Як рӯзи низофат дар остонаи вуруди фасли сабз
Дар остонаи баҳори гулфишон анъанаи неки поккориҳо ба истиқболи фасли сабз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз, шабе 10-уми феврал аз худ дарак дод. Даҳҳо нафар кормандони Китобхона бо сарварии Директори он профессор Ҷумахон Файзализода аз субҳи бармаҳал ба ҷойи кор ҳозир шуданд ва ҳар кадом тибқи таъиноти аз қабл тарҳрезишуда ба қитъаҳо рафтанд ва даст ба корҳои низофат заданд.
Ҳадаф роҳандозии як поккории ҳамаҷониба дар остонаи вуруди баҳор буд. Мебояд акнун батадриҷ ҳотаву ҷӯйборҳо аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо, баргҳои хазон, коғазу дигар ашёи бодоварда тоза карда шавад.
Нарм кардани бехи ниҳолҳо як вазифаи дигари ин талошҳо буд. Маъмулан бо омад-омади баҳор ин гуна корҳое, ки сабаби рушду сабз шудани гиёҳону дарахтон мегарданд, сурат мегиранд.
Китобхонаи миллӣ дорои як боғи басо шукуфон аст ва онро қитъа-қитъа ба шуъбаҳо тақсим кардаанд ва ҳар шуъба бе он ки касе амр кунад, масъули қитъаи худ аст. Дарахтонашро обёрӣ мекунад, атрофро тоза нигоҳ медорад, то ҳамеша аз он бӯи сабзаву гул ба машом расад.
Аксҳои ҳамкорамон Абдуғаюр Саломов
аз ҷараёни рӯзи низофат дар Китобхонаи миллӣ