125 соли Муҳаммадҷон Раҳимӣ

Муҳаммадҷон  РаҳимиМуҳаммадҷон  Раҳими 3 майи соли 1901 дар деҳаи Фойиқи ноҳияи Шофиркоми вилояти Бухоро дар оилаи шоири халқӣ ба дунё омадааст.  Дар айёми ҷавонӣ, то соли 1917 дар мактаби кӯҳна таҳсил карда, баъдан ба ҳунармандӣ машғул шудааст. Баъди Инқилоби  Бухоро дар идораҳои  молия ва назорат кору фаъолият намудааст. Муддате  мудири шуъбаи  тарғиботи  КМ ПК (б) Бухоро будааст. Соли 1922 ба фидоён пайваста, дар ҷабҳаҳои Шаҳри Сабз ва Бухорои Шарқи ҷангидааст.

Соли 1923 дар Комиссияи таъминоти Армияи сурх кооператсияи ҳунармандии Душанбе, солҳои 1924-1926 дар ҳайати ташкилоти Промкооператсияи Бухоро, соли 1926 дар идораи молия ва назорати шаҳри Душанбе кор кард. Соли 1928 мудири шуъбаи рузномаи «Тоҷикстони Сурх» будааст. Соли 1932 курси корманди молияи Ленинград (ҳоло Санк-Петербург)-ро хатм карда, мудирии шуъбаи коргузории Комиссариати молияи Тоҷикстонро ба уҳда доштааст.

Соли 1933 корро дар матбуот давом дода, баъди таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон солҳои тулонӣ корманди он будааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қӯшунҳои сарҳадӣ хидмат кардааст.

Аввалин шеърҳояш аз соли 1924 ба таъб расидаанд. Нахустин маҷмўааш таҳти унвони «Шеърҳои интихобкардашуда» соли 1940 чоп шудааст. Баъдан маҷмўаҳои «Достони санъат» (1945), «Марг ба марг, хун ба хун» (1943), «Ба душман бераҳм бош!» (1944), «Фирўзӣ» (1947),  «Кишвари  заррин» (1948) , «Дилафрўз» (1950), «Роҳи равшан» (1952), «Тиллои сафед» (1958), «Машъали  меҳр» (1960), «Сабоҳи сухан» (1963), «Рубоиёт ва дубайтиҳо» (1965), «Афсонаи Симурғ» (1967), «Оташи ҷовид» (1967), сеҷилдаи «Осор» ( 1978-1982) ва «Таронаҳо» (1991)-яш ба таъб расидаанд.

Соли 1942 дар асоси навиштани Муҳаммадҷон Раҳимӣ филми  ҳунарии «Писари Тоҷикистон» ба навор гирифта шудааст. Дар таҳия  ва нашри осори Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Шоҳин, Бобо Тоҳир, матни «Шашмақом» ва сеҷилдаи «Таронаҳои халқи тоҷикӣ» ширкат варзидааст. Таҳия ва таҳрири «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1954) ба ў тааллуқ дорад.

Маҷмўаи ашъори ба русӣ тарчуманамудаи ў «К вершинам счастья» соли (1964) чоп шуда, шеърҳои алоҳидааш  ба забони дигар халқҳо ҳам тарҷума ва нашр шудаанд. Асарҳои ҷудогонаи  А.С. Пушкин, Н. А. Некрасов, М. А. Крилов, Т. Г. Шевченко, М. Горкий, В. Маяковский, П. Тичина, С. Вурғун ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Осорхонаи ў дар шаҳри Душанбе зиёратгоҳи пиру барност. Муҳаммадҷон Раҳимӣ аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикстон буда, бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнатӣ, ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. 23 августи соли 1968 шоири шинохта ва тарҷумони боистеъдод Муҳаммадҷон Раҳимӣ аз олам даргузашт.

ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ДАР БОРАИ МУҲАММАДҶОН РАҲИМӢ ИН КИТОБҲОРО МЕТАПВОН ХОНД:

Муҳаммаҷон Раҳимӣ // Адибони Тоҷикистон [Матн]: Маълумотнома. – Душанбе: Адиб, 2014. – С.189-190.
Муҳаммаҷон Раҳимӣ // Адибони Тоҷикистон [Матн]: Маълумотнома. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С.276-277.
Муҳаммаҷон Раҳимӣ // Энсиклопедияи совети тоҷик [Матн]: Маълумотнома. – Душанбе, 1986. – С.233-234.

Таҳияи Набиҷон Набиев,
корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ