Ёқуб Одинаев: Сурат ва сирати Суқрот. Бахши 1
Суқрот – файласуфи бузурги Юнони қадим (асрҳои V – IV пеш аз мелод). Фаъолияти Суқрот ва пайравони ў, бахусус, Афлотун асосан бар зидди материализм атеизму мушрикӣ нигаронда шудааст. Мақсади асосии ў ба таври назариявӣ муайян намудани моҳияти адолат, ҳақиқат ва роҳи дурусти идоракунии давлат буд. Ў марди ба сурат зишту ба сират хирадманду зебо, асосгузори фалсафаи ахлоқиву сиёсӣ ва услуби майевтика дар фалсафа мебошад.
Соли 469 пеш аз мелод ба дунё омада соли 399 пеш аз мелод аз олам гузаштааст.
Шиори аслии Суқрот: «Ман медонам, ки ҳеҷ чизро намедонам» аст.
Шояд, ки Умари Хайём дар пайравии Суқрот рубоии зерини худро гуфта бошад:
Асрори азалро на ту дониву на ман
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугўи ману ту,
Чун парда бияфтад, на ту мониву на ман.
Ў ҳеҷ гуна асаре таълиф накардааст, андешаву ақидаҳояшро дар сўҳбатҳо бо шогирдони худ баён карда, гўё ки якҷоя бо онҳо ҳақиқатро чустуҷў мекард. Суқрот проблемаи коинот ва табиатро як сў гузошта, таваҷҷўҳи асосиро ба ҷустуҷў ва ҳаллу фасли масъалаҳои мантиқӣ ва ахлоқӣ додааст. Ба пиндори ў ҳар як одам агар дониши ҳақиқӣ дошта бошад, некўкор шуда метавонад. Ақидаи ў қадами аввал дар ин роҳ дарки нодонии худ ё нофаҳмии худ аст.
Суқрот мегўяд: «Ман медонам, ки ман чизеро намедонам ва ба ин андак ман аз дигарҳо хирадмандтарам, ки инро ҳам намедонам»
Суқрот гуё барои беҳурматӣ кардан ба худоҳои эътирофшудаи Афина ва фосид кардани ахлоқи ҷавонон гунаҳкор дониста шуда, тавасути нўшидани заҳр ба қатл маҳкум шуд. Суқрот ҳамчун қаҳрамони асосӣ ба сифати ҳамсуҳбат дар ҳамаи муколамаҳои Афлотун, инчунин дар «Ёддоштҳо дар бораи Суқрот»-и Ксенофонт тасвир мешавад.
ТАСВИРИ МУАРРИХОН
Баъзе муаррихин навиштаанд, ки Суқрот бисёр зиштсурату қариҳулманзар будааст. Шабоҳат ба кўзаи бузурге доштааст, ки сари бадтаркибу гардани кўтоҳ ва дасту пойи омоскарда (варамида) бад-он васл намуда бошанд. Ҳайкалтарошон муҷассамаҳои ўро ба пешонии фурўрафта ва сари тос ва чеҳрае паҳн ва чашмоне беҳолат ва бинии куфтаву пур аз лаккаву песа, қомате кўтоҳу шикаме баромада нишон медиҳанд.
Боз навиштаанд, ки аз ҷиҳати зоҳирӣ Суқрот бадқавора буд, қомати на он қадар баланд дошт, қадкутоҳ буд;
– бо шиками овезон;
– гардани кўтоҳ;
– сари калони бемўй;
– пешонаи азими барҷаста;
– бинии паҳни нўгболо бо сурохиҳои фарох;
– лабҳои гавс;
– рўйи варамида;
– шоҳкосачашм;
– назараш аз зери чашм;
Ў ҳамеша пойлуч сайругашт намуда, фақат зимистон кафши кўҳна ба пой мекард. Либоси фарсудаи Суқрот як чизи муқаррарӣ буда, бинандаро ба худ ҷалб менамуд. Боре Суқротро ҳангоми ба зиёфат назди шоир Агафон ба муносибати ғалабаи ў дар театри Афина бо либосҳои фохиру ороста мушоҳида намуданд, ки ин барои мухлисони ў ҳайратангез буд.
Суқрот зиндагии фақирона дошт.
Дар шарҳи ҳолаш навиштаанд, ки ў дар деҳаҳои назди Афина таваллуд шуда, вале аз таърихи таваллуд ва солу моҳаш маълумоти дақиқ дар даст нест, ба ҷуз он ки пайравонаш ҳар сол шашуми моҳи торгилюн, ки мутобиқ ба охири апрел аст, таваллуди ўро ҷашн мегирифтаанд.
Падараш Софроник сангтарош – ҳайкалтароши моҳир ва модараш Фенарет қобила (момодоя) будааст. Суқрот дар оғози ҷавонӣ касби падарро омўхта, бино ба ривояте, ҳайкалҳои грасҳо, яъне худовандони зебои Юнон, ки дар қалъаи Афина гузошта шудаанд, аз офаридаҳои ў будааст.
Ва ҳамчунин гуфтаанд, ки ў ду бор издивоҷ карда буд ва завҷаи дуюмаш, ки зани тундхўву носозгоре буд, Ксантипп ном дошта ва аз ў соҳиби се фарзанд шуда буд, яке бо номи Лампроклес ва дуввумӣ ба номи Херефон ва сеюмӣ ба номи Херекрат. Дар баъзе маълумотҳо омадааст, ки Суқрот аз Ксантипп се фарзанд писар доштааст: – писари бузурги ў Лампрок ва ду хурдӣ – Софроникс ҳамноми падараш ва Менексен.
Тамоми молу мулки Суқрот мувофиқи маълумоти Ксенофонт 5 мин арзиш доштааст. Ин маблағ хеле ночиз буд, ки он вақт аз арзиши як ғуломи хуб камтар буд. Тибқи иттилоъи Ксенофонт нархи як ғулом тақрибан як мин, дигарӣ ним мин ва сеюмӣ 5 мин, баъзан ҳатто то 10 мин ҳам мешавад. Масалан, аспи хуб 12 мин арзиш дорад.
Антифонти софист Суқротро истеҳзо намуда, дар ҳузури шунавандагонаш ба ў мегўяд: «Ту тарзе зиндагӣ мекунӣ, ки ягон ғулом назди хоҷаи худ зиндагӣ намекард, ғизою нўшокиат фақирона, либосат камбағалона, чор фасли сол бо худ ҳамон як либос; ту ҳамеша бе пояфзол ва бе қабо». Баъзе дигарон навиштаанд, ки Суқрот аз ҳамсар бетолеъ баромад, ду бор издивоҷ карда буд.
Дар бораи завҷааш Митро маълумоти кам боқӣ мондааст, ки Митро (зани якумаш) ва Ксантипп одатан баъди ҷангу ҷидоли байниҳамдигарӣ, якҷоя бо Суқрот дармеафтанд, то ки диққати тамошобини бетарафро ҷалб намуда, ўро масхара намоянд.
Суқрот ба посухи саволи оқибати издивоҷ чист мегуфтааст, ки издивоҷ мекунӣ ё намекунӣ, дар ҳар сурат пушаймон мешавӣ.
Ксенофонт мегўяд: «Ба ҷуръат метавон гуфт, ки тамоми зиндагии Суқрот дар миёни мардум сипарӣ шуд – бомдодон ба гардишу варзиш мепардохт ва дар соате, ки мардум ба сурати издиҳом дар майдони шаҳр равуо доштанд, ў ҳам бад-он ҷо мерафт ва боқии рўзро ҳам дар онҷо ба сар мебурд. Ва бо дастаҳои мухталифи мардум муошират мекард ва ғолибан дар ҳамин майдон сухан мегуфт ва ҳар кас, ки моили шунидани баёноташ буд, бад-он ҷо мерафт.
Суқрот аз моли дунё чизе надошт ва тамоми сарваташ аз 5 мин таҷовуз намекард. Ва бар хилофи соири фалосифа, ки дар муқобили шаҳрия (музди кор) ба шогирдон тадрис мекарданд, ҳаққуттадрисро ҳам аз касе намепазируфт. Ва рўзгорро ба мунтаҳои фақру қаноат мегузаронид ва ғолибан побараҳна буд ва фақат дар рўзҳое, ки меҳмонӣ мерафт, кафше аз сандал ба по мекард ва абои (болопўшӣ) фарсудаашро ба дўш меандохт. Ва зимнан бисёр пуртоқат буд ва мушкилиҳоро бо чеҳраи орому бетафовут таҳаммул мекард».
Антифон ба ў бо тааҷҷуб рўй оварда, мегўяд: «Эй Суқрот! Ман тасаввур мекардам касоне, ки фалсафа меомўзанд, хушбахттарин мардумонанд, аммо ба назари ман ту аз фалсафа ғайр аз бадбахтӣ чизе наяндухтаӣ. Ва агар ғуломе дар хонаи мавлояш, ҳатто як лаҳза ҳам дар он хона намеистод, охир ту чӣ гуна хушбахт ҳастӣ? Магар на он аст, бо бесифаттарин ғизоҳо номатбуътарин ошомиданиҳо қаноат мекунӣ ва як болопўши (абои) пора дорӣ, ки ҳам дар зимистон ва ҳам дар тобистон ба худ мепечӣ, на кафш ба по мекунӣ ва на қабо ба тан мепўшӣ ва боз интизори он ҳастӣ, шогирдонат ҳам ба ту тақлид кунанд, то хушбахт шаванд ва ҳол он ки ту худ бо ин вазъ бадбахтарини мардум ҳастӣ ва бо шогирдон низ роҳи бадбахтӣ меомўзӣ».
Суқрот ба тамкин гуфт: «Ту иштибоҳ мекунӣ. Эй Антифон! Оё гувороии ғизоҳо ва ғизоҳои ту камтар аст, ё ин ки ғизоҳое, ки барои чошнӣ мепазанд, дар қасри ту матбуътар аз ғизоҳоест, ки ман барои худ таҳия мекунам? Магар медонӣ, ки бо иштиҳои хуб ниёзе ба чошнӣ нест ва инсон дар ҳолати ташнагӣ оби содаро бо лаззат сар мекашад ва ҳаргиз ба фикри нушобаи дигар намеафтанд. Ва либос ҳам, ба тавре ки медонӣ, барои ҳифозати тан аз сармову гармост ва кафшро ҳам аз тарси маҷрўҳ шудани по дар ҳангоми роҳ рафтан мепўшанд? Пас эй Антифон, оё ҳеҷ дидаӣ, ки ман аз сармо дар хона монда бошам ва ё дар айни гармо ба хотири макони соя бо касе мушоҷара кунам ва ё аз тарси маҷрўх шудани поҳоям аз роҳ рафтан худдорӣ намоям…»
Суқрот пайкару равонашро бо ончунон вазъе одат дода буд, ки ҳар кас агар тибқи он амал мекард, осудахотир мезист ва ниёзе ба ҳазинаву олудагӣ намедошт ва қаноати ў ба қадре буд, ки ҳар андоза ҳам кор мекард, боз барои хароҷоти рўзонааш банд намемонд.
МАНБАЪ: Ё. Одинаев: “Муаммои қатли Суқрот”. Душанбе, “Ирфон”, 2006.
Хоннадагон ин китоби шавқоварро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд ва аз сарнавишти яке аз бузургтарин файласуфон замони Бостон Суқрот огоҳ шаванд.
Таҳияи Шабнами Мустафо,
муовини сардори шуъбаи
хизматрасонӣ ба истифодабарандагон.