Саду бист соли Рина Осиповна Талман

ОсиповаРина Осиповна Талман моҳи феврали соли 1944, дар айни ҷӯши Ҷанги Бузурги Ватанӣ директори  Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ  таъин гардид ва то моҳи октябри соли 1946 дар ин вазифа заҳмат кашид.

Ӯ соли 1925 Донишгоҳи педагогии Ростовро хатм карда, дар мактаби ҳамагонии Ростови лаби Дон аз фанни таърих дарс гуфтааст. Соли 1930 ба пойтахти Тоҷикистон омада, бо ифтитоҳи Китобхонаи марказӣ дар ин ҷо фаъолияташро  оғоз мекунад ва ҳаёти хешро пурра ба равнақи кори китобдории тоҷик мебахшад, ба сифати мудири шуъба, муовини директории Китобхонаи давлатии Тоҷикистон  ба номи А. Фирдавсӣ босамар заҳмат кашида, сазовори унвони «Китобдори шоистаи Тоҷикистон» гардидааст. Р.О. Талман дар танзиму ба низом даровардани маводи библиографӣ хиштҳои аввалинро гузоштааст.

Нахустин феҳрасти китобҳоро тартиб дода, ҳамчун мутахассиси варзида  дар мураттаб ва таҳияи дастурҳои мухталифи библиографӣ ва маводи методӣ нақш гузоштааст. Бисёр комёбиҳои дар риштаи библиографияи миллии тоҷик ба даст омада бо номаш сахт марбут аст.

Нишондиҳандаҳои библиографии таҳия намудаи ў «Садриддин Айнӣ», «Мирзо Турсунзода», «Рўдакӣ», «Михаил Лермонтов», «Феҳристи китобҳои Тоҷикистон» , «Пахтакор бояд чиҳоро хонад?», «Муҳофизати ёдгориҳои мадании Тоҷикистон», «Тоҷикистон дар давраи  Чанги  Бузурги Ватанӣ», «НБО Кайроққум»,  «Дўстии халқҳо» ва ғайра қимати библиографию услубии худро нигоҳ медоранд  ва  мавриди истифодаи хонандагон қарор гирифтаанд.

Вай аввалин очерки мухтасар ва роҳнаморо ҳанўз соли 1954 дар бораи Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ  ба нашр расонида буд. Аксари кормандони  Китобхона нозукиҳои касбро омухтаанд.

Рина Осиповна Талман 120-сола шуд. Мутаассифона, дар талошҳои худ барои пайдо кардани маълумоти бештар аз зиндагиномаи ӯ ноком шудем. Танҳо чизе, ки дақиқ ин соли таваллуди ӯ: 1923 буд

Рӯҳаш шоду манзили охираташ обод бод!

Сабоҳат ИБРОҲИМОВА,
муовини сардори
шуъбаи коркарди адабиёт.