Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 8-уми феврал
Соли 1828 дар минтақаи бандари Нант, Фаронса шоир, нависанда, намоишноманавис, яке аз поягузорони асарҳои илмӣ-тахайюлӣ, классики адабиёти саргузаштиву моҷароҷӯёнаи фаронсавӣ Жюл Верн ба дунё омад. Вай узви Анҷумани ҷуғрофиёдонҳои Фаронса буд. Бино ба маълумоти ЮНЕСКО теъдоди асарҳои тарҷумашудаи Жюл Верн баъди асарҳои Агата Кристи аз рӯйи шумора дар ҷаҳон дар ҷойи дуюм аст. Пеш аз ӯ Агата Кристи ва баъд аз ӯ Шекспир ҷой доранд.
Жюл Верн таҳсилотро бо хости падараш дар риштаи ҳуқуқ ба поён расонид, аммо завқи намоишноманивисӣ ва романнависӣ ӯро ба сӯи адабиёт кашид. Романҳои машҳуру сертарҷума ва серхонандаи адиб «Панҷ ҳафта дар болин», «Фарзандони капитан Грант», «Бист ҳазор франк дар зери баҳр», “Дар мадори моҳ”, “Моҷароҳои Африқо”, “Савдогарони пӯст”, “Даври дунё дар ҳафтод рӯз”, “Сафар ба аъмоқи Замин”, «Ҷазираҳои пурасрор», «Капитани понздаҳсола», «Тақдири Жан Морин» ва амсоли инҳо мебошанд.
9 марти соли 1886 ҷияни гирифтори бемории рӯҳии ӯ бо номи Гастон Верни 26-сола ду маротиба сӯяш тирандозӣ кард. Тири аввал хато рафт, вале тири дуюм ба буҷулаки пои адиб расид ва аз зарби ҳамин тир нависанда ланг шуд. Ин ҳодиса ба идомаи сафарҳо ва ҷаҳонгардиҳои Жюл Верн монеъ гардид ва ӯро лозим омад дигар ҳавову ҳаваси сайёҳӣ накунад. Вале Гастонро баъди ин ҳодиса то охири умраш дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ ҷо карданд.
15 феврали соли 1887 модари нависанда Софи тарки олам кард. Аммо Жюл Верн ба сабаби беморӣ натавонист ба ҷанозаи модар ҳозир шавад. Ин ҳодиса рӯҳан ба ӯ таъсир кард, вай акнун дигар аз алоқаи худро бо маконе, ки бачагии худро дар он гузаронда буд, кандашуда дид. Як сол баъд ба зодгоҳаш омад, то аз ҳақи мероси худ дифоъ кунад ва хонаи берунишаҳрии волидонашро фурӯшад.
Соли 1888 ба сиёсат рӯ овард ва дар идораи шаҳри Амйене интихоб шуд ва муддати 15 сол кор кард. Вай фаъолияти сиркҳо, намоишгоҳҳоро назорат ва сарпарастӣ мекард. Вале бо вуҷуди ин ҳама Верн ғояҳои ҷумҳурихоҳон, ки маҳз онҳо ба интихобаш кумак карда буданд, написандид ва то охир подшоҳихоҳ (монархист) боқӣ монд. Бо талошҳои ӯ дар шаҳр бинои сирк қомат афрохт ва ҳоло он номи Жюл Верн дорад. Соли 1872 соҳиби Ордени Легиони фахрӣ шуд.
27 августи соли 1897 бар асари сактаи қалбӣ бародараш Пол Верн аз олам рафт. Ин ҳодиса таконе шуд, ки адибро бештар шикаста кар. Ҳамзамон вай барои ҷарроҳии чашми бемораш иҷозат надод ва нобино шуд.
24 марти соли 1905 дар манзили худ бар асари бемории қанд тарки олам кард.
Соли 1849 шоири словенӣ Франтс Прешерен, яке аз созандагони назми миллии словенӣ ва забони словенӣ, намояндаи романтизм аз олам даргузашт.
Соли 1864 дар Петербург адабиётшинос, забоншинос, бостоншинос, тарҷумони рус Александр Христофорович Востоков вафот кард. Эҷодиёти шоирии Востоков дар анъанаҳои равшангарии рус устувор будааст. Вай муаллифи аввалин тарҷумаи русии гимни англисии «Худо Подшоҳро нигоҳ дорад» мебошад, (соли 1813 ба муносибати ғалаба бар фаронсавиҳо бо нотаи «Суруд ба подшоҳи рус», «Тоҷи пирӯзӣ ба сар кун” нашр шудааст. Дар абёти Востоков, ба қавли Кучелбекер рӯҳи забони русӣ «озод ва мустақил» равшан инъикос ёфтааст.
Соли 1886 дар Москав шоир, публистист, ходими ҷамъиятии рус Иван Сергеевич Аксаков вафот кард. Ӯ маълумоти ибтидоиро дар хона гирифтааст ва дар синни 10-солагӣ аллакай ба хондани газета машғул буд. Аввалин асари бузурги назмии Аксаков «Зиндагии мансабдор, асрор дар 3 парда» мебошад.
Соли 1900 дар Санкт-Петербург нависандаи шӯравии рус, забоншинос ва филолог, публитсист, рӯзноманигор Лев Успенский таваллуд шудааст. Лев дар синни 5-солагӣ хонданро ёд гирифт ва соли 1906 ба мактаб дохил шуд, вале бо исрори духтур ӯро ба боғчаи бачагон гузаронданд. Дар соли 1925 аввалин асари илмии худ – «Забони русии давраи инқилоб»-ро ба табъ расонд. Ӯ дар кори таҳияи луғати русии қадим иштирок карда, ду китобро оид ба мифологияи Юнони Бостон навишт.
Соли 1946 дар маҷаллаи «Вокруг Света» повести илмӣ-тахаюлии Оспенский «Саёҳати Зета» дар бораи киштии зериобие, ки дар дарёҳои зеризаминии Аврупо шино мекард, чоп шуд.
Соли 1928 дар деҳаи Вардучи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) шоири тоҷик Акобир Шарифӣ дида ба олам кушод. Вай соли 1950 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо бо дипломи аъло хатм кардааст. Дар нашрияҳои бачагона, Телевизиони тоҷик ҳамчун асосгузор ва сармуҳаррири шҷъбаи бачагон ва наврасон ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик кор кардааст.
Барои бачагон эҷод мекард. Ашъори барои бачагон офаридааш дар маҷмӯаҳои «Бойчекак» (1959), «Наргис ба мактаб меравад» (1963), «Амаки милиса» (1965), «Афсонаи хараки лофзан» (1975), «Аҳмади кайҳоннавард» (1967), «Бӯрёкӯбон» (1972) ва ғайра ба табъ расидаанд. Ҳикояи «Амаки милиса»-и ӯ яке аз беҳтарин ҳикоя дар адабиёти кӯдак ба шумор меравад.
Асарҳои беҳтаринаш дар якҷилдаҳои «Тӯҳфа» (1973), «Бобои ман ордендор» (1975), «Тоҷикистони азиз» (1979), «Кори имрӯзаро ба фардо нагузор» (1980), «Айёми хушбахтӣ» (1985) ва ғайра пешкаши хонандагон гардидаанд.
Иддае аз ашъори ӯ ба забони халқҳои дигар тарҷума шудаанд. Аз ҷумла, китобҳои ӯ «Дядя милиционер» (1965), «Хвастливый осёл» (1966), «Не откладывайте на завтра» (Маскав, 1977) ва ғ.ба русӣ интишор ёфтаанд.
Китоби шеърҳои С. Маршак, К. Чуковский, А. Барто, Я. Аким, Д. Родари, Д. Мамин –Сибиряк, С. Михалков ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Аз соли 1962 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
14 августи соли 2007 аз олам даргузашт. (Ит.нав).
Соли 1976 шоири аҳли Латвия Эйжен Веверис даргузашт. Ӯ аз овони ҷавонӣ шеър эҷод мекард, вале ба нашри онҳо танҳо дар солҳои 60-ум шуруъ кардааст. Аксари навиштаҳои Веверис ба таҷрибаи зинда мондани ӯ дар лагерҳои консентратсионӣ бахшида шудаанд. Чаҳор китоби ашъори ӯ нашр шудааст.
Таҳияи Бобоҷон Шафеъ