Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 8-уми декабр
Соли 65 то милод дар Веноза шоири Руми Бостон Ҳоратсий ба дунё омад. Ҳоратсий аз шоирони саршиноси даврони Ҷумҳурии Рум ва империяи Рум буд. Эҷодиёти ӯ ба даврони ҷангҳои шаҳрвандӣ ва даҳсолаи аввали низоми асосгузори Империяи Рум Октавиан Август рост меояд.
Соли 1706 публистисти фаронсавӣ Абраам Николя Амелот де ла Гуссе тарки олам кард. Вай моҳи феврали соли 1634 дар Орлеан ба дунё омада буд.
Соли 1811 дар Ричмонд модари Эдгар По Элизабет По аз олам гузашт. Он вақт шоири оянда ҳамагӣ 2 сол дошт. Яксола буд, ки падараш тарки хонавода кардаву бори гарони зиндагиро бар дӯши ҳамсараш гузошта буд. Эдгар По баъди марги модар ба тарбияи як оилаи бефарзанд дода шуд.
Соли 1830 нависандаи фаронсавию швейтсарӣ Бенҷамин Констан де Ребек («Адолф») дар синни 63-солагӣ дар Порис даргузашт. Бенҷамин Констан яке аз бузургтарин намояндагони романтизми фаронсавӣ мебошад. Бенҷамин аз ҷониби муаллимони хусусӣ таълим дода шудааст. Аввалин асари адабии худ эпопеяи қаҳрамонии «Ритсарҳо”-ро дар синни дувоздаҳсолагӣ эҷод кардааст.
Соли 1832 Бёрнстерн Мартиниус Бёрсон – нависандаи норвегӣ дар мулки Бёрген, дар деҳаи хилвати Квикне дар минтақаи Остердален, тақрибан шаст мил ҷанубтар аз Тронхайм ба дунё омад. Бёрсонро яке аз чаҳор нависандаи бузурги Норвегия меҳисобанд. Ў айёми бачагии худро маҳз дар ҳамин мавзеи хушманзара гузаронидааст. Нависанда дар соли 1903 барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт гардид. Бёрнстерн дар давраи донишҷўӣ ба фаъолияти рўзноманигорӣ машғул шуда, ба танқиди драмавӣ машғул шудааст.
Вай бештар барои суруди миллӣ, ки матнашро навишта буд, шуҳрат ёфт. Повестҳои «Сюнёве Сулбаккен», “Ҷавони хушҳол”, “Суруди тӯёна”, романҳои “Ғубор”, “Парчамҳо дар шаҳр ва бандар”, “Дар роҳи Худо” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.
Соли 1859 дар Эдинбурги Шотландия дар синни 74-солагӣ, нависандаи англис, очеркнавис Томас де Квинси ҷаҳонро падруд гуфт. Се сол пас аз марги падари Томас оила номи Квинсиро ба де Квинси иваз карданд. Баъд аз хатми мактаб Де Квинси барои дохил шудан ба Донишгоҳи Оксфорд омодагӣ медид, аммо ба ҷойи он аз хона гурехт. Дар соли 1802 ӯ дар Лондон, бе пул, амалан гурусна монд, аммо ҳарчанд дар ҳолати рӯҳафтодагӣ қарор дошт, ба хона барнагашт. Томас ба шеър шавқ пайдо кард, алахусус ба матни Уилям Ворсворт. Соли 1803 Томас Де Квинси ба Донишгоҳи Оксфорд дохил шуд ва ҷиддӣ кор кард.
Соли 1859 дар Эдинбурги Шотландия дар синни 74-солагӣ, нависандаи англис, очеркнавис Томас де Квинси ҷаҳонро падруд гуфт. Се сол пас аз марги падари Томас оила номи Квинсиро ба де Квинси иваз карданд. Баъд аз хатми мактаб Де Квинси барои дохил шудан ба Донишгоҳи Оксфорд омодагӣ медид, аммо ба ҷойи он аз хона фирор кард. Дар соли 1802 ӯ дар Лондон, бе пул, амалан гурусна монд, аммо ҳарчанд дар ҳолати рӯҳафтодагӣ қарор дошт, ба хона барнагашт. Томас ба шеър шавқ пайдо кард, алахусус ба матни Уилям Ворсворт. Соли 1803 Томас Де Квинси ба Донишгоҳи Оксфорд дохил шуд ва ҷиддӣ кор кард.
Тирамоҳи соли 1863 аз бемории шуш Наталя Гончарова, ҳамсари шоири маъруфи рус А.С.Пушкин вафот кард. Наталя дар оилаи Николай Афанасевич Гончаров фарзанди шашум ва духтари хурдӣ буд. Наталя Гончарова дар хона таҳсилоти аъло гирифт ва ӯ забонҳои фаронсавӣ, олмонӣ ва англисӣ, грамматика, асосҳои таърих ва географияро медонист, аз адабиёт низ хеле хуб огоҳ буд. Соли 1831 Александр Пушкин ва Наталя Гончарова дар калисои Вознесси Москва издивоҷ карданд.
Соли 1894 Ҷеймс Тёрбер нависанда ва ҳунарманди амрикоӣ дар оилаи моҳигир Чарлз Турбер ва Мэри Агнес дар Колумбус, Огайои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таваллуд шудааст. Падару модараш ба ӯ таъсири зиёд расониданд. Джеймс дар кўдакӣ бар асари захмӣ шуданаш аз ҷониби бародараш як чашмашро аз даст дод, тадриҷан тамоми умр нобино шуд. Солҳои 1913 то 1918 дар Донишгоҳи Огайо таҳсил кардааст, аммо бинобар сабаби нобиноӣ онро хатм карда натавонист. Аз ў меросе бо арзиш аз роману қиссаҳои кўтоҳи фаровон баҷо мондааст.
Соли 1937 дар шаҳри Олмаатои Қазоқистон бо ҳукми НКВД чун “душмани халқ” адабиётшинос, нависанда, шоир ва тарҷумони қазоқ Аҳмад Бойтурсинов ба қатл расид.
Таҳияи Сайёра Каримов