Устод Айнӣ ва номаҳои ӯ

Устод Айнӣ  ва номаҳои ӯИнститути забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ дар остонаи 145-солагии устоди бузургвор, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ туҳфа арзанда кард Бо талоши кормандони ин ниҳоди пажӯҳишии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Анзурати Маликзода ва Гулбаҳор Усмонова номаҳои устод Айнӣ бо номи “Мактубҳо” дар шакли як китоби зебову бузург (664 саҳифа) чоп шуд.

Анзурати Маликзод дар мақолаи муфассале бо номи “Устод Айнӣ ва номаҳои ӯ”, ки дар аввали китоб ҷой дода шудааст, менависад:

Номанигорӣ дар баробари офаридани назму насри дилангезу мондагор ҷузъе аз фаъолиятҳои доимӣ ва рӯзмарраи устод Садриддин Айнӣ будааст. Устод Айнӣ номанигориро чун жанри мӯҷазу хурди адабӣ ва паёмбару паёмрасони беминнат ба шахсиятҳои барҷастаи замони, давронаш бештар ба кор бурдааст. Жанри нома ё мукотиба ҳамчун яке аз василаҳои илмиву адабӣ барои устод Айнӣ хидмат кардааст.

Аз нависандагону  андешамандони ҳамзамонаш Устод Айнӣ бештар аз дигарон ба жанри номанигорӣ таваҷҷуҳи фавқулода зоҳир намудааст, ки мукотибаҳои зиёди аз ӯ меросмонда инро ба субут мерасонанд. Гоҳе дар як моҳ устод Айнӣ ба  шахсиятҳои маъруфи замон, мисли устод Лоҳутиву Миршакар, Турсунзодаву Пирмуҳаммадзода ва дигарон бештар аз 4-5 номаи муфассалу фарогири дорои масоили муҳиму гуногуни адабӣ-фарҳангӣ навиштааст, ки ин ҳолат баёнгари  соҳиби нерӯи  пурқуввати эҷодӣ будану нисбат ба масъалаҳои мубрами замон ва илму фарҳанг лаҳзае бетафовут набудани ӯст…

Китоби Садриддин Айнӣ “Мактубҳо”ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи
Гулистон ЛУНДИШОЕВА