Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 30-уми декабр
Соли 1816 Перси Биш Шелли ва Мэри Шелли издивоҷ карданд. Перси Биш Шелли (анг. Percy Bysshe Shelley) шоири машҳури англис буд. Ӯ дар хонаводаи наҷибзода ва номдор зода шуда, 1-уми июли соли 1822 ҳамроҳи дӯсташ Уилямс дар оби як баҳр дар наздикии шаҳр Спетзиё ғарқ шуд.
Мэри Шелли романнавис, нависандаи достонҳои кутоҳ ва сафарноманависи аҳли Инглистон буд. Шинохтатарин асари ӯ “Франкштейн ва ё Прометейи навин” аст, ки яке аз нахустин намунаҳои адабиёти илмӣ-тахайюлӣ ба ҳисоб меравад. Шеллӣ осори шавҳараш Перси Бишро ҳам виросторӣ мекард. Романҳои “Франкштейн…”, “Монтилдо”, “Охирин нафар” мансуб ба ӯянд.
Вай 1 феврали соли 1851 аз олам гузаштааст.
Соли 1819 нависанда ва шоири олмонӣ Теодор Фонтане ба дунё омад. Романи таърихии худро баъди шастсолагӣ бо номи “Пеш аз тӯфон” навиштаву чун як нависандаи хувшбаён маъруфият пайдо кардааст. Китобҳои “Тобистон дар Лондан”, “Ҷангзада. Мушоҳидоти соли 1870”, “Қабл аз тӯфон”, “Зери дарахти гулобӣ”, “Дарҳам барҳам” ва ғайра аз навиштаҳои ӯ мебошанд.
Соли 1860 забоншиноси литовӣ Йонас Яблонскис ба дунё омад. Ӯро “падари” забони адабии Литва меноманд. Писари ӯ Константинас Яблонскис муаррихи шинохта, профессор, академик буд
Соли 1865 дар шаҳри Бомбейи Ҳинд нависанда, достоннавис, романнавис, хабарнигори англис, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1907 Ҷозеф Радиярд Киплинг дида ба олам кушод. Вай ба далели ашъор, достонҳои кутоҳ ва романҳояш ба дарёфти ҷоизаи Нобел сазовор шуда буд. Яке аз маъруфтарин филмҳои Ҷон Ҳайвстун бо номи “Марде, ки мехост султон бошад” бар асоси як достони Радияр Киплинг сохта шудааст.
То ба имрӯз ҳудуди 35 китоб аз ӯ мунташир шудааст. Аз ҷумла, “Аз дарё ба дарё”, “Китоби ҷангал”, “Китоби дуввуми ҷангал”, “Маҷмуаи мавҷудот”, “Вомҳо ва эътиборҳо”, “Чизе аз худам”, “Ҳафт дарё”, “Масъулияти инсони сафед” аз ӯ мебошанд.
Соли 1905 дар Санкт-Петербург нависанда, шоир ва намоишноманависи рус Даниил Хармс ба ола момад.
Соли 1919 дар департаменти фаронсавии Ло ва Гаронна нависандаи фаронсавии асраҳои тахайюлӣ, геолог, ва бостоншинос Франсис Карсак таваллуд шуд. “Дар сайёраи беҳосил”, “Омадагон аз нокуҷо”, “Ватани мо-кайҳон”, “Робинзонҳои кайҳон”, “Шерони Элдорадо”, “Даричае ба гузашта”, “Одаме, ки бо марсиягиҳо дар гуфтугӯ шуд”, “Садои гург”, “Одаме, ки мехост худо шавад” маҳсули қалами ӯянд.
Соли 1944 дар Везл дар синни 78-солагӣ бар асари бемории сил нависанда, намоишноманавис, мақоланавис ва рӯшанфикри аҳли Фаронса Ромен Роллан вафот кард. Вай соли 1915 ба дарёфти ҷоизаи адабии Нобел мушарраф шуда буд. Вай ба далели ҳимояи аввалия ва мухолифати баъдӣ бо Иосиф Сталин ва таъсираш ба Фрейд бештар шинохта шуд.
Бо намоишномаҳои “Фоҷеаи эътиқод”, Людовики муқаддас”, “Замоне фаро мерасад”, “Гургон”, “Тантанаи ақл”, “Дантон”, “Чаҳордаҳуми июл”, “Бозии муҳаббат ва марг”, “Ҳаёти Бетховен”, роман – эпопеяи “Жан Кристоф” машҳур аст.
Соли 1988 дар шаҳри Москав дар синни 63-солагӣ нависанда, тарҷумон ва дигарандеши Иттиҳоди Шӯравӣ Юлий Даниэл тарки олам кард.
Соли 1996 дар шаҳри Москав шоири суруднависи Шӯравӣ Лев Ошанин аз олам рафт. Вай 84 сол дошт. Ошанин муаллифи бештар аз 70 маҷмуаи шеърӣ, сурудҳо ва намоишномаҳо мебошад.
Соли 1997 дар шаҳри Токио дар синни 71-солагӣ нависандаи жопонии асарҳои тахайюлӣ Синъити Хоси аз олам гузашт. Синъити Хоси муаллифи беш аз ҳазор асари адабист ва аз ин рӯ ӯро “шоҳи достонҳои кутоҳ” меноманд.
Таҳияи Б.Шафеъ.