Алоуддин ибни Аҳмад ибни Абдуллоҳ кӣ буд?

КандакорАлоуддин ибни Аҳмад ибни Абдуллоҳ, хаттот ва кандакори тоҷик. Зодгоҳаш деҳаи оббурдони Кўҳистони Мастчоҳ. Ҳунари хаттотӣ ва кандакориро аз кандакорони машҳури диёраш Ҳоҷӣ Маҳмуд, Боқӣ ва дигарон омўхтааст. Катибаҳои ба дасти Алоуддин кандашуда хеле зебову хоно буда, аксар аз худуди деҳаҳои Оббурдон ва Роиҷ пайдо шуданд. Санаи аввалини катибаҳои ў ба соли 1446 тааллуқ дорад.

Катибаҳои рўйи шаху харсангҳо ва қабрҳо, ки то замони мо мондаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки Алоуддин дар хаттотиву кандакорӣ низ ба пояи устодонаш расидааст.

Дар яке аз катибаҳояш байти зерин сабт аст:

Сар аз ин вартаи хунхора бадар натвон кард.

Оҳ аз ин роҳи хатарнок, ки дар пеши ман аст.

Ў бештар аз 40 сол бо ин санъат машғул шуда, устоди машҳур мегардад. Дар катибаҳояш бештар намунаҳои хати сулс, таълиқ ва девониро хело моҳирона истифода бурдааст. Бесабаб нест, ки кандакорон ва хаттотони баъдина ба ў пайравӣ кардаанд. Яке аз онҳо кандакор ва хаттоти асри XVI Боқӣ буд.

Осори Алоуддин дар фонди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ (таҳти рақамҳои 32,48,52, 132,149,165) маҳфузанд.

Адабиёт:

Мухторов, А. Санг ҳам  диле дорад. – Душанбе: 1986.

Мухторов, А. Эпиграфические памятники Кухистана. – Душанбе:1978.

Нуров, А.

МАНБАЪ: Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ. 1. С. 345.
Таҳияи Зафар Ғолибов
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ