Зикри хайр ва арҷмандиҳои устод Улуғзода

Агар адабиёти бадеӣ ба қавле шуур ва маҳсули дунёи маънавии башарият бошад, пас, мантиқан онҳое, ки осори гаронсанги адабӣ ва фаромӯшношуданӣ меофаранд, умри ҷовидона доранд. Яке аз ин шахсиятҳое, ки инак, 24 сол боз ҷисман бо мо нест, аммо рӯҳан бо осори пурмуҳтавои адабию бадеӣ, таърихиву илмиву пажӯҳишӣ, драматургияи басо муассиру омӯзанда, силсилаи мақолоту очерку гуфтовардҳои мондагораш дар ҳофизаи миллат  мавқеи устуворе дорад, устоди сухан, нависанда ва дромнавис, адабиётшинос ва мунаққид, узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Сотим Улуғзода аст, ки миёни мардум хеле маҳбуб иззатманд мебошад.

           Баъди устод Айнӣ, ҳар замоне, ки сухан аз насри бадеӣ, нақди адабӣ, драматургияи миллӣ биравад, дувумин шуда номи неки ӯро ба забон меоранд, зеро дар ин се соҳаи кори адабӣ Сотим Улуғзода ба қавле доди сухан дода, исми накуяшро дар таърихи фарҳанги миллӣ ҷовидона сабт кардааст.

           Бузурге фармуда, ки одам то он даме зинда аст, ки ӯро ёд мекунанд. Вақте сухан аз абармардони адабиёт ва фарҳанг меравад, чунин ёдкардҳо шукуҳу шаҳомати хосса касб мекунанд. Бо чунин шукӯҳу шаҳомат бо ибтикори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи миллӣ конфронси байналмилалии илмию амалӣ бо унвони “Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ” баргузор шуд, ки дар он муҳаққиқони адабиёт на танҳо аз донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, балки аз берун аз марзҳои он низ иштирок ва суханронӣ карданд. Дарҳол хулоса кунем, ки конфронси мазкур сазовор ба ному пайкори устод Улуғзода хеле пураҳаммият ва бонуфузу пурмаъно гузашт ва итминон дорем, ки дар ояндаи наздик ба рушди равияи улуғзодашиносӣ такони ҷиддӣ хоҳад дод.

              Субҳи рӯзи конфронс сараввал меҳмонону иштирокдорон дар оромгоҳи устод, дар Лучоб ҷамъ шуданд. Баъди фотеҳахониву гулгузорӣ суҳбати мухтасаре аз бузургвории устод Улуғзода дар ин макон амри воқеъ шуд. Қисмати асосии конфронс, яъне ҷаласаи ифтитоҳии он баъдан дар сохтмони асосии Донишгоҳи миллӣ оғоз гардид.

            Гардонандаи ҷаласаи ифтитоҳии конфронс доктори илмҳои филологӣ, профессор, декани факултаи филологияи ДМТ Сироҷиддини Эмомалӣ ҳузури мубораки меҳмонон ва иштирокдоронро хайрамақдам гуфт ва аввал ба ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода сухан дод. Дар ин суханронии мухтасар  аз аҳаммияти баргузории чунин ҳамоиш ва то чӣ андоза зарур будани зикри хайри устод Улуғзода андешаҳои хуб баён шуд. Ин ҳамоиш баъди даргузашти устод, ки 24 сол мешавад, нахустин ҷамъомаде буд, ки ҳама паҳлуҳои эҷоди бадеӣ ва илмиву сухансанҷии устод Улуғзода мавриди диду дарёфт қарор гирифт.

   Дар конфронс меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сарварии мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи хориҷии Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ, муҳаққиқ ва устоди Донишгоҳи Ослои кишвари Норвегия хонум Фарида Аҳмадӣ, хешовандону пайвандони устод Улуғзода, як гурӯҳ муҳаққиқон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо сарварии дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик Субҳони Аъзамзод, аз Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо сарвари ректори он профессор Жило Гулназарова, дигар намояндагони илм аз донишгоҳҳои Бохтару Кӯлоб, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти АМИ Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, инчунин гурӯҳи адибон аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо сарварии Ато Мирхоҷа ва Абдулҳамид Самад иштирок карданд.

    Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Муҳаммаддовуди Саломиён баъди хондани номаи табрикии вазири маориф ва илм роҷеъ ба забондониву забоншиносии устод Улуғзода дар мисоли насри таърихияшон сухан гуфтанд. Ҷумъа Ҳамроҳ аз пайвандҳои ҷуғрофиёӣ ва миллии осор ва андешаи бузургвор хеле муфассал изҳори назар карданд. Бори нахуст дар илми суханшиносӣ мо шоҳиди баррасии инсоншиносонаи осори Улуғзода гардидем. Дар ин хусус меҳмони норвежӣ Фарида Аҳмадӣ дар мисоли романи “Фирдавсӣ” иттилои илмӣ дод.

     Баъдан Ато Мирхоҷа аз фазилатҳои шахсӣ ва асрори номи наку ба ёдгор гузоштани устод Улуғзода чанд ҳарфи муҳим гуфтанд. Абдулҳамид Самад аз хотироти хеш дар мавриди устод Улуғзода ва шуҳрати беназири ӯ ҳам дар зиндагӣ ва ҳам баъди фавташ ёдовар шуд. Оид ба муносибати эҷодии Сотим Улуғзода бо Аҳмади Дониш ва сабабу авомили ин пайванд профессори Донишгоҳи омӯзгорӣ Аъзам Худойдодов маърӯза кард. Сироҷиддини Эмомалӣ чанд нуктаи муҳимро аз рӯзгор ва пайраҳаи эҷодии Улуғзода ва таъсири эҷодии ин суханвар ба адибони баъдӣ хотирнишон сохт.

                   Дар ҳамин ҷаласаи ифтитоҳӣ саҳнае бар асоси матни қиссаи “Ривояти суғдӣ” аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода намоиш дода шуд. Ҳунармандони ҷавони ансамбли халқии “Наврӯз”-и ДМТ бо барномаи махсуси консертӣ дар охири ҷаласаи ифтитоҳӣ хотири иштирокдоронро шод гардониданд.

         Дар бахши адабиётшиносӣ (бо роҳбарии профессор, узви вобастаи АМИ Тоҷикистон Аламхон Кӯчарзода) оид ба истиқболи устод Улуғзода аз насри устод Айнӣ худи устод Кӯчарзода, роҷеъ ба осори чеҳраҳои адабиёти ҷаҳон дар тарҷумаи Сотим Улуғзода – дотсент Муртазо Зайниддинзода, оид ба мактаби адабии устод Айнӣ ва камолоти ҳунарии Сотим Улуғзода профессор Абдулҳай Маҳмадаминов, роҷеъ ба Сотим Улуғзода дар таҳқиқоти Худоӣ Шарифзода профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул, оид ба аносири фолклор ва суннатҳои мардумӣ дар романи “Фирдавсӣ” профессори фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ, доир ба андешаҳои адабиву танқидии Сотим Улуғзода дотсенти Донишгоҳи Хуҷанд Субҳони Аъзамзод, оид ба симои устод Айнӣ дар қиссаи “Субҳи ҷавонии мо” дотсенти кафедраи педагогика Иззатмоҳ Афғонова, оид ба таҳқиқи осори Ибни Сино аз ҷониби устод Улуғзода муаллима Н. Сафарова, оид ба диди эстетикии устод Улуғзода дар насри таърихӣ Ҳафиз Раҳмон маърӯза карданд.

 Суханрониҳои профессори ДДОТ ба номи С. Айнӣ В. Элбоев (оид ба Ибни Сино дар пажӯҳиши устод Улуғзода), устодони ДМТ Қарор Нурқаев (тасвири бадеии инсон дар қиссаҳои устод Улуғзода), Илҳом Бобомаллаев (мавқеи насри ҳуҷҷатӣ дар осори устодон Улуғзода ва Шукӯҳӣ), муҳаққиқони ҷавон Л. Шарифзода (маърифати осори бадеии устод Турсунзода аз назари Сотим Улуғзода), Ҳ. Каримова (Сотим Улуғзода дар шинохти Урун Кӯҳзода), З. Абдулҳаев (оид ба “Ёдномаи Аҳмади Дониш”-и устод Улуғзода) ва чанде дигар пажӯҳишҳои тоза ба шумор мерафтанд.

              Дар бахши забоншиносии конфронси байналмилалӣ профессорон Шаҳбоз Кабиров, Фарангис Шарифова, уламои забоншинос Ҳамрохон  Дӯстзода, М. Олимҷонов, Д. Ҳомидов, Н. Каримов, устодон М. Абдураҳмонова, Ф. Мирзоёров, М. Музофиршоев, В. Абдулазизов, Х. Камолзода, Ш. Мавлонзода, М. Ҳайдаров, Г. Камолова, Б. Аловуддинов, Д. Алиева, Ш. Шарифова, Н. Солиҳов, Ф. Акрамов, омӯзгорон аз Донишгоҳи Кӯлоб О. Кенҷаева, Ш. Рустамшо, аз Донишгоҳи Хуҷанд З. Ӯлмасова, М. Тиллохоҷева, Ш. Пӯлодова ва боз чанд олими дигар оид ба масъалаҳои забоншиносӣ дар робита бо осори устод Улуғзода маърӯзаҳо хонданд.

            Далели муҳим ин буд, ки то оғози конфронс маҷмӯаи мақолоти устодону муҳаққиқон бо унвони “Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ” (264 саҳифа, бо фарогирии 40 мақола) дар матбааи худи Донишгоҳи миллӣ ба табъ расонида шуд. Ин китоб зери назари вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик М.С. Имомзода ба нашр расида, дар таҳияи он С. Эмомалӣ, М. Зайниддинзода, Қ. Нурқаев, И. Бобомаллаев заҳмат кашиданд. Таҳрири матни маҷмӯа ба уҳдаи А. Кӯчарзода, А. Маҳмадаминов ва Ҳафиз Раҳмон вогузор шуда буд.

             Ин конфронси бонуфуз бор дигар собит кард, ки номи нек ва осори мондагори устод Улуғзода, то даме ки миллату давлати Тоҷикистон побарҷост, ба ин миллату давлат хидмати бебаҳо хоҳад кард.

Ҳафиз РАҲМОН