Занон дар меҳвари Паём
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳ карданд. Ва ин бори аввал нест, ки Пешвои азизи миллат масъалаи бонувон ва шарафи зан дар ҷомеаро бахши муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар медонанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастгирии занон аз ҷониби Сарвари давлат боис ба он шуд, ки онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок кунанд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид месозанд, ки зани маърифатнок метавонад бо заковату хушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошад, балки ҷомеаро тарбият намоянд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар занону духтарони соҳибкасбу соҳибмаърифат дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ фаъолияти назаррас дошта, дар самти роҳбарӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзоянд.
Талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ки зан – модар ҳамчун тарбиятгару созанда ва ободкору маърифатпарвар рушд ёбад. Маҳз ҳамин боис гардид, ки имрӯзҳо симои зани тоҷик дар ҷомеа ҳамчун чеҳраи сиёсӣ шинохта шуд ва зани тоҷик дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ бар дӯш дорад.
Новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали истиқлол ва ноустувории амнияту суботи мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонидаанд, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намуд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занони лаёқатманд ба хидмати давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома меёбад.
Дар баробари ин, бобати тақвияти сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занону бонувон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шароит фароҳам оварда шуда истодааст.
Бояд иброз дошт, ки нақши занону духтарон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.
Пешвои миллат махсусан зикр намудаанд, “бовар дорам, ки занон ва модарону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд”
Шоир нек фармуда:
Зиндагӣ зебост, аммо зеби ин дунё зан аст,
Машъали оинадору шамъи маҳфилҳо зан аст
Дар тариқи ишқ мардонанд гоҳе булҳавас
То нафасҳои пасини ишқ побарҷо зан аст.
Байни ҷангалзори анбуҳе, ки мардон ҳокиманд,
Чун паланги шердил, ҳушёр дар саҳро зан аст
Шишаҳо аз санги яъсу ноумедӣ бишкананд,
Ҷомҳои бовару ҳамсояи мино зан аст
Қалби хоро ганҷро кон асту гавҳар зери об,
Куҳи мағруранд мардон, гавҳари дарё зан аст
Зан намесозад зи ёдаш дур талху шӯрро,
Лолаҳои доғ дар дил, наргиси шаҳло зан аст!
Сахт рӯзе, гар зи дасташ меравад домони бахт,
Дар дили мурдобҳо нилуфари танҳо зан аст
Такя бар дар мекунад, бар пушти ҳар девор на!
Кӯзаи пур аз ғаму бо гардани боло зан аст
Эй ки гуфтӣ: як паямбар нест аз занҳо ба даҳр,
Ҳар паямбар зодаи модар, бад- ин маъно зан аст.
Фароғат ТОЛИБОВА,
муовини сардори шуъбаи
феҳристнигорӣ, Раиси Шӯрои
бонувони Китобхонаи миллӣ.