Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 30 – уми август
Соли 1797 дар шаҳри Лондон романнавис, нависандаи достонҳои кутоҳ ва сафарноманависи аҳли Британияи Кабир Мэри Шеллӣ ба дунё омад. Шинохтатарин асари ӯ романи “Франкенштейн ва ё Промитейи навин” аст, ки яке аз нахустин намунаҳои адабиёти илмӣ-тахайюлӣ ба шумор меравад.
Мэри Шеллӣ дар синни 53-солагӣ даргузашт. Ў инчунин асарҳои шавҳараш, шоири ашъори ошиқона ва файласуф Перси Бисше Шеллиро таҳрир ва таблиғ мекард. Падари ӯ файласуфи сиёсӣ Вилям Годвин ва модараш файласуф ва фаъоли феминистӣ Мэри Воллстоункрафт буданд.
Модари Шелли камтар аз як моҳ пас аз таваллуди ӯ даргузашт. Вайро падараш ба воя расонд, соҳибмаълумот кард ва ташвиқ намуд, ки ба назарияҳои сиёсии анархистии ӯ пайравӣ кунад. Ба асарҳои адабии ӯ, бахусус ба романҳои таърихии “Валперга”, «Одами охирин» (1826), «Лодор» (1835), “Мотилда” таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд.
Дар навиштаҳои Шеллӣ аксар вақт баҳс мешавад, ки ҳамкорӣ ва ҳамдардӣ, бахусус он чизе, ки занон дар оила ба амал меоранд, роҳҳои ислоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ буданд.
Соли 1856 дар Булон-сюр-Мере (шимоли Фаронса) дар синни 45-солагӣ бар асари бемории домана танзнависи машҳури британиёӣ Гилберт Эббот Э-Беккет аз олам гузашт. Вай 9 январи соли 1811 дар шаҳри Лондон таваллуд шуда буд.
Гилберт Эбботт Э-Бекетт дар оилаи ҳуқуқшинос ба дунё омада, дар Мактаби Вестминстер (англисӣ) таҳсил кардааст. Вай бо як қатор рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо, аз ҷумла “Лондон Фигаро” (англисӣ), Punch, Times, Morning Herald (англисӣ) ҳамкории самаранок дошт.
Ӯ бо ҳаҷвияи худ оид ба қонунҳои англисӣ (“The Comic Blackstone”) ва театр (“Quizziology of drama British”) шўҳрат пайдо кард. Ғайр аз ин, вай бо песаҳои ҳаҷвиаш маълуму машҳур гардидааст.
Соли 1871 дар шаҳри Тёси нависанда, шоир ва рӯзноманигори ҷопонӣ Доппо Куникида зода шуд. Вай бештар дар равияҳои романтизм, натурализм асар менавишт. Ӯро аввалин нависандаи ҷопонии сабки натурализм меноманд.
“Амаки Ген”, “Одамони фаромӯшношуданӣ”, “Рӯзномаи як майзада”, “Канора”, “Ҷафову кулфат барои зан”, “Тақдирпараст”, “Гӯшт ва картошка”, “Одами поквиҷдон”, “Марги ҳузангез” аз ҷумлаи офаридаҳои ӯ мебошанд.
Соли 1887 дар шаҳри Ню-Йорк нависандаи тахайюлнависи амрикоӣ Рэй Каммингс зода шуд. Асарҳояш аз соли 1919 чоп мешуданд. Аввалин ҳикояаш “Духтаре дар атоми тиллоӣ” ном дошт. Романҳои “Одамони оташ”, “Одаме, ки фармонравои вақт буд”, “Шоҳдухтари атом”, “Духтар-соя”, “Фирории вақт” маҳсули қалами ӯ мебошанд.
Вай ҳамчунин то тахаллусҳои «Рэй Кинг», «Габриэл Каммингс» ва «Гэбриэл Уилсон» асарҳои худро чоп кардааст.
Рэй Каммингс 23 январи соли 1957 дар синни 69-солагӣ тарки олам кард.
Соли 1896 нависандаи маъруфи рус Максим Горкий бо Екатерине Павловна Волжина, ки баъдан Пешкава шуд, ҳамхона гардид. Екатерина Павловна аввалину охирин ҳамсари қонунии Максим Горкий ба шумор мерафт. Вай соли 1876 ба дунё омада, соли 1965 дар синни 88-солагӣ аз олам рафтааст. Онҳо муддати 40 сол бо ҳам буданд ва аз ҳаёти муштарак соҳиби як писар шуданд.
Соли 1903 дар калисои Тараканов маросими ақди никоҳи шоири машҳури рус Александ Блок ва таърихшиноси балет, ҳунарманд, хотиранавис Любов Менделеева баргузор шуд. Вай муаллифи асари машҳури “Будаҳо ва нобудаҳо дар бораи Блок ва худи ман” аст. Кимиёшиноси машҳур Дмитрий Менделеев падари ӯ буд.
57 сол умр дидааст. Баъди Блок 18 соли дигар умр доштааст.
Шоир Андрей Белий низ аз ошиқону шефтагони ӯ будааст. Блок дар бораи ин ишқ медонист ва достони ин сегона дар намоишномаи Блок “Садбарг ва Салиб” инъикос шудааст.
Соли 1935 дар шаҳри Москав дар синни 62-солагӣ нависанда, рӯзноманигор ва ходими сиёсии фаронсавӣ Анри Барбюс тарки олам кард. Вай 17 майи соли 1873 дар Анйер-сюр-Сен таваллуд шуда буд. Анри Барбюс узви ҳизби коммунисти Фаронса ва аъзои фахрии хориҷии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
“Азодорон”, Дуокунандагон”, “Ҷаҳаннам”, “Оташ”, “Сталин: Дунёи ҷадиде, ки аз тариқи як мард дида мешавад” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 2006 дар Чиза (вилоят дар Миср) дар синни 94 – солагӣ нависандаи маъруфи мисрӣ Наҷиб Маҳфуз аз олам гузашт. Вай 11 декабри соли 1911 таваллуд шуда буд. 30 августи соли 2006 бар асари як амали ҷарроҳии ноком дар бемористон аз олам гузашт. То рӯзи даргузашт солхӯрдатарин ҷоизадори Нобел дар адабиёт буд.
Асарҳои машҳури ӯ “Бозии тақдир”, “Қоҳираи нав”, “Хон ал-Халилӣ”, “Оғоз ва анҷом”, “Миёни ду қаср”, “Кохи орзу”, “Оина”, “Муҳтарам ҷаноб”, “Шабҳои ҳарзор шаб” “Байтулмуқаддас”, “Хокистар”, “Танҳо як соат монда”, “Дузд ва сагҳо”, “Ишқ бар фарози теппаи ҳарам” ва ғайра мебошанд.
Соли 2013 дар Дублин дар синни 74-солагӣ шоир, нависанда, тарҷумон ва омӯзгори ирландӣ Шеймас Ҳинӣ аз олам гузашт. Ҳинӣ 13 апрели соли 1939 дар Ирландияи Шимолӣ зода шуд. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1995 буд.
Аввалин китоби ў бо номи «Ёздаҳ шеър» моҳи ноябри соли 1965 нашр шуд. Соли 1966 аввалин маҷмуаи мукаммали Шеймас Ҳинӣ зери унвони «Марги табиатшинос» аз чоп баромад. Соли 1972 бо оилааш ба Ирландия кӯчид ва дар Дублин зиндагӣ мекард, он ҷо дар коллеҷ дарс медод. Солҳои 1980 дар Донишгоҳи Ҳарвард ба ҳайси профессор (аз 1982 то 1996) ва аз соли 1989 то 1994 дар Донишгоҳи Оксфорд (ба ҳайси профессори назм) кор кардааст.
Шеймас Ҳинӣ дар оилаи католик ба дунё омадааст. Соли 1961 Донишгоҳи Квинси Белфастро хатм мекунад.
Соли 1995 ба ӯ ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт “Барои зебоии лирикӣ ва умқи ахлоқии шеър, ки зиндагии аҷиби рӯзмарра ва гузаштаро зинда мекунад” супорида шуд. Инчунин ў барандаи Ҷоизаи адабии Дэвид Коэн (2009) ва Ҷоизаи TS Eliot (2006) мебошад.
Шеймас Ҳинӣ аз замони Вилям Батлер Йетс ҳамчун бузургтарин шоири Ирландия шинохта мешавад.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ