Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 27 – уми сентябр
Соли 1627 нависанда, усқуф ва илоҳидони фаронсавӣ Жак Боссюэ ба дунё омад. Падару модараш тасмим гирифтанд барои фарзанди панҷумшон дар калисо шуғле пайдо кунанд, бинобар ин ӯро дар ҳамин равия тарбия карданд ва дар мактаб ва колеҷи динӣ ба таҳсил монданд.
Ҳангоме, ки падараш ба мансаби қозии парламон мансуб шуд, роҳ барои омӯзиш ба Боссюэ бештар боз гардид.
“Бахт дар таърихи ҷаҳон”, “Савгандҳо”, “Марсияҳо”, “Хитобаи шум”, Таърихи ихтилофи калисоҳо” аз ҷумлаи асарҳо ва китобҳои ӯ мебошанд.
Боссюэ 12 апрели соли 1704 дар синни 76-солагӣ аз олам гузашт.
Соли 1674 дар аббатнишини Пор – Роял-де-Шан (мавзеъе дар наздикии калисои занонаи водии Шеврёзаи Фаронса) дар синни 85-солагӣ шоир, нависанда ва тарҷумони аҳли Фаронса Роберт Арно д’Эндилли тарки олам кард. Ӯро аз бурзургтарин ва шинохтатарин чеҳраҳои классисизми асри XVII Фаронса меноманд.
Соли 1871 дар Нуоро (коммуна дар Италия) нависандаи маъруфи итолёвӣ, барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1926 хонум Гратсия Деледда зода шуд.
Занон дар ҷомеаи ақибмондаи Сардинияи қарни нуздаҳум вазъияти муносибе барои таҳсил ва фаъолияти иҷтимоӣ надоштанд. Аз ин рӯ, Гратсия дар аввал аз таҳсил маҳрум буд. Аммо аз он ҷо, ки дар хонаи аммааш китобхонаи бузурге вуҷуд дошт, ӯ тавонист дар он ҷо ва таҳти таълимоти хусусие маълумоти худро афзоиш диҳад. Ҳамзамон бо мутолиаи осори адибони Итолиё асарҳои нависандагони Фаронса ва рус бипардозад.
Ӯ хеле зуд ба нависандаи пуркор табдил шуд ва дар фосилаи солҳои 1912 то 1919 тақрибан ҳар сол як китоб мунташир мекард. То ин ки дар соли 1926 барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт шуд ва то кунун ҳеч зани нависандаи итолёвӣ натавонистааст ба ин ҷоиза даст ёбад.
Охирин китобе, ки дар замони ҳаёташ мунташир шуд “Калисои Марями мунзавӣ” дар бораи зани ҷавоне аст, ки саратон дорад.
Гратсия Деледда худ низ 15 августи соли 1936 бар асари мубталоӣ ба бемории саратон аз олам гузашт. Чанде пас аз маргаш яке паси ҳам ду писараш низ тарки дунё карданд. Аммо ба ҳар ҳол наберагонаш дастнависҳо ва номаҳои ӯро ҳифз карданд ва ҳамакнун нусхаҳои дастнависи оссори ӯ дар осорхона нигаҳдорӣ мешавад.
Муҳимтарин осори ӯ: “Калисои Марями мунзавӣ”, “Ганҷ”, “Адолат”, “Пас аз талоқ”, “Хокистар”, “Печак”, “Дар саҳро”, “Найзор дар бод”, “Роҳи хато”, “Чамшмҳои Симона”, “Модар”, “Рози марди гӯшагир”, “Рақси гарданбанд”, “Сарзамини бод” ва ғайра.
Соли 1891 дар шаҳри Санкт-Петербург дар синни 79 – солагӣ бар асари бемории илтиҳоби шуд шоир ва мунаққиди адабии рус Иван Гончаров вафот кард. Вай узви вобастаи Академияи илмҳои Петербург буд.
Солҳои чилум айни шукуфоии эҷодиёти Гончаров ба шумор меравад ва маҳз ҳамин давраро давраи шукуфоии адабиёти руси асри 19 меноманд. Дар ҳамин давра вай бо машҳуртарин мунаққидони замонаш Белинский шинос мешавад. Соли 1846 танқиди адабӣ аз романаш “Як достони маъмулӣ” истиқбол мекунад ва ҳамзамон ҷиддан ба камбудиҳои он ишора кард. Ин арзёбӣ барояш хеле муҳим буд. Таваҷҷуҳи Белинский ба эҷодиёташро ҷиддӣ қабул кард ва пайи ислоҳи камбудиҳои ишорашуда шуд.
Гончаров баъдҳо борҳо навишта буд, ки Белинский дар рушди маънавиву эҷоди асарҳои хуби ӯ то куҷо нақши калидӣ дошт.
“Як достони маъмулӣ”, “Обломов”, “Киштии баҳрӣ”, “Як миллион дарду ранҷ”, “Номаҳое аз як сафари ҷаҳонӣ”, “Қиссаи муштарак” ва ғайра навиштаҳои ӯст.
Соли 1894 дар шаҳри Москав шоири машҳури рус хонум Анастасия Светаева ба дунё омад. Вай духтари профессор Иван Светаев ва хоҳари хурдии Марина Светаева буд.
Китоби аввалинаш “Воқеаномаи гуруснагӣ”-ро соли 1927 навишт, вале натавонист онро чоп кунад.Романи дигари ӯ бо номи «SOS, ва ё Бурҷи Ақраб”-ро низ ҳамин сарнавишт интизор буд. Соли 1927 ба Аврупо меравад ва охирин бор бо хаҳараш дар Фаронса дидор мекунад.
Баъди бозгашташ соли 1933 боздошт мешавад ва бо талоши Борис Пастернак, Е.Пешков ва Максим Горкий баъди 64 рӯз озод мегардад.
2 сентябри соли 1937 бори дигар боздошт мешавад ва кормандони НКВД ин бор кулли афсонаву ҳикояҳои навиштаи адибро ба оташ мекашанд.
Соли 1947 аз ҳабс озод мешавад ва соли 1949 бори сеюм боздошт ва ба вилояти Новосибирск бадарға мешавад. Соли 1959 ҳукми додгоҳро бекор эълон мекунанд ва Светаева бо дарёфти ҳуки бегуноҳӣ ба Елабега меравад, то қабри хоҳараш Маринаро пайдо кунад.
“Мулоҳизаҳои шоҳона”. “Дуд, дуд ва дуд”, “Пирӣ ва ҷавонӣ”, “Зангӯланавози Москав”, “Сибири ман”, “Маҷмуаи ягонаи ман”, “Воқеаномаи гуруснагӣ”, «SOS, ва ё Бурҷи Ақраб” номи чанд китоби ӯ мебошад.
Соли 1963 дар деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё нависанда, рӯзноманигор, тарҷумони тоҷик Равшан Махсумзод зода шуд.
Мактаби миёнаро дар деҳаашон ба итмом расонда, вориди факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шудааст. Баъди адои хидмати ҳарбӣ таҳсилро дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) идома дода, соли 1990 соҳиби диплом гаштааст. Сипас мухбири ҳафтаномаи «Сухан», котиби масъули ҳафтаномаи «Саховат», мудири шуъбаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон», сармуҳаррири ҳафтаномаи «Зан ва мард», «Чархи гардун», «Вечерний Душанбе» ва мудири бахши насри ИНТ будааст. Алҳол муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Нахустин ҳикояҳояш ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ дар рӯзномаву ҳафтаномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Паёми Душанбе» ба табъ расидаанд. То имрӯз маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳояш «Арзи дил» (1997), «Қалами шинос» (1998), «Духтари кӯҳистон» (2003), «Сояи ишқ» (2007), «Кафан киса надорад» (2009), «Пули Сирот» (2012), «Дили модар»(2016) ва «Ишқи зистан»(2020) интишор ёфтаанд.
Дар баробари иншои асарҳои бадеӣ навиштаҳои публитсистиаш пайваста дар маҷаллаву рӯзномаҳо ба табъ мерасанд. Эссеву мақолаҳои ӯ дар хусуси зиндагии ибратомӯз ва фаъолияти пурсамари чеҳраҳои мондагори илму фарҳангу адаби тоҷик, монанди устод Айнӣ, ҳунарпешаи номӣ Ҳошим Гадо, олими маъруф Ҳамид Мансуров, нависандагони машҳур Фазлиддин Муҳаммадиев, Пӯлод Толис, Мутеулло Наҷмиддинов, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Муаззама ва дигарон аз тарафи хонандагон хуб пазируфта шудаанд.
Соли 2011 ҳикояи ӯ «Човандоз», ки дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ нигошта шудааст, барандаи дипломи нахустин Озмуни байналхалқӣ гардид, ки Иттифоқи журналистони Русия таҳти унвони «Искусство жить вместе» («Фарҳанги ҳамзистӣ») эълон карда буд.
Чанде аз ҳикояҳояш ба забони русӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ, арманӣ ва белорусӣ тарҷума шудаанд. Худи ӯ низ ҳикояҳои адибони русу белорус, амрикоӣ, франсавӣ, ҳиндӣ ва ӯзбекро ба тоҷикӣ гардондааст.
Аълочии фарҳангу матбуоти Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2015).
Бо Нишони «Сухан», Ифтихорномаи Шӯрои Олии СССР, ордени «Шараф ва мардонагӣ», медалҳои «Барои шуҷоат» ва «100-солагии матбуоти тоҷик» мукофотонида шудааст.
Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2006).
Соли 1963 дар деҳаи Буведи ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМБК шоир, омӯзгори тоҷик Мавҷигули Зардодхон ба дунё омад. Баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии деҳа, соли 1980, шомили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шуда, соли 1985 бомуваффақият хатм кардааст.
Баъдан муаллим ва муҳаррири яке аз созмонҳои байналхалқӣ будааст.
Шеърҳояш аз солҳои 80-ум дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасанд. Дастае аз ашъораш соли 1983 дар маҷмӯаи дастҷамъии «Навсафар» чоп шудаааст. Шеърҳои алоҳидааш дар авроқи маҷмӯаҳои «Шаббода», «Таваллуди фарёд», «Ҳарими ғунчаҳои сабз» ва ғ. мунташир гардидаанд.
Соли 2000 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
9 январи соли 2011 аз олам даргузашт.
Соли 1983 дар шаҳри Киев дар синни 71-солагӣ нависанда ва намоишноманависии Шӯравии украин Михайло Стелмах аз олам рафт. Вай 24 майи соли 1912 ба дунё омада буд.
Михайло Стелмах барандаи ҷоизаҳои давлатии Ленин (1961), дараҷаи 3 Сталин (1951), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, дорандаи се ордени Ленин, академики Академияи илмҳои Украина буд.
Аз соли 1936 ба навиштани асарҳояш оғоз кардааст. Муаллифи як романи сегона бо номҳои “Зодгоҳи бузург”, “Хуни инсон об нест”, “Нону навак” мебошад. Аз рӯи трилогияи ёдшуда киностудияи ба номи В.П.Довженко филмҳо бардошта буд.
“Рост ва дурӯғ”, “Қозҳо парвоз мекунанд”, “Шоми босаховат” низ аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ