Донишҷўёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон таҷрибаомӯзони Китобхонаи миллӣ

Тибқи нақшаи ҳамкориҳои таълимӣ ва бо мақсади таҳкими донишҳои назариявию амалии донишҷўён, аз 08 – уми июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаомўзии таълими (библиографӣ)-и донишҷўёни соли сеюми ихтисоси 46.03.01 «Таърих»-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар маросими оғози таҷрибаомўзӣ муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода суханронӣ намуда, таҷрибаомўзонро барои интихоб намудани роҳи донишандўзӣ ва такмили маҳорати касбӣ табрик гуфт.
Номбурда таъкид намуд, ки таҷрибаомўзӣ яке аз марҳалаҳои муҳими омодасозии мутахассисони ҷавон буда, барои рушди дониш, таҷриба ва ҷаҳонбинии касбӣ мусоидат менамояд.

Дар доираи барномаи таҷрибаомўзӣ донишҷӯён ба фаъолияти бахшҳои гуногуни Китобхонаи миллӣ ҷалб шуда, бо низоми ташкили фондҳои китобхона, тартиби коркарди адабиёт, фаъолияти библиографӣ, хидматрасонии китобдорӣ-маълумотӣ, технологияи муосири иттилоотӣ ва дигар самтҳои фаъолияти муассиса аз наздик шинос хоҳанд шуд.
Таҷрибаомўзӣ то 19 июни соли 2026 идома ёфта, ба рушди малакаҳои касбӣ, такмили донишҳои соҳавӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавон мусоидат хоҳад намуд.
Фирӯза Маҳмадҷонова,
мутахассиси пешбари Маркази таҳсилот ва иноватсияҳои китобдорӣ