Порсигӯёни Ҳинду Синд. Наввоб Валимуҳаммадхон- писари Ғуломмуҳаммади Лоғарӣ мутахаллис ба “Валӣ”

Мутаваффо ба соли 1247 ҳиҷрӣ, мушовири давлатӣ дар сиёсати дохилӣ ва дорои фикре фавқулода равшан буд ва лоиқтарин вазири ҳукумати Толпурон ба шумор мерафт.

Забони форсӣ ва арабиро медонист ва ба ҳар ду забон шеър мегуфт. Девонаш, ки болиғ бар шаш ҳазор байт аст, муштамил бар ғазалиёт ва ду “Соқинома” ва “Достони Ҳир ва Ронҷҳа” мебошад. 

Чанд байт ба татаббуи Ҳофиз ҳам дорад.

ИНАК НАМУНАИ АШЪОРАШ:

Ба як ҳамла гирифтӣ мулки дилҳо,

На Зулқарнайн кардаст ин, на Доро.

                       —-

Агар он оҳуи раъно ба дом орад дили моро,

Ба нози чашми ӯ бахшам хироҷи мулки Дороро.

В-агар он муштарипайкар ниқоб аз рух барандозад,

Нисори ҳусни ӯ созам Маҳу Меҳру Сурайёро.

                           —- 

Осмонро бори ишқат сар ба гардиш медиҳад,

Кай Валӣ гардад, нигоро, борбардори шумо?

Ҳадяи ҳуснат наярзад мулки Эрону Ироқ,

Нақди ҷони хешро созем исори шумо.

                          —-

Тори сетор нест, ки бозаш кунӣ дуруст,

Ин тори дӯстист, ки бисёр нозук аст.

                                   —–

Гуфтамаш: Кам зан ба ман тири нигоҳ,

Гуфт, к-ин оини мижгони ман аст.

                    —–

Ҳоли рухсори ӯст қибланамо,

Рӯйи ӯ Каъбаи  мубини ман аст.

                  —–

Гар занам бӯса ба лаъли ту, зи беҳушӣ нест,

Саҳв аз нашъаи ишқ аст, зи майнӯшӣ нест.

                          —–

Ба рӯйи ӯ нахоҳам холи мушкин,

Ки гирди Каъбааш кофир нагардад.

                       —–

Санги расвоӣ мазан бар шишаи номуси хеш,

Чун Валӣ девонаи ишқи парирӯён мабош.

                    —–

Ҳафт иқлим агар ҳадяи зулфи ту диҳанд,

Торе аз турраи мушки ту харидан надиҳам.

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Бибишарифа Содиқзода, сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.