Як рўзи адабиёт дар таърихи башар. 26-уми ноябр
Соли 1450 дар Шўш, ки аз тобеъи Шимохии Шервон аст, шоири форс-тоҷик Бадри Шервонӣ аз олам даргузашт. Ў дар синни 11 солагӣ ба шеъргўйӣ оғоз намуда ва дар шеъру шоирӣ худро шогирди Камоли Хуҷандӣ донистааст. Шоир марди фозилу донишманд, ҳозирҷавоб ва бадеҳагў будааст.
Бадри Шервонӣ дар ғазалиёташ ба мавзўъҳои ишқ, васфи зебоиҳои табиат, ғарибию фироқ ва ғайра даст задааст. Аз ин шоири хушкалом девони ашъор боқӣ мондааст, ки шомили 12433 байт ва ғайра мебошад.
Соли 1731 шоир ва созандаи сурудҳои мазҳабии Англия Уилям Купер дида ба олам кушодааст. Ў яке аз машҳуртарин шуарои замони худ ба шумор меравад.
Соли 1855 дар Қустантания, дар синни 56-солагӣ, мутарҷим ва нависандаи сиёсии лаҳистонӣ ва белорус Адам Митскевич аз олам даргузашт. Яке аз се шоири шинохтаи даврони романтизм ва яке аз бузургтарин шоирони Лаҳистон аст. Митскевич аз пешгомони намоишно манависии романтик буд ва дар Аврупо ва Лаҳистон бо Ҳуте ва Байрон муқоиса мешавад.
Адам Митскевич дар мубориза барои истиқлоли кишвараш, ки он замон бахше аз империяи Русия буд, ширкати фаъолона дошт ва ба далели фаъолиятҳои сиёсиаш панҷ солро дар Русия дар табъид гузаронд.
Соли 1926 дар Прага, дар синни 79-солагӣ нависанда, тарҷумон, шоира, намоишноманавис ва либреттонависи чех Элишка Красногорская даргузашт. Ў дар ҳаракати занон барои ҳуқуқу озодиҳои худ аз ҷумлаи фаъолон ба шумор мерафт.
Соли 1943 нависанда ва мақоланависи амрикоӣ Мэрилин Робинсон дар Сандпойнт ба дунё омад. Аввалин романи ӯ бо номи “Хонадорӣ” соли 1980 мунташир шуд ва ҷоизаи Бунёди Хеменгуейро аз худ кард. Романи дуюми ӯ “Гилеад” соли 2004 ба чоп расид ва ҷоизаи Конуни мунтақидони китоби миллӣ ва ҷоизаи Пулитсерро соҳиб шуд. “Хона” ва “Чак” аз ҷумлаи асарҳои дигари Мэрелин Робинсонанд.
Соли 1945 бори аввал ҳикояи нависандаи шведӣ Астрид Линдгрен «Пеппии Ҷӯроббаланд” нашр шудааст. Дар ин ҳикоя Пеппи духтарчаи нуҳсолаест, ки комилан мустақил ва дур аз волидайн ҳаёт ба сар мебарад. Ӯ як духтари шод ва меҳрубонест, ки мӯҳои сурхе дорад, падараш султони ҷазираи одамхӯрҳост ва зӯраш ба ҳар одаме мерасад. Рафтори Пеппи бо ҳама ҳамсолонаш мутақобил аст. Ҳама касоне, ки ӯро мешиносанд, аҷибу ғариб медонанд. Китоб ба забони тоҷикӣ тарҷума нашудааст, вале дар Эрон дар тарҷумаи чандин нафар борҳо чоп шудааст.
Таҳияи Сайёра Каримова