“Соли забони русӣ” дар ҷамъомади шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон
26 –уми декабри соли 2023 бахшида ба “Соли забони русӣ” чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бо иштироки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52 и назди Донишгоҳи словянии Русияву Тоҷикистон, хонандагони шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ва кормандони Китобхонаи миллӣ баргузор гардид.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода чорабиниро оғоз намуда, меҳмонону иштирокдоронро бо фарорасии соли нави мелодӣ шодбош гуфт.
Ҷонишини директори Китобхонаи миллӣ дар бораи фазилатҳои забондонӣ ҳарф зад ва аз ҷумла гуфт, ки донистани забон ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои ҳамаи мову шумо манфиатбахш буда, имконоти зиёдеро пешорӯи мо фароҳам меорад. Дар ин радиф таҷлил аз “Соли забони русӣ” бо ибтикори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ саривақтӣ буда, завқу ҳаваси хонандагонро ба омӯзиши забон зиёд мегардонад.
Сипас, барномаи театркунонидаи хонандагони шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон, ки аз саломнома оғоз гардид ва бо иҷрои суруду шеърхонӣ ва дигар бахшҳои ҷолиб идома ёфт.
Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 и назди Донишгоҳи словянии Русияву Тоҷикистон дар чорабинӣ шеърҳо қироат намуданд ва аз ҷониби Китобхонаи миллӣ бо китобҳо қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин хонандагони Муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии бачагона” сурудхонӣ карданд ва хотири ҷамъомадагонро шод намуданд.
Дар қисмати дигари чорабини суолу ҷавобҳо миёни иштирокдорон сурат гирифт ва инчунин ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва фестивалҳои байналмилалӣ , ки аксаран хонандагони шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мебошанд аз раванд, ки иштирок ва сафарҳои худ ба кишвари Русия нақл карданд.
Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории чунин маҳфилу чорабиниҳо дар он аст, ки насли навраси имрӯза барои омӯхтани забонҳо, шинохтани шоиру нависандагони дигар мамолик таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Наргис НАЗАРЗОДА