаванд.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА