Зодрӯзи муаллифи “Қалами найшакарӣ”
Назри Яздонӣ – Шоири халқии Тоҷикистон аз зумраи донишмандони маъруфи кишвар аст, ки даҳсолаҳост шеър менависад, асарҳои илмӣ таълиф мекунад, пажӯҳишҳои пурарзиш анҷом медиҳад. Олим, шоир, журналист, пулистист, таҳлигар, мутарҷим…ва даҳҳо ҳунари дигар дорад. Хеле инсони хоксор ва дониш манди воқеъист. Китобҳои зиёд дорад, таълифоташ ба забонҳои зиёде тарҷумаву нашр шудаанд. Дар сомонаи Иттифоқи нависандагон дар борааш мехонем:
НАЗРИ ЯЗДОНӢ (Раҳматуллоев Назрулло) 18 августи соли 1949 дар ноҳияи Сангвори Вахё (ҳозира Тавилдара) таваллуд шудааст. Хонадонашон соли 1953 ба ноҳияи Сталинобод (Рӯдакии ҳозира) кӯчида, дар деҳаи Маҳмадшоҳ маскун шудааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар ҳамин ҷой (деҳаи Маҳмадшоҳи колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Рӯдакӣ) ба фарҷом расондааст. Соли 1967 ба шуъбаи англисии факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе дохил шуда, соли 1971 хатмаш намудааст. Аввалин шеъру мақолаи илмиаш дар даврони донишҷӯйӣ ба чоп расидаанд.
Баъди хатми донишгоҳ дар бахши таърихи фалсафаи Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор пардохта, соли 1981 дар Алмаато дар мавзӯи «Фалсафаи Ибни Сино дар «Ишорот ва танбеҳот» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Соли 1981 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи равобити адабӣ даъват шуда, дар ин вазифа то соли 1991 фаъолият будааст. Солҳои 1991-1999 мудирии шуъбаи назорат ва ҳамоҳангсозии Кумитаи оид ба корҳои дин дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Баъдан ба Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба кор омадааст.
Ашъораш дар китобҳои «Меҳрбон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Нурборон», «Дилнигора», «Нурполо» ва маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ба чоп расида, иддае аз онҳо ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, эстонӣ, олмонӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Аз забонҳои русӣ, инглисӣ, арабӣ, ӯзбекӣ, урду, украинӣ тарҷума мекунад. Шеърҳо, достонҳо, қиссаҳои алоҳидаи А. С. Пушкин, М. Ю. Лермонтов, В. Шекспир, Ҷ.Байрон, А. Ҷафрӣ, роману қиссаҳои ҷудогонаи Л. Каррол, З. Бистритская ва дигар адибони ҷаҳонро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. «Ишорот ва танбеҳот»-и Ибни Синоро (дар ҳамқаламии М. Диноршоев ва Т. Мардонов) аз арабӣ ба русӣ гардондааст.
Аввалин шоири тоҷик аст, ки бевосита аз инглисӣ ба тоҷикӣ тарҷумонӣ кардааст. Тарҷумаи «Ишорот» ҳам дар таърихи тарҷумаи илмии тоҷик аввалин намунаи баргардони бевоситаи арабӣ-русист.
Чандин баёзи манзуму мансур ва фолклорӣ таҳия ва тавзеҳ намудааст, ки ба забонҳои гуногун дар Киев, Минск, Таллин, Тошканд, Тифлис, Ҳаной, Прага, София ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон чоп шудаанд.
Осори зиёди публитсистӣ дорад. Китоби эссеҳои фалсафиву адабиаш «Ҳикмати озодагон» ба таҳқиқи тақдиру вижагиҳои ҳувийяти миллӣ ва фарҳанги имрӯзаи тоҷикон бахшида шудааст.
Дар сабти комили аудиоии «Шоҳнома» ширкат варзидааст.
Ба силсилаи ашъораш устодони суруди тоҷикӣ оҳанг бастаанду месароянд. Зиёда аз 30 сурудаш дар хазинаи тилоии Радиои тоҷик нигаҳдорӣ мешавад.
Тадқиқоти илмӣ дар китоби «Фалсафаи Ибни Сино дар «Ишорат ва танбеҳот», мақолоти зиёдаш ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дар Душанбе, Маскав, Тошканд ва Алмаато ба табъ расидаанд.
Феълан дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар болобурди савияи маърифату хештаншиносӣ камолоти ҷаҳонбинии вижаи миллӣ, таҳия ва нашри силсилаи «Тоҷнома», ки саҳми миллатамонро дар масири тамаддуни ҷаҳонӣ бо нашри манбаъҳои бостонӣ ва осори фарҳангии дараҷаи аввал собит месозад, ҳиссаи сазовор мегузорад.
Бо ордени «Шараф» (2011) ва унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (2014) сарфароз гардонида шудааст.
Аз соли 1988 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Назри Яздонӣ ин матолибро метавонед бихонед:
Меҳрубон. – Душанбе: Адиб, 1990. – 80 с.
Тоҷикистон беҳтар аз ҷон. – Душанбе: Ирфон, 1999. – 77 с.
Нурполо. – Душанбе: Адиб , 2009. – 264 с.
Қалами найшакарӣ. – Хуҷанд: Хуросон, 2017. – 206 с.
Ширинсухан, ширинбадан: Назм // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 23 март.
Хушаи гандум: Шеър // Садои Шарқ. – 1989. – №12. – С.83-84.
Парешонӣ; Оши ҳалол; Сухан; Оинапараст; Ишқи ногуфта: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 20 июл.
Ориёни бостонам; Тоҷикистони ҷавонам: Шеърҳо // Садои мардум. – 2001. – 16 июл.
Ифтихор; Ганҷи азиз; Сайри гули бодом; Хусравонии Ҳисор; Наврўзи ҷаҳонӣ; Ҷилваи баҳор: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 13 феврал.
Дар бораи шоир:
Мухтор, Ш. Суханҷў: Аз эҷодиёти шоири тоҷик Назрулло Раҳматуллоев // Комсомоли Тоҷикистон. – 1986. – 3 август.
Қалами зиёи бояд мисли ангушташ зинда бошад: Суҳбати рўзноманигор В. Баёнӣ бо сардори маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, шоир, файласуф Назрӣ Яздон // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2014. – 15 май.
Таҳияи Баргигул Наботова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.