Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 4-уми декабр
Соли 34 дар Волатерреи Этрурия (номи минтақае дар қаламрави Италияи имрӯза) шоири Руми Бостон Авл Персий Флакк ба дунё омад. Ў муаллифи асарҳои ҳаҷвӣ буд. Як зиндагиномаи куҳан ва китоби “Танзнома” аз шинохташудатарин навиштаҳои Персий Флакк мебошад, ки то замони мо расидааст.
“Танзнома”-и ӯ дар ҳаҷми 650 байт суруда шудааст.
Авл Персий Флакк 24 ноябри соли соли 62 милодӣ дар синни 28-солагӣ дар авҷи ҷавонӣ ба далели дучор шудан ба бемории шадиди меъда тарки дунё кард. Вай дар мулки худ, дар милаи ҳаштуми шоҳроҳи Аппиён даргузашт.
Дар васиятномаи худ кулли дороияш, аз ҷумла 700 китоб, ки 10 фунт нуқра арзёбӣ шуд, ҳамчунин кулли пулҳояшро ба устодаш ба ирс гузошт. Аммо устодаш китобҳо барои худ нигоҳ дошт ва пулҳо ва дороиҳои дигари Персийро ба модар ва хоҳари ӯ дод.
Соли 1131 дар шаҳри Нишопур ҳаким, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим, ҷуғрофидон, шоири маъруфи форсу тоҷик Умари Хайём дида аз олам барбаст. Ба далели шуҳрати оламгири Ҳаким Умари Хайём, китобҳо, рисолаҳо ва мақолаҳои бисёре дар бораи вай ба таҳрир даромадааст, аммо дар ғолиби ин осор умдатан ба ҷанбаи шоирӣ ва рубоиёти ӯ пардохта шуда ва буъди фалсафӣ, каломӣ ва динии таълифоти ӯ номаълум монда ва ё ба сурати боиста мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор нагирифтааст. Аз ин рӯ, Хайём дар рӯзгори мо, бештар ба унвони шоир ва рубоисаро шинохта шуда, то ҳаким ва файласуф ва донишманди динӣ, ҳол он ки вай дар асри хеш ба унвони файласуф ва мунаҷҷим ва риёзидон ва фақеҳ ва олими динӣ шинохта мешуд, на ба унвони шоир.
Чунонки лақаби Имом, Ҳаким, Ҳуҷҷатулҳақ ва ғайра, ки дар китобҳои муосирони Хайём дар бораи ӯ ба кор рафтааст, гувоҳи чунин хулоса аст. Ҳам Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нависандаи китоби «Чаҳор мақола», ки бино ба тасреҳи худаш, дар соли 506 ҳ.қ дар шаҳри Балх бо вай дидор доштааст, ин номҳоро дар бораи вай ба кор мебарад ва ҳам Алӣ ибни Зайди Байҳақӣ муаллифи «Татиммату савонил-ҳикма».
Равонаш шод бод!
ДАР БОРАИ ҲАКМ ХАЙЁМИ НИШОПУРӢ БА ИН МАТОЛИБ ҲАМ РУҶУЪ КУНЕД?
ГУЛРУХСОР: Умари Хайём фарзанди миллати башар – шаҳрванди сайёра
Сарсухани Саййид Расули Мусавӣ ба китоби Гулрухсор “Шинохти рубоиёти Умари Хайём”
Соли 1595 шоир ва мунаққиди асри шанздаҳум аҳли Фаронса Жан Шаплен зода шуд. Ӯ ба унвони яке аз созмондеҳандагон ва узви бунёди Académie française шинохта мешавад. Шаплен шоири шеъри ҳамосӣ буда, яке аз таъсирпазирандагони Ҳаким Умари Хайём буд.
Жан Шаплен дар хонаводаи адвокат ба дунё омад. Дар наврасӣ забонҳои испонӣ ва юнониро омӯхт. Ба хотири сарсуханаш ба достони Марино “Адонис”, ки бори аввал соли 1623 дар Порис чоп шуда буд, машҳур шуд. Вале баъдан аз баъзе нуқтаи назарҳои мусоҳилакоронааш, ки дар ин сарсухан баён шуда буд, даст кашид.
Шаплен ҳамчуни н муаллифи рисола “Дар бораи хониши романҳои қадим” буд, ки соли 1870 чоп шуд. Романи Матео Алеман “Гусмон аз Алфарач” – ро ҳам ба фаронсавӣ турҷума кардааст.
Жан Шаплен 22 феврали соли 1674, замоне, ки 78 сол дошт, дар шаҳри Порис аз олам гузашт.
Соли 1713 дар Венетсия шоир ва мунаққиди адабӣ Гаспаро Ҳотси, бародари Карло Ҳотси ба дунё омад.
Соли 1751 шоир ва намоишноманвиси итолёвӣ Ҷованни Пиндемонте ба дунё омад.
Соли 1875 дар шаҳри Прага шоири автстралиёӣ Райнер Мария Рилке дида ба олам кушод.
Ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ ва русӣ шеър менавишт, асарҳои насрӣ низ дорад. Дар саросари Аврупо, Русия, Испания, Олмон, Италия ва Фаронса сафар кардааст. Солҳои охири умрашро дар Швейтсария гузаронидааст.
Аз тарҷумаи ашъораш ба тоҷикӣ иттилоъ наёфтем. Вале дар Эрон шеърҳои ӯ аз ҷониби Нотили Хонларӣ, Шарофиддини Хуросонӣ ва дигарон баргардон шудааст. Хонларӣ китоберо аз ӯ бо номи “Номаҳое ба шоири ҷавон” тарҷума ва нашр кардааст.
Ҷалол Оли Аҳмад дар маҷаллаи “Илм ва зиндагӣ” нақде бар “Буфи кӯр”-и Содиқ Ҳидоят навишта, гуфтааст, ки ин достони хуби адиби эронӣ зери таъсири Рилке ба қалам омадааст.
Райнер Мария Рилке 29 декабри соли 1926 дар осоишгоҳи Валмонт, дар наздикии Монтре, дар синни 51-солагӣ аз бемории саратони хун вафот кард.
“Ҳаёт ва суруд”, “Тоҷбарсари руъёҳо”, “Шаби Крисман”, “Ба ид бояд равам”, “Зиндагии Марями бокира”, “Зуҳури Исо” аз ҷумлаи чанд китоби шеъри ӯст.
Романи “Ёддоштҳои Малта Лауридс Бриг” низ мутаалиқ ба қалами ӯст.
Соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон шоири маъруф ва яке аз шинохтатрин чеҳраҳои адабиёти тоҷики нимаи аввали асри ХХ Абулқосим Лоҳутӣ ба дунё омад.
Осори устод Лоҳутӣ дар авроқи «Девони Абулқосим Лоҳутӣ» (1946), «Асарҳои мунтахаб» (1949), «Сурудҳои озодӣ ва сулҳ» (1954), «Нидои зиндагӣ» (1956), «Девони Абулқосим Лоҳутӣ» (1957), «Гавҳари ишқ» (1958), «Шӯъла ва Шамшер» (1974), «Офтоби Сурх» (бо ҳуруфи форсӣ; Маскав, 1987), «Шеърҳо.
Достонҳо» (1987) ва «Куллиёт» (1960-1963)-и шашҷилда фароҳам омадаву ба дасти чоп расидаанд.
Устод Лоҳутӣ яке аз мутарҷимони моҳири адабиёти русу дигар халқҳо буда, бисёр асарҳои А.С.Пушкин ва намунаҳои осори Т.Г.Шевченко, М. Горкий, В.Маяковский, В. Лебедев-Кумач, Л. Ошанин, Е. ДАлмаатовский ва суруди «Интернационал»-ро ба тоҷикӣ гардондааст.
Инчунин, тарҷумаи асарҳои саҳнавии В. Шекспир («Отелло», «Ромео ва Ҷулйетта», «Шоҳ Лир»), Лопе де Вега («Чашмаи гӯсфандон») ва А.С. Грибоедов («Дод аз дасти ақл») ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Муфассал дар бораи шоири маҳбуб:
Соли 1877 дар Ремерсхоф нависандаи Шӯравии латиш ва намоишно манавис Андрей Упит ба дунё омад. Ӯ Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи ҷоизаи Сталин, Академики Академияи илмҳои Латвия буд.
Соли 1900 дар Санкт-Петербург дар синни 62-солагӣ нависандаи рус Александр Шеллер тарки олам кард.
Соли 1932 нависандаи Австрия Густав Майринк аз олам рафт.
Соли 1933 шоир ва тарҷумони олмонӣ Стефан Георге вафот кард. Вай барандаи ҷоизаи Ҳуте дар соли 1927 буд.
Таҳияи Бобоҷон Шафеъ