Китоби “Пешвои сангаршикани миллатсоз” -и Қодири Қосим рунамоӣ шуд

Қодири ҚосимИмрӯз, 15 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон рӯнамоии китоби Қодири Қосим “Пешвои сангаршикани миллатсоз“ доир гардид.

Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар оғоз изҳор дошт, ки китоби “Пешвои сангаршикани миллатсоз” перомуни рӯзгор ва фаъолияти меъмори Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақл мекунад.

Муаллифи китоб, ки шоҳиди воқеии давлатсозии Пешвои миллат ҳаст, аз дидаҳои хеш, аз бардоштҳо ва хулосаҳои беғаразона ба кулли мардуми Тоҷикистон, хоса ҷавонон бо забони содаву оммафаҳм аз ҳақиқати рӯзгори мо бо амри виҷдон ва ба ҳайси як зиёӣ башорат медиҳад.

Пешвои сангаршикани миллатсозДар рӯнамоии китоб муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, донишмандон, таҳлилгарон, рӯзноманигоронширкат доштанд.

Таъкид гардид,  ки рушди бомароми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар китоби мазкур воқеъбинона тасвир ёфта, ҳамаи дастовардҳо ва тараққиёту пешравиҳо, ки дар давраи таърихи навини миллат ба исми шарифи Президенти кишвар пайванди ногусастанӣ дорад, воқеъбинона мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Китоби “Пешвои сангаршикани миллатсоз” бидуни шак дар раванди ҷаҳонишавӣ ва чолишҳои сиёсиву фарҳангӣ дастури муфидест, ки ҳар як шаҳрванд бояд ба қадру манзалат ва эҳтироми Пешвои миллат бирасад.

Ёдовар мешавем,ки китоби “Пешвои сангаршикани миллатсоз” аз бист боб иборат буда, дар нашриёти “Эр Граф” ба табъ расидааст.

Абдураҳмон Раҳмонов, “Истиқлол”