Баҳс атрофи “Фарзанди Хуршед” дар барномаи «Фурўғ»-и Китобхонаи миллӣ ва телевизиони “Баҳористон”

Фарзанди ХуршедИмрўз чорумин барномаи «Фурўғ»-и шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасон дар ҳамкорӣ бо телевизиони кўдакону наврасон «Баҳористон» сабт гардид. Гардонандаи барнома адиби маъруфи кӯдакнависи кишвар, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Азизи Азиз буд. Ширкатдорон ин навбат китоби «Фарзанди Хуршед»-и нависанда Додохони Эгамзодро мавриди баррасиву таҳлил қарор доданд.

Азизи Азиз иброз дошт, ки “ин қисса миёни хонандагони хурдсоли Додохони Эгамзод маъруфият дорад ва дар байни иштироккунандагони озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» низ машҳур аст. Ин китоби иттилооотӣ аст. Китобест, ки маълумот медиҳад, яъне нисфаш ҳақиқат аст, нисфаш тахайюли нависанда. Китоби хеле хуб аст. Вакте ба хондани он пардохтам, шарм доштам, ки дар бораи зардолуи Тоҷикистон маълумоти кофӣ надоштам. Пас аз мутолиаи ин китоб фаҳмидам, ки дар Тоҷикистон 300 намуди зардолу мерўяд. Шояд баъзеҳо як навъи зардолуро медонанд, зардолуи қандак. Зардолу як меваи боғҳои Тоҷикистон ифтихори мо низ ҳаст. Воқеан метавонем ба қавли устод Бозор Собир аз ҳар хору хаси Тоҷикистон ҳам ифтихор кунем”.

Вақте ин китобро кас мехонад ифтихор карда метавонад. Аҷибаш ин ки қаҳрамони ин китоб Хуршед писараки 10-сола ба духтараке бо номи Стефан аз Амрико ошно мешавад.

Сипас, бо хоҳиши Азизи Азиз хонандагони фаъоли шуъба мазмуну муҳтавои китобро нақл карданд. Байни иштирокдорони маҳфил суолу ҷавоб ва табодули афкор сурат гирифт.

Тазаккур бояд дод, ки ин маҳфил бо иштироки иштироккунандагон ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳафтае як маротиба баргузор мешавад.

МУХТАСАРИ “ФАРЗАНДИ ХУРШЕД”: Ба деҳаи Ворухи шаҳри Исфара аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонаводае иборат аз зану шавҳар ва духтарашон Стефан меҳмон мешаванд. Духтарак бо қаҳрамони китоб Хуршед ҳамсин аст. Стефан забони тоҷикиро намедонист, аз ин рў худро нороҳат ҳис мекард. Азбаски Хуршед забони англисиро балад буд, бо ҳам дўст мешаванд. Падари Стефан итилло пайдо кардааст, ки дар Тоҷикистон зардолуҳои хуб мерўяд. Модари Стефан ба ў гуфтааст, ки ҳамчунин дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфараи Тоҷикистон китобе мавҷуд аст, ки дар рўи санг наққошӣ шудааст, барои пайдо ва мутолиаи он онҳо ба Тоҷикистон меоянд

Китоби Додохон Эгамзод “ФАРЗАНДИ ХУРШЕД”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Раҳима АЪЗАМ,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.