Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 6 – уми июл
Соли 1533 дар Феррара дар синни 58-солагӣ шоир ва намоишноманависи давраи Эҳёи Италия Лудовико Ариосто аз олам гузашт. Вай дар ҷойе по ба арсаи ҳастӣ гузошт, ки падараш фармондеҳи қалъа буд. Аз даҳ фарзанди хона бузуртаринашон ӯ буд ва ба унвони мақоми падарсолории хонаводааш амал мекард.
Лудовико аз оғоз ба шеъру шоири алоқа дошт, аммо падараш ӯро маҷбур кард, ки дар риштаи ҳуқуқ таҳсил кунад.
Пас аз марги падараш Лудовико ноилоҷ аз таҳсилот ва мутолеоти адабии худ чашм пӯшид, то ба ҳолу аҳволи хонаводаи худ диққат диҳад. Ҳамзамон вай дар жанри комедияи насрӣ қувва озмуд.
Достони “Орландони бехуд” аз муҳимтарин асарҳои ӯ ба шумор меравад. Адиб онро муддати 25 сол навиштааст.
Соли 1535 дар шаҳри Лондон дар синни 57-солагӣ ҳуқуқдон, ходими давлатӣ, файласуф ва нависандаи инсондӯст Томас (Фома) Мор тарки олам кард. Соли 1516 вай асари худ “Ормоншаҳр” ё “Утопия”-ро навишт. Асар дар жанри мазҳакаи сиёсӣ ба забони лотинӣ эҷод шудааст.
Мор замоне ба навиштани ин асар оғоз намуд, ки дар Фландрия сафир таъин шуда буд. Нашри аввали китобро дӯсти адиб, файласуфи ҳоландӣ Эразм Роттердамский соли 1516 ба чоп ҳозир намуд. Асар ба ҳадде шуҳрат ёфт, ки лозим омад соле баъд китобфурӯш Жил де-Гурмон онро дар Порис муҷаддадан нашр кунад.
“Таърихи Ричарди сеюм” асари дигари Томас Мор мебошад.
Соли 1859 дар Олшаммар нависандаи шведӣ Вернер фон Ҳейденстам ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1916 буд.
Писари ягонаи волидайни наҷиб Ҳейденстам дар Стокҳолм мактаб хонда, аввал ба Итолиё, баъдан ба Шарқ рафта, ҳамагӣ даҳ сол дар хориҷа ба сар бурдааст. Аввалин маҷмӯаи ашъори Ҳейденстам «Саёҳат ва солҳои саргардонӣ» (1888) дар солҳои 1880-ум ӯро дарҳол ба қатори мухолифони асосии натурализм (натурализм –равияест дар санъат ва адабиёти нимаи дуюми асри 19 Аврупо ва Амрико, ки ҷараёни ҳаётро дар заминаи зуҳуроти дақиқи биологию физиологӣ ба қалам медиҳад) овард. Вай дар муқаддимаи романи «Эндимион» (1889) ақидаҳои натуралистиро ифода намуда, баъд рисолаи «Эҳё»-ро (1889) нашр карда, дар навиштааст, ки адабиёт аз шартҳои натурализм даст кашидааст. Дар мазҳакаи «Тӯйи Пепита» (1890; якҷо бо О.И. Левертин, 1862–1906) низ натурализмро интиқод кардааст.
Ҳейденстам кӯшидааст, ки барномаи адабии худро дар романи “Ҳанс Алиенус” (1892), ки баъзе он бо назм навишта шудааст, амалӣ созад. Аз ҷиҳати адабӣ маҷмуаи «Шеърҳо» (1895), ки дар он шоири ҷавон ҳамчун устоди баркамол баромад кардааст, то ҳол асари барҷастаи ў ба шумор меравад. Идеализм ва миллатчигии амиқ ба романҳои таърихии ӯ “Муборизони Карл XII” (1897–1898), “Зиёрати Биргиттаи муқаддас” (1901), “Дарахти фолкунгон” (1905-190) ва “Шведҳо ва сарваронашон” (1908–1910) хос аст. Дар соли 1915 Ҳейденстам маҷмуаи «Шеърҳои нав»-ро нашр кард, ки дар он инсонпараварии динӣ ва хоксории олиаш ифода ёфтааст. Соли 1912 узви Академияи Шветсия интихоб шуда, дар соли 1916 сазовори ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт гардид.
Ҳейденстам 20 майи соли 1940 дар синни 80-солагӣ дар Эвралид (музофоти Остерйотланд) вафот кард.
Соли 1893 дар Пасси дар синни 42-солагӣ бар асари фалаҷ шудани системаи асаб маъруфтарин новелланависи фаронсавӣ, шоир, ҳикоянависи шинохта Ги де Мопассан аз олам гузашт.
Вай 5 августи соли 1850 ба дунё омад. Дар тӯли зиндагии басо кутоҳи худ 300 достони кутоҳ, 6 роман, се сафарнома, як маҷмуаи шеър ва чанд намоишнома навиштааст.
Аммо нуқтаи авҷи эҷодиёти Мопассан ҳикояҳои ӯст, ки ҳатто баъзе аз онҳоро шаҳкори адабиёти ҷаҳонӣ медонанд.
Романҳои “Як зиндагӣ”, “Лабханди бахт”, “Пйер ва Жон”, “Дили мо” мансуб ба ӯ мебошанд.
Ба унвони беҳтарин ҳикояву новеллаҳои ӯ метавон аз “Гарданбанди алмос”, “Дар яке аз шабҳои баҳор”, “Зар”, “Бобо Симон”, “Аввалин барф”, “Дар мазраъа”, “Канори мурда”, “Хуруси ҷангӣ”, “Оворагард”, “Рӯи об”, “Бозгашт”, “Раҳошуда” ва ғайра ёд кард.
Ги де Мопассан баъди қасди худкушӣ чун гирифтори бемории рӯҳӣ ба бемористон интиқол ёфт ва дар ҳамон ҷо тарки олам кард.
Соли 1904 дар синни 58-солагӣ шоир, нависанда, файласуф, мусиқидон, ходими ҷамъиятии қазоқ, пояёгузори адабиёти хатти қазоқ ва классики он Абай Кунанбоев вафот кард.
Номи аслии ӯ Иброҳим буд ва лақабаш Абай. Мегӯянд ин лақабро, ки қазоқист ва ба маънои “ботаваҷҷуҳ” аст, модаркалонаш ба ӯ додааст.
Нависандаи машҳури қазоқ Мухтор Авезов дар бораи Абай ду роман навиштааст.
Эҷодиёти Абай чун шоир ва нависанда аз се сарчашма – эҷодиёти даҳанақии халқ, назми оламгири Шарқ ва адабиёти русу аврупоӣ маншаъ гирифтааст. Абай достонҳои ҳамосии қазоқро дар ҷамъомадҳо ба мардум нақл мекард ва ё бо навои мусиқӣ месароид. Вай донандаи шеъру адаби Шарқ, аз ҷумла адабиёти форс-тоҷик буд. Арӯзро вориди шеъри қазоқӣ кард ва шеърҳои ғазалмонанд, ба шаклҳои гуногун (шашмисраӣ – мусаддас, ҳаштмисраӣ – мусамман) эҷод кард. Умуман Абай дар назми қазоқ 17 шакли нави шеърро ихтироъ намуд. Достонҳои Абай – «Масъуд», «Гуфтор дар бораи Азим» ва «Искандар» дар заминаи сужетҳои адабиёти классикии Шарқ офарида шуда, дар онҳо хираду дониш ва фазилатҳои инсон тараннум шудаанд.
Ба қалами Абай асари мансуре тааллуқ дорад, ки он дар қазоқӣ «Кара сӯз» («Каломи сиёҳ») ном гирифтааст. Ба забони тоҷикӣ ин асар бо номҳои – «Ақлия», «Пандҳо», «Панднома», «Андешаҳо» тарҷума ва муаррифӣ гардидааст. Дар «Панднома»-и Абай таъсири «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ва «Гулистон»-и Саъдӣ ошкоро аён аст.
Абай баъзе масалҳои И. А. Крилов, шеърҳои М. Ю. Лермонтов, порчаҳои достони А. С. Пушкин «Евгений Онегин»-ро аз русӣ ба қазоқӣ тарҷума кардааст.
Дар маҷмӯае бо номи «Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Абай – бунёдгузори адабиёти навини қазоқ» (Теҳрон, 1374/1996) зиёда аз 100 шеъри Абай дар баргардони Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ ва «Андешаҳо» (45 гуфтор) дар тарҷумаи Сафар Абдулло ба хатти форсӣ ҷой дода шудаанд.
Осори мансури Абай бо номи «Панднома» (мутарҷим Фатҳуллоҳи Азиз) солҳои 2002 ва 2010 дар Душанбе ба табъ расидаанд.
Соли 1952 дар Глоссоп нависанда ва мунаққиди адабии англис Ҳилари Мантел ба дунё омад. Китоби вай бо номи “Толори гург” дар соли 2009 милодӣ дар маҷмуаи “Томас Кромвел” соҳиби ҷоизаи Букер шуд. Соли 2012 бошад барои асараш “Маҳкумро биёваред” бори дуюм ба дарёфти ҷоизаи Букер шарафёб гардид.
“Оина ва нур” охирин китоб аз сегонаи ӯ буд, ки соли 2020 мунташир шуд. Ин китоб аз ҷониби мунаққидон хуб истиқбол шуд ва яке аз пурфурӯштураин китобҳои сол ба шумор мерафт.
Рӯзномаи британияи “Гордиан” Ҳилари Мантелро яке аз барҷастатарин адибони зинда ва муосири Британиё муаррифӣ карда буд.
Соли 1962 дар Оксфорд, иёлати Миссисипи дар синни 64-солагӣ романнависи амрикоӣ ва барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1949 Уилям Фолкнер аз олам рафт. Фолкнер роман ҳам навиштаву ҳикояҳои зиёд низ, намоишнома, шеър ва мақолаҳо низ. Аммо пеш аз ҳама барои ӯ романҳо ва ҳикояҳояш шуҳрати зиёд оварданд.
Фолкнел яке аз муҳимтарин нависандагони Амрико ва мушаххасан адабиёти ҷануби Амрикост. Бо ин ки аввалин осори ӯ аз соли 1919 ва бештарашон дар даҳсолаҳои бистум ва сиввуми қарни ХХ мунташир шуда буд, аммо то дарёфти Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1949 ношинохта монда буд.
Ӯ барандаи Ҷоизаи Плутсер низ мебошад.
Соли 1998 Муассисаи Китобхонаи навин романи “Хашм ва ҳаёҳу”-и вайро шашумин китоб дар феҳристи сад романи бартари англисии қарни бистум қарор дод.
Соли 1976 дар деҳаи Панҷосиёби ноҳияи Кӯлоб шоири тоҷик Офоқ (Қодирова Оламбӣ Ҷумъахоновна) таваллуд шуд. Соли 1993 мактаби миёнаи деҳа, соли 2006 Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳуриро хатм кардааст. Аз соли 1996 дар раёсати вилояти Хатлони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ оғози хидмат карда, то ҳол дар вазифаи роҳбари гурӯҳи иттилооти шуъбаи нозироти РВКД-и вилояти Хатлон фаъолият дорад.
Аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, намунаҳое аз ашъораш дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои шеърии «Булӯри хаёл» (2000), «Фасли омадан» 2003) ва «Нигоҳи хоҳиш» (2007) ба табъ расидаанд.
Аълочии милитсияи тоҷик.
Узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2005) аст.
Соли 2005 дар шаҳри Порис дар синни 91-солагӣ нависандаи фаронсавӣ Клод Симон вафот кард. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1985 буд.
“Тақаллуб”, “Таноби маҳкм”, “Парастиши баҳор”, “Бод”, “Алаф”, “Қаср”, “Сарузашт”, “Барзгарнома”, “Даъват”, “Ақоқиё”, “Боғи гиёҳшиносӣ” номи чанд асари ӯ мебошад.