Сухани табрикотии Директори Китобхонаи Миллӣ бахшида ба ҷашни Байналмилалии Наврӯз

Ҷумахон ФайзализодаҲамватанони азиз,

Пеш аз ҳама мардуми саодатманди Тоҷикистонро аз номи маъмурият ва кормандони Китобхонаи миллӣ ба расидани тозатарин пайки Наврӯзӣ табрик гуфта, бароятон саломативу сарсабзӣ, хонаободиву осудаҳолӣ ва дар кору пайкоратон комёбиҳои беназир таманно менамоям!

Ҳанӯз аз давраи пайдоиш то ба имрӯз Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ѓояҳои олии башардӯстонаи хеш – дӯстиву рафоқат, ҳамкориву ҳамбастагӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои фаровони табиат мардумро гирди ҳам меорад. Ба ибораи дигар Наврӯз ҷашнест, ки таҷассумгари урфу одат ва анъанаи чандҳазорсолаи мардуми ориёитабор буда, рамзи зиндашавии табиат, айёми кишту кори пурсамар ва меҳнати созандаи инсонӣ мебошад.

Хушбахтона, миллати тамаддунофари тоҷик тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба эҳёи дубораи расму оинҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги куҳани хеш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Ин аст, ки ҷашни Наврӯз имрӯзҳо бо тамоми суннат ва анъанаҳои деринаи худ бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мешавад. Боиси ифтихори мардуми фарҳангдӯсти тоҷик аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият эътироф гардида, ба он мақоми байналмилалӣ дода шудааст, ки ин њама аз заҳматҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Боиси ифтихор аст, ки муҳимтарин суннату таомулҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бо нақшаву ниятҳои нав оѓоз намудани кору зиндагӣ, пок кардани қалбҳо аз кинаву кудурат, поксозии ҷиҳозу асбоби хона, аёдати пирону беморон, дастгирии ятимону эҳтиёҷмандон, шинонидани ниҳолҳо, донапошӣ ва ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар ин шабу рӯзҳои ҷашн ба таври оммавӣ аз ҷониби аҳолӣ дастгирӣ меёбад.

Бигзор Наврӯзи имсола низ барои мову шумо наврӯзи шодирасон ва фатҳу нусратҳои бузург бошад ва ба хонаву кошонаи ҳар кадоми мо пайки иқбол ва бахту саодати тоза орад!

Наврӯзатон муборак бод, ҳамватанони азиз!