Баҳси бақои ҳунарҳои мардумӣ дар мизи мудаввари Китобхонаи миллӣ
Имрўз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо ташаббуси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ мизи мудаввар бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид, ки «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, нигоҳдорандаи фарҳанги миллӣ» унвон дошт.
Дар кори он намояндагони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов», намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон иштирок варзида, роҷеъ ба ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва рушди деҳот ибрози назар намуданд.
Дар ин нишаст устоди кафедраи санъати ороишӣ, амалӣ ва монументалии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Маҳмадкарим Рақибов таҳти унвони «Нақши миллӣ дар сарчашмаҳои таърихӣ», устоди калони кафедраи забон ва фанҳои гуманитарии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов» Ҳабиба Солиева бо унвони «Нақши ҳунарҳои мардумӣ дар асарҳои Анваршо Сайфиддинов” суханронӣ намуданд.
Чорабиниро муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов оғоз намуда, иброз дошт, ки Китобхонаи миллӣ дар тарғиби сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бориз дорад ва Китобхона дар баробари қонеъ кардани эҳтиёҷоти хонандагон, бояд дар баргузор намудани чорабиниҳои фархангӣ-фароғатӣ, пеш аз ҳама ба ташвиқу тарғиби рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳм гузорад. Чорабиниҳои зиёди сатҳи байналмиллалӣ дар мавзӯи эҳёи хунарҳои мардумӣ бо иштироки коршиносон, эҷодкорон ва ҳунармандон таи солҳои охир дар Китобхона баргузор мегарданд.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ тазаккур дод, ки эҳёи ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати имрўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шинохти миллати тоҷик аст: “Ҳунарҳои мардумӣ фарогири ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, ба маҳсули дасти онҳо бояд таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир кард. Ҳунарҳои мардумии мо бешуморанд, ки месазад онҳоро омӯзему тарғибу ташвиқ намоем. Чун ҳунарҳои мардумӣ инъикосгари фарҳанги миллати тоҷик байни миллатҳои дигар мебошанд. Таърих ва осори гузаштагон исботи гуфтаҳои боло мебошанд. Миллати тоҷик тӯли асрҳои зиёд дар рушду нумӯи илму фарҳанг ва ҳунари башарӣ саҳми пурарзиш гузоштааст,-гуфт ӯ”
Ба андешаи Маҳмадкарим Рақибов– устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайниТоҷикистон “нақшу нигори ҳар давра баёнгари орзуву омоли ҳамон замон аст. Дар ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумӣ нақши давлати Сомониён хеле бузург аст. Нақшу нигори қадимтарин, ки дар хонаҳои маскунӣ пайдо шуданд, ба давраи Авасто ишора мекунанд. Барои пешрафти нақшу нигор намунаҳои дигари ҳунармандӣ, ба монанди кулолӣ, зироаткорӣ, кишоварзӣ, меъморӣ, чорводорӣ, шикор ва моҳигирӣ мусоидат намудаанд”.
Ҳамчунин Ҳабиба Солиева омўзгор аз «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов» аз нақши рассоми маъруф, дорандаи унвони «Арбобои ҳунари Тоҷикистон» Анваршо Сайфиддинов ва ҳунарҳои мардумӣ дар асархои ў ибрози назар кард. Вай аз ҷумла гуфт: “Ҷомеаи мутамаддинро бидуни фарҳанг наметавон тасаввур кард. Барҳақ фарҳангро ҳастии миллат номидаанд. Тасвири ҷудогонаи рассомони тоҷик, ки ба мавзӯи табиат ва омезиши он ба рангҳо, ҳаёти мардуми деҳот, асбобҳои кулолии кишвар, тасвири атласу адрас, гулдӯзиҳои зебо бахшида шудаанд, инъикосгари ҳунарҳои миллӣ буда, дар худ як ҷаҳон таассуроти баландро таҷассум менамоянд. Рассомон дар баробари тарғибгари фарҳанг будан, инчунин қосиди сулҳу дўстӣ ба шумор мераванд. Дар ин росто саҳми устод Анваршо Сайфиддинов сутуданист. Агар ба асарҳои устод нигарем, дар он нақши ҳунарҳои мардумӣ, мисли қуроқ, гулдӯзӣ, даврӣ, кўза, оинахалта, хум, чойнику пиёла, қафас, гаҳвора ва дутор мебинем, ки руҳияву унсурҳои миллӣ доранд”.
Дар чорабинӣ маҳсули дасти донишҷўёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ба тамошо гузошта шуд.
Раҳима Аъзам
Чорабиниҳои фарҳангӣ
Адабиёт доир ба фарҳанг