Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 22 – уми декабр
Соли 1792 дар деҳаи Шаёво, ноҳияи Кологривскии вилояти Кострома, шоир, намоишноманавис, адабиётшинос, мутарҷим, арбоби театр ва муаллифи доимии «Литературная газета», Павел Катенин ба дунё омад.
Вай пеш аз Ҷанги Ватании соли 1812 ба нашри эҷодиёташ шуруъ кардааст («Гулбоғ», 1810). Павел асарҳои назмии Бион, Гесснер, Виржил, Гёте, Ф.Шиллер, Ариосто, «Романсҳои дар бораи Сид»-и Гердер ва сурудҳои алоҳидаи «Ада»-и Данте ва Оссианро тарҷума кардааст. Катенин яке аз ҷараёнҳои романтизми декабристиро сарварӣ мекард. Соли 1815 манзумаҳои «Наташа», «Қотил», «Ғўли ҷангал», соли 1816 «Олга» (тарҷумаи озоди қиссаи Г. А. Бургер «Ленора»)-ро нашр кард. Охирӣ бо усулҳои бадеии худ аз ашъори карамзинчиён ва В.А.Жуковский ба куллӣ фарқ мекунад, ки он боиси баҳсу мунозира гардид.
Вай дар баробари В.К.Кухелбекер яке аз наздиктарин шарикони адабии А.С.Грибоедов буд; мазҳакаи «Донишҷӯ» (1817) самараи кори муштараки Грибоедов ва Катенин ҳисобида мешавад, гарчанде, ки ба ақидаи баъзе муосирон, нақши Катенин дар эҷоди песа танҳо таҳрир буд.
Солҳои 1810-1820 барои театр асарҳои бисёр навиштааст, аз ҷумла, дар ҳамин давра бо қалами ў асарҳои Ж.Расин, П.Корней ва дигар намоишноманависони франсавӣ ба вуҷуд омадаанд. Ягона фоҷиаи аслии Катенин «Андромаха» соли 1827 ба саҳна гузошта шуда буд. Ў ҳамчун устоди театр низ баромад мекард. Ёддоштҳои ӯ дар бораи Пушкин танҳо соли 1934 нашр шудаанд.
Катенин дар инкишофи театри рус, ҳамчун намоишноманавис, тарҷумон, мунаққид ва коргардон нақши калон бозид.
Шоир 23 май (4 июни соли 1853) дар зодгоҳаш Шаёво вафот кард.
Соли 1876 дар Искандария нависандаи итолиёвӣ Филиппо Маринетти, асосгузори футуризми итолиёвӣ (футуризм –ҷараёни шаклпарастонае, ки дар санъат ва адабиёт дар ибтидои асри ХХ дар Италия ба вуҷуд омада буд ва рӯҳияи буржуазияро ифода мекард) ва яке аз идеологҳои фашизм ба дунё омад.
Дар Искандария ва Порис таҳсил карда, маълумоти олии ҳуқуқӣ гирифтааст. Аммо ў ҳеҷ гоҳ аз рўи ихтисосаш кор накарда, худро ба кори эҷодӣ бахшид. Маринетти эҷодиёти худро ҳамчун шоири шеъри озод оғоз кард.
Соли 1909 аввалин «Манифести футуризм»-и худро нашр кард, ки дар он барномаи эстетикии авангардӣ бо як қатор нуктаҳои идеологӣ: раҳоӣ аз «маданияти мурда»-и замони гузашта, аз меъёрҳои башардӯстӣ, эҷоди «адабиёти динамикӣ» иборат буд. Маринетти созандаи як қатор манифестҳо аз қабили: «Нури Моҳро бикушем» (1909), «Манифести футуристӣ дар бораи ҷанги Италия-Туркия» (1911), «Манифести техникии адабиёти футуристӣ» (1912), «Барномаи сиёсати ояндасоз» » (1913). Дар миёни онҳо «Манифести ошхонаи футуристӣ», то андозае ба модернизм (модернизм номи умумии чанд равияҳои санъат ва адабиёти буржуазии охири асри 19 ва аввали асри 20-кубизм, дадаизм, футуризм ва ғ., ки зуҳуроти таназзули санъати буржуазӣ мебошанд) бахшида шудааст.
Соли 1910 романи «Мафаркаи ояндасоз»-ро нашр кард.
Соли 1910 дар шаҳри Аткарски вилояти Саратов шоири руси аҳли Тоҷикистон Николай Лесной (Семёнов Николай Иванович) зода шуд. Соли 1930 мактаби агротехникҳои колхозро тамом карда, дар совхози гиёҳҳои шифобахши Аткарск агрономӣ кардааст. Соли 1937, пас аз адои хидмати ҳарбӣ, ба шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) омада, чанд вақт дар корхонаи шоҳибофӣ лаборант будааст. Баъдан ба рӯзноманигорӣ шуғл варзида, дар рӯзномаи «Ленинабадская правда» вазифаҳои ходими адабӣ, мудири шуъба ва котиби масъулро бар уҳда доштааст.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, дар муҳорибаҳои назди Курск захмӣ шудааст. Баъди ҷанг фаъолияташро дар рӯзномаи «Ленинабадская правда» идома додааст.
Аввалин ашъораш солҳои сиюми асри гузашта дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд.
Муаллифи маҷмӯаҳои «Шеърҳо» (1961) ва «Насими Сирдарё» (1965) мебошад.
Бо нишонҳои ҷангӣ мукофотонида шудааст.
Аз соли 1959 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 1967 аз олам даргузашт.
Соли 1936 дар Маскав, нависандаи шӯравӣ Николай Островский дар синни 32-солагӣ, аз бемории домана даргузашт.
Нависанда Николай Алексеевич Островский 16 сентябри соли 1904 дар деҳаи Вилия (Украина) таваллуд шудааст. Вай дорои қобилиятҳои фавқуллода буд ва зеҳни хеле хуб дошт. Барвақт ба мактаби маҳалла дохил шуда, дар синни 9-солагӣ онро бо баҳои аъло хатм кард.
Дере нагузашта оилаи Островский ба Шепетовка кӯчиданд. Дар он ҷо аз соли 1916 нависандаи оянда коргари одӣ шуда, дар як вақт аввал дар мактаби дусола ва баъд дар мактаби олии ибтидоӣ мехонд. Дар соли 1919 баъди хатми омўзишгоҳ ба сафи комсомол дохил шуда, ихтиёрӣ ба фронт рафт.
Тобистони соли 1920 Островский дар ҷангҳо захм бардошт ва аз сафи артиш озод шуд. Ба хона баргашта, дар омӯзишгоҳи электротехникӣ таҳсил ва дар баробари ин аз рўи ихтисоси худ кор мекард.
Соли 1922 замоне, ки дар сохтмони роҳи оҳан иштирок мекард, ба бемории домана гирифтор шуд. Ҷароҳати ҷанг ва беморӣ саломатии Островскийро хеле хароб кард, аз ин рӯ, аз соли 1927 то охири умр бистарӣ буд.
Маҳз ҳамин давра дар эҷодиёти нависанда самарабахштарин гардид. Соли 1930 дар Сочи маскан гирифта, ба эҷоди романи «Чи тавр пӯлод обутоб ёфт» оғоз кард. Баъди ба охир расидани асар Островский онро ба маҷаллаи «Молодая гвардия» фиристод, вале ба дастнавис аз ҷониби мутахассисон баҳои паст дода шуд.
Муаллиф аз нав тақриз навишт. Пас аз ин, дастнавис ба таҳрири ҷиддӣ дучор шуд, аммо дар ниҳоят, дар соли 1932, роман дар ҳамин маҷалла нашр мешавад. Қисми якуми асар ҳамчун китоби алоҳида ва баъдан қисми дуюм ба табъ расид. Роман дар ИҶШС дарҳол шўҳрат пайдо кард.
Соли 1935 Островский бо ордени Ленин мукофотонида шуд. Илова бар ин, ба ӯ дар Сочи ҳавлӣ ва дар Маскав хона доданд.
Островский моҳҳои охири умраш дар иҳотаи ҳама наздикону ҳаводоронаш буд. Нависанда ваъда дода буд, ки ба эҷоди романи нави «Зодаи тӯфон» шурӯъ мекунад, аммо танҳо қисми аввали онро ба охир расонд, зеро 22 декабри соли 1936 дар манзилаш дар Маскав даргузашт.
Соли 1937 дар Егоревски вилояти Маскав нависанда, намоишноманавис ва филмноманависи рус Эдуард Успенский ба олам омад.
Эдуард Николаевич Успенский муаллифи китобҳои кӯдакона ва барандаи телевизионӣ ҳам буд. Соли 1955 баъди хатми мактаб ба институти авиатсионии Маскав дохил шуд. Дар солҳои донишҷӯӣ ба навиштани шеъру фелетонҳо шурӯъ кард, ки дар рӯзномаи девории донишкада чоп мешуданд ва аз соли 1960 инҷониб нависанда онҳоро дар маҷмӯаҳои эстрадӣ, ҳафтаномаи «Неделя» ва маҷаллаи «Крокодил» чоп мекунад.
Соли 1965 нашриёти «Адабиёти бачагона» аввалин китоби Эдуард Успенский – маҷмуаи ашъори «Филчаи хандаовар»-ро аз чоп баровард. Соли 1966 нашриёти «Искусство»-и Москва маҷмуаи ҳикояҳои ҳаҷвии «Чор кас зери як муқова»-ро нашр кард. Дар худи ҳамон сол афсонаҳои «Тимсоҳ Гена ва дўстони ў» аз чоп баромад. Қаҳрамонҳои онҳо – тимсоҳ Гена ва Чебурашка дар ИҶШС ва берун аз он шўҳрати калон пайдо карданд.
Соли 1974 Эдуард Успенский афсонаи «Амак Федор, Саг ва Гурба»-ро нашр кард. Қаҳрамони асосии он кӯдаки шашсола буд, ки аз сабаби хеле мустақил буданаш ўро Фёдор-амак меномиданд. Дар асоси ин асар режиссёр Владимир Попов филмиҳои тасвирии «Се кас аз Простоквашино», «Таътил дар Простоквашино» ва «Зимистон дар Простоквашино»-ро ба навор гирифт. Аз рўи китобҳои Успенский «Он ҷо, бо роҳҳои номаълум», «Соли бачаҳои хуб» филмҳои бадеӣ ба навор гирифта шудаанд. Успенский дар офаридани барномаҳои машҳури телевизионӣ, монанди «Шаб ба хайр, бачаҳо!», «АБВГДейка», «Радиомураббӣ» ва «Киштиҳо ба бандари мо омаданд» иштирок кардааст.
Эдуард Успенский 14 августи соли 2018 дар деҳаи Пучково дар манзили худаш даргузашт.
Соли 1940 дар Эл Сентро нависандаи амрикоӣ Натанаэл Уэст дар синни 37-солагӣ дар натиҷаи садамаи автомобилӣ даргузашт.
Натанаэл Уэст муаллифи романҳои «Рўъёҳои Балсо Снелл» (1931), «Миллион» (1934), «Рӯзи малах» (1939, соли 1975 аз рўйи он филм ба навор гирифта шудааст), достони «Дӯсти мотамдорон» ( 1933, солҳои 1945, 1958, 1983 аз рўйи он филм ба навор гирифта шудааст) мебошад.
Уэст дар тӯли умри худ на дар адабиёт ва на дар ҷаҳони синамо, боқадр набуд, танҳо пас аз нашри насри мукаммалаш дар соли 1957 машҳур гардид. Ҳаролд Блум достони «Дӯсти мотамдорон» -и ўро ба дастовардҳои баландтарини санъати Амрико дар асри ХХ унвон кардааст.
Соли 1943 нависандаи кӯдаконаи англис Беатрикс Поттер вафот кард. Беатрикс Поттер нависанда ва рассоми машҳури англис, муаллифи «Харгӯш Питер» ва дигар афсонаҳои машҳур аст, ки худаш онҳоро тасвир кардааст.
Волидайни ӯ Руперт ва Ҳелен Поттер буданд ва аслан аз тиҷорати пахта зиндагии худро пеш мебурданд. Пас аз шаш соли таваллуди Беатрикс, бародараш Бертрам таваллуд шуд. Аз кӯдакӣ Беатрикс расмкаширо дӯст медошт ва албомҳоро бо расми ҳайвонот ва растаниҳо пур мекард.
Беатрикс Поттер на танҳо афсона эҷод мекард ва онҳоро тасвир мекард, вай инчунин тавассути микроскоп занбурўғ ва гулсангҳоро ба таври ҷиддӣ меомӯхт. Ҳатто як мақолаи илмӣ ҳам навишт, ки баъдтар ба Ҷамъияти Линней пешниҳод гардид.
Аммо нависандаи оянда афсонаи аввалини худро хеле дертар эҷод кард. Дар номае, ки Беатрикс ба писари мураббияи собиқаш навишт – харгӯш Питер комилан тасодуфан пайдо шудааст. Пас аз чанд сол Беатрикс Поттер тасмим гирифт, ки ин афсонаро нашр кунад. Бо вуҷуди ин, барои муддати тӯлонӣ чопи онро рад карданд ва билохира ширкати нашриёти Фредерик Уорн ва Ко розӣ шуд, ки афсонаи «Харгўш Питер»-ро чоп кунад. Пас аз муваффақияти китоби аввал нашрияҳои дигар пайдо шуданд.
Беатрикс ҳар сол як ё ду китоб нашр мекард. Пас аз чанд сол, Беатрикс Поттер бо адвокат Вилям Ҳелис издивоҷ кард. Аз соли 1920 биноии нависанда бад шудан гирифт, бинобар ин вай дигар китобҳои худро тасвир карда наметавонист. Нависанда дар синни ҳафтоду ҳафтсолагӣ ба бемории шадиди илтиҳоби шуш гирифтор шуда, чанде пас аз олам даргузашт.
Дар маҷмуъ, Беатрикс Поттер бисту се китоб навишт, ки танҳо ношири ў ба онҳо ҳуқуқ дорад.
Соли 1947 дар Маскав шоир, нависанда, дигарандеши рус Вадим Делоне, иштирокчии намоиши 25 августи соли 1968 дар Майдони Сурхи Маскав ба дунё омад.
Вадим Делоне дар оилае таваллуд шудааст, ки таърихи илмии тӯлонӣ дорад: падараш Николай Борисович Делоне физикдон, доктори илмҳои физика – математика, бобояш – риёзидони машҳур, узви вобастаи Академияи илмҳои СССР Борис Николаевич Делоне, бобокалонаш – риёзидони рус Николай Борисович Делоне мебошад.
Вай дар мактаби миёнаи рақами 586-и шаҳри Кадашӣ, баъд дар омўзишгоҳи махсуси риёзии рақами 2-и Москва таҳсил карда, аз он ҷо мактаби шабонаро ба сифати донишҷўйи экстернат хатм кардааст. Ӯ дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Маскав ба номи Ленин таҳсил карда, соли 1966 барои ширкат дар ҳаракати ҳуқуқи башар аз он ҷо хориҷ карда шуд. Мухбири ғайриштатии «Литературная газета» шуда кор мекард.
Вадим Делоне аз 13-солагиаш шеър менависад. Шеърҳои аввалини Делоне дар «Самиздат» чоп мешуданд ва баъзеи онҳо берун аз кишвар паҳн гаштанд. 8 июни соли 1968 рӯзномаи «Вечерний Новосибирск» мақолаи «Дар оинаи каҷ»-ро ба табъ расонд, ки дар он ашъори Делоне барои «воқеияти шӯравиро таҳриф кардан» ба интиқодҳо рў ба рў шуд. К.И.Чуковский дар мактуби ба бобои Делоне навиштаи худ шеърҳои ўро «решаи пурқуввати назмӣ», «парешонии ҳиссиёт» ва баъзан шакли «баркамол ва бадеӣ»-ро таъкид кардааст. Соли 1979 маҷаллаи «Эхо»-и Порис порчаеро аз достони Делоне дар бораи лагер «Портретҳо дар чорчӯбаи хордор»-ро нашр кард. Соли 1984 баъди вафоташ маҷмуаи «Шеърҳо ва солҳои 1965-1983» нашри алоҳидаи повестҳояш баромад. Аз соли 1989 дар ИҶШС шеърҳои ӯ ба табъ расида, соли 1993 достони «Портретҳо дар чорчӯбаи хордор» дар Омск дубора ба табъ расид. Моҳи ноябри соли 1975 Вадим Николаевич бо ҳамсараш аз ИҶШС муҳоҷират кард. Пас аз муҳоҷирати маҷбурӣ, ӯ дар Порис зиндагӣ мекард, ба навиштан ва ҳимояи ҳуқуқи башар идома медод. Вадим Делоне 13 июни соли 1983 дар хоб аз бемории қалб вафот кард ва дар Фаронса ба хок супурда шуд.
Дар Ғарб пас аз марги Вадим китоби насрии «Портретҳо дар чорчӯбаи хордор», ки бо ҷоизаи адабии «Дал» сазовор дониста шудааст
Соли 1954 дар Рига нависанда ва рӯзноманигори руси латиш Андрей Левкин, барандаи Ҷоизаи ба номи Андрей Белий (2001) таваллуд шуд.
Аз соли 1987 корманди пешбар ва то соли 1994 сардабири нашрияи русии маҷаллаи ҳармоҳаи адабию бадеӣ ва ҷамъиятию сиёсии «Родник» буд. Дар соли 1994 ин нашрия ҷоизаи хурди Букерро ҳамчун “беҳтарин маҷаллаи адабии русзабон” гирифт. Дар ибтидои солҳои навадум Левкин дар телевизиони Русия дар Латвия кор мекард ва пас аз кӯчидан ба Маскав дар соли 1998 ба лоиҳаҳои интернетии «SMI.ru» ва «Polit.ru» роҳбарӣ кардааст.
Насри Левкин ба забонҳои англисӣ, булғорӣ, лаҳистонӣ, олмонӣ ва финландӣ тарҷума шудааст. Соли 2001 барои маҷмӯаҳои ҳикояву повестҳои «Дугоникҳо» ва «Ишқи лулӣ» барандаи ҷоизаи Андрей Белий дар бахши наср гардид.
Соли 1956 дар Форт-Гордон нависандаи амрикоӣ Персивал Эверетт, профессори фахрии забони англисӣ дар Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ, ба дунё омад.
Персивал Эверетт ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи Браун аввалин романи худро бо номи ” Suder ” (1983) дар бораи Крейг Шудер навишт. Романи дуюми Эверетт ” Walk Me to the Distance ” (1985) муҷиби офаридани филми телевизионии ABC “Пайравӣ дили худ“ шудааст. Китоб дар бораи Дэвид Ларсон, ки аз Ветнам баргаштааст, нақл мекунад. Пас аз як сол, романи «Cutting Lisa» нашр шуд.
Соли 1987 Эверетт маҷмуаи ҳикояҳои «Ово ва занон ба ман одилона муносибат мекунанд» нашр кард. Пас аз се сол, ӯ ду китоб «Zulus» ва «To Her Dark Skin»-ро нашр мекунад. Ў ҳамчун нависандаи кӯдакон ҳам шинохта шуда, китоби мусавварро барои хонандагони хурдсол бо номи “Оне, ки дур шуд” нашр кард. Соли 1996 романи «Ҳавзаи об» ва маҷмӯаи дуюми ҳикояҳо бо номи «Расми калон» ба табъ расид. Дар худи ҳамон сол, романи «Frenzy» ба табъ расид.
Соли 1999 романи «Глиф» дар рафи китобҳо пайдо шуд, ки дар бораи достони аҷиби Ралфи хурдакаки бозеҳну хирад, нақл мекунад.
Аввалин романи Эверетт «Grand Canyon, Inc» ва инчунин романи «Erasure»-ро дар соли 2001 нашр шудаанд.
Дар соли 2004 романи номанигории “Таърихи мардуми африқоӣ ва амрикоӣ аз ҷониби Стром Турмонд», ки дар якҷоягӣ бо Ҷим Кинкайд навишта шудааст, нашр шуд. Инчунин дар соли 2004, маҷмӯаи ҳикояҳои «Grand Canyon» ва романи «Биёбони Амрико» ба табъ расид.
Соли 1985 дар Қазон шоир, намоишноманавис ва рассоми рус Дана Сидерос (номи аслиаш Мария Викторовна Кустовская) таваллуд шуд.
Аз соли 1987 бо оилааш ба ИҶШС кӯчид ва аз соли 2003 дар Маскав ба сар мебарад. Вай аз соли 2005 то 2011 бидуни ифшои номи аслиаш ва ошкор кардани худ дар шабакаи ҷаҳонии интернет шеърҳояшро бо тахаллус нашр мекард. Тамоми эҷодиёташ дар ин давра бо тарҷумаи ҳоли сохтаи шоираи булғорӣ Данута Сидерос муаррифӣ мешуданд.
Дана Сидерос барандаи ҷоизаи Нова дар ҷашнвораи «Словонова», ки дар Перм соли 2013 баргузор шуд, ба шумор меравад. Дар соли 2014 вай бо намоишномаи “Девори зинда” дар бахшии “Намоишнома” ба рӯйхати тӯлонии Ҷоизаи Дебют шомил гардид.
Соли 1989 дар Порис нависанда, шоир ва намоишноманависи ирландӣ, яке аз асосгузорони театри музахраф, барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт дар соли 1969, Сэмюэл Беккет (Samuel Barclay Beckett) дар синни 83-солагӣ вафот кард.
Самуэл Бекетт 13 апрели соли 1906 дар шаҳраки хурди Фоксрок дар наздикии Дублин, Ирландия таваллуд шудааст. Падар – Вилям Фрэнк Бекетт дар тиҷорати сохтмон кор мекард, модараш – Мария Бекетт духтари тоҷири хеле сарватманд буд. Бекетҳо як оилаи сарватманди протестантӣ аз англо-ирландӣ буданд, гарчанде насаби “Бекетт” решаҳои норманӣ дорад. Волидайн ба тарбияи Бекет аҳамияти ҷиддӣ медоданд, ў аввал дар мактаби хусусӣ, баъд дар мактаб-интернати Эрлсфорт дар Эннискиллен таҳсил кард.
Аз соли 1920 то соли 1923 таҳсилашро дар Мактаби шоҳии Портор дар Ирландияи Шимолӣ идома дод. Дар соли 1923 Бекетт ба Коллеҷи машҳури Тринити Дублин дохил шуда, он ҷо фаъолона забони англисӣ ва адабиёти муосири Аврупо, фаронсавӣ ва итолиёвиро омӯхт. Дар давоми солҳои 1925-1926 Бекет бисёр саёҳат мекунад, бори аввал ба Фаронса ва Италия, ба он кишварҳое, ки фарҳангашон ба эҷодиёти нависанда бештар таъсир расонидааст, сафар мекунад. Соли 1927 соҳиби унвони бакалаври забонҳои муосир гардид. Бо тавсияи устоди худ, Бекет вазифаи омўзгори забони англисӣ ва фаронсавӣ дар Коллеҷи Кемпбелл, Белфастро мегирад. Таҷрибаи омўзгорӣ нависандаи ояндаро ноумед мекунад. Дар нимаи аввали соли 1932 Бекет дар болои аввалин асари насрии худ – романи «Орзуи занони зебо ва на он қадар» кор кард. Роман аз ҷониби ҳамаи ноширон рад шуд ва танҳо пас аз марги нависанда дар соли 1992 нашр шуд.
Асарҳоеро, ки ба нависанда шўҳрат оварданд: намоишномаи «Интизори Годо», романҳои «Моллой», «Маллон мемирад» ва «Беном» мебошанд.
Аз соли 1951 то соли 1953 романи сегонааш чоп шуд, ки Бекеттро ба яке аз нависандагони маъруфи асри ХХ табдил дод. Дар соли 1958 Бекетт ба эҷоди “Банди охирини Крапп” оғоз кард. Дар ибтидои солҳои 1960-ум Бекет аслан ба эҷоди драма ва таҳияи песаҳои телевизионӣ машғул шудааст. Соли 1969 нависанда барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт гашт.
Таҳияи Сафаргул Ҳусайнова