Як семоҳа фаъолияти шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ
Хидматрасонӣ ба хонандагон, назорату коркарди фонд, тафтишу таҳрири картотекаҳо ва барқарор намудани баргаҳои фарсудашуда аз корҳои муҳимест, ки кормандони шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ давоми се моҳи аввали соли 2024 босифат анҷом доданд.
Фаъолияти босамари кормандони шуъбаро метавон дар қиёс бо соли гузашта ин гуна таҳлил кард:
Кормандони шуъба ба 304 хонанда 774 нусха адабиёт, оид ба маълумотномаҳои тиб, энсиклопедияҳо, донишнома, луғат ва ғайра пешниҳод намуданд.
Ин шумора дар муқоиса ба соле, ки сипарӣ гашт бештар аст. 81 хонанда нисбати ҳамин давраи ҳисоботӣ ва 283 нусха дархости адабиёт зиёд ба мушоҳида расид. Бештар рӯзҳои истироҳатӣ-шанбеву якшанбе шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ серхонанда аст. Ва мутолиакунандагон бештар олимон, шахсони миёнсол, рўзноманигорон ҳастанд.
Шуъба ҳамчунин китобҳои фонди шуъбаи нигоҳдориро ба рўйхати электронӣ ворид намуд. Кормандони шуъба ҳамарўза дар раванди хизматрасонӣ бо вуҷуди иҷро намудани дархостҳои ҳамарўзаи истифодабарандагони Китобхонаи миллӣ кормандони шуъба Фазолат Нобобова 2994 адад, Олуча Исмоилова 4608 адад, Шаҳзодаи Нурмуҳаммад 4628 адад, Қадамшоева Наврўзхотун 1467 китобҳоро шакли электронӣ намуданд.
Кормандони шуъба 60 номгўи маводро доир ба пешрафту тараққиёти имрўзи кишвар аз шабакаи интернет дастрас намуданд.
Дар баробари ин шуъба бахшида ба рўзи «Артиши миллӣ», “Рўзи модар” ва ҷашни “Наврўз” намоиши китоб баргузор намуда, кормандони он дар сомонаи расмии Китобхона мунтазам маводу мақолаҳои соҳавӣ менависанд.
Фирўза Раҳимова,
муовини сардори шуъбаи
маълумотдиҳӣ-библиографӣ.