Рӯзи Мавлоно ба ҳама равандагони роҳаш ва ошиқони шеъру адаб муборак бод!

Биравед, ай ҳарифон, бикашед ёри моро,

Ба ман оваред охир санами гурезпоро!

Ба баҳонаҳои ширин, ба таронаҳои заррин,

Бикашед сйи хона маҳи хуби хушлиқоро!

В-агар ӯ ба ваъда гӯяд, ки дами дигар биём,

Ҳама ваъда макр бошад, бифиребад ӯ шуморо!

Дами сахт гарм дорад, ки ба ҷодуиву афсун,

Бизанад гираҳ бар об ӯву бибандад ӯ ҳаворо!

Ба муборакиву шодӣ, чун нигори ман дарояд,

Бинишин, назора мекун, ту аҷоиби Худоро!

Чу ҷамоли ӯ битобад, чӣ бувад ҷамоли хубон,

Ки рухи чу офтобаш, бикушад чароғҳоро!

Бирав, ай дили сабукрав, ба Яман, ба дилбари ман,

Бирасон салому хидмат ту ақиқи бебаҳоро.

 

***   ***   ***

Ошиқонро гарчи дар ботин ҷаҳоне дигар аст,

Ишқи он дилдори моро завқу ҷоне дигар аст!

Синаҳои равшанон бас ғайбҳо донанд, лек

Синнаи ушшоқи ӯро ғайбдоне дигар аст!

Бас забони хикмат  андар шавқи  сирраш гӯш шуд,

З-он, ки мар асрори ӯро тарҷумоне  дигар аст!

Як замини нуқра, бин,  аз лутфи ӯ дар айни ҷон,

То бидонӣ, к-он  маҳамро  осмоне дигар аст!

Аклу ишқу  маърифат шуд нардбони боми Ҳақ,

Лек Ҳақро  дар ҳақиқат  нардбоне  дигар аст!

Шабравон  аз шоҳи ақлу  посбон он сӯ шаванд,

Лек он ҷонро аз он сӯ посбоне  дигар аст!

Дилбарони роҳи маънӣ  бо диле оҷиз буданд,

Ваҳшиён омад, ки дилро  дилситоне дигар аст!

Аз забонҳо баркушода бар дили бирбурдае,

Ай забонҳо  баркушода бар дили бирбудае,

Лаб фурӯ бандед, к-ӯро ҳамзабоне дигар аст!

Шамси Табрези чу шамъу  шаъмҳо  парвонааш,

З-он ки андар айни дил ӯро аёне дигар аст!

 

***   ***   ***

Хидмати бе дӯстиро қадру қимат ҳаст? Нест!

Хидмат андар даст ҳасту дӯстӣ  дар даст нест!

Дӯстӣ  дар андарун  худ хидмате пайваста аст,

Ҳеҷ хидмат  ҷуз муҳаббат дар ҷаҳон  пайваст нест!

В-ар ту мастӣ менамойӣ, дар муҳаббат чун найӣ,

Ишқ гуяд: «Дуғ хурду дуғ хурд, ӯ маст нест!»

Пасту боло чанд ёзад аз такаллуф дар ҳаво,

Чанд худро паст дорад он касе, к-ӯ паст нест?!

Ҳамчун моҳӣ  монда дар доми  ҷаҳон з-он баҳр дур

В-онгаҳон пиндошта худро, ки андар шаст нест!

Аз китоби «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб».