Китоби нав: Риёзии Самарқандӣ: «Девон»

Риёзии СамарқандӣМавлоно Имомуддин Риёзии Самарқандӣ аз ҷумлаи шоирони маъруфи садаи понздаҳуми мелодӣ мебошад. Ӯ шоири соҳибдевон ва бо Ҷомию Навоӣ ҳамзамон аст. Девони ӯ аз ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ ва фард иборат буда, ба мавзуи ишқ, зебоӣ, ахлоқ ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Китоб, ки соли гузашта дар нашриёти “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд дар таҳия, тавзеҳ, нусхабадал ва муқаддимаи Баҳром Раҳматов чоп шудааст, барои олимони соҳаи суханшиносӣ, адибон, донишомӯзон ва оммаи васеи халқ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчуноне дар мақолаи аввали китоб “Баҳсе дар бораи рӯзгор ва осори Риёзии Самарқандӣ” мехонем, Мавлоно Риёзии Самарқандӣ дар муҳите рушд кардааст, ки адабиёти форсӣ – тоҷикӣ як навъ марҳилаи камолоти худро хулоса мекард ва дар садади ҷамъбасти он буд. Асри понздаҳуми мелодӣ (нуҳуми ҳиҷрӣ), асри баъди Ҳофиз, асри буҳронзадагии шеъру «ҳофизтарошӣ»-и шоирон; асри ҳукмфармоии сабки Камол дар ғазал, асри ба инҳитот дучор шудани сабки ироқӣ, вале дар баробари ин асри Ҷомӣ, асри нубуғи дубораи қариб ҳамаи анвои адабӣ, асри шукуфтани адабиёт, пойдории мактабҳои суханварӣ, асри илму ҳунар ва амсоли ин… Аз ин рӯ, баҳо додан ба шеъри ин давра, марҳалаҳои ташаккули он, самтгирии вежагиҳои сабки он, анвои адабии он кори духӯра ва як андоза дубуъда ҳам ҳаст. Ва агарчи ин баҳогузорӣ ба шеъри як шоир ҳам аз ин фазо бошад, вазъ чунин аст.

Аз сӯйи дигар, зуҳури шоирони зиёди соҳибдевон дар ин давра корро печидатар мекунад, вале дар ин самт низ баҳогузорӣ дубуъда хоҳад буд. Барои он ки аз як сӯ шоироне, чун Ҷомӣ ба арсаи адабиёт ворид шуданд, ки якчанд девон тадвин кардаанд ва, аз сӯйи дигар, шоироне, мисли Риёзӣ зуҳур ёфтаанд, ки девони кӯчаке доранд.

Бо он ки роҷеъ ба рӯзгору ашъори Риёзии Самарқандӣ борҳо дар таҳқиқоти муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ишораҳои ҷолиб мавҷуданду дар маъхазҳои гуногуни адабиву илмӣ низ маълумоти зиқимате маҳфузанд, доир ба ин масъала баҳс кардан кори осон нест. Масъалаи мазкур, яъне ҳаёту эҷодиёти шоири номӣ дар назари аввал содаву маъмулӣ менамояд, вале хеле мураккаб ва печдарпеч аст. Чунки дар таърихи адабиёти форсӣ – тоҷикӣ як идда шоирони риёзитахаллус фаъолият кардаанд, ки замони зиндагиву эҷоди қисмате аз онҳо ба ҳам хеле наздик аст. Ба ҷуз ин, ҳанӯз дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Риёзии Самарқандӣ таҳқиқоти алоҳида сурат нагирифтааст, то ки баъзе муаммоҳоро як андоза равшан ва роҳро бар равандагон ҳамвору осон намояд…

Хонандагон ҳоло имкон доранд бо “Девон”-и Риёзии Самарқандӣ дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.  Анӯшаи Ҷамолиддин

мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд