Ду ғолиби даври аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз Китобхонаи миллӣ
26-уми майи соли ҷорӣ яке аз бонувони фаъоли шуъбаи феҳристнигорӣ Назира Доруева дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷойи дуюм ва “Диплом”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ гашт.
Назирабону бо донишу малакаи хуб,одобу рафтори намунавӣ, фарҳанги баланди суханронӣ ва симои тоҷиконаи худ назди кормандони Китобхонаи миллӣ ва шуъбаи феҳристнигорӣ обрую эътибори зиёд пайдо кардааст.
Аз 16 то 22 -и моҳи апрели соли 2023 Назира дар шаҳри Санкт-Петербург ва Москва дар китобхонаи марказии шаҳрии ба номи В.В.Маяковский сафари хидматӣ дошт.
Ҳамзамон дар мизи гирди китобхонаи миллии Руссия,зери унвони “Китобхона дар зиндагии шахси муосир”иштирок намуд ва аз китобхонаи давлатии ба номи В.И.Ленин дидан кард.
Рӯзи дигар дар форуми байналхалқии китобхонаи адабиёти хориҷӣ ба номи М.И.Рудомино дар мавзӯи “Ташаккули ояндаи китобхонаҳо”иштирок намуда, ҳамзамон бо иштирокчиёни ИДМ дар ҷамъбасти озмуни “Риштаҳои маданият” саҳми худро гузошт ва аз тарафи директори китобхонаи адабиёти хориҷӣ ба номи М.И. Рудомино диплому тӯҳфаҳо тақдим гирифт.
Ин ҳама кӯшишу ғайрати Назирабону аст, ки тӯли се сол талош мекунад, меомӯзад то ба қуллаҳои баланди ғолибият бирасад.
Аммо ин комёбии аввалину охирин барои кормандони Китобхонаи миллӣ нест. Абдуғаюр Саломов-сардори шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ низ дар аввалин даври озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт пирӯз шуд ва барои ширкат дар даври дуюм роҳхат гирифт.
Ширкат дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ барои кормандони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадаст.
Соли гузашта Назира Толибова ва Шаҳноза Дониёрова, ки ҳамакнун яке сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ва дуюми сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон мебошанд, дар даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”дар номинои адабиёти бачагона сазовори ҷойҳои 2 ва 3 шуда шуда буданд.
Муовини сардори шуъбаи феҳристнигрӣ,
Фароғат Толибова.