Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” доир шуд
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи кории даври ҷамъбастии ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва маросими қадрдонии иштирокчиёне, ки дар даври ниҳоии озмун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, доир шуд.
Ҳамчунин 66 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври ниҳоии озмун сазовори ҷойҳои намоён гардиданд бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 66 нафар падару модароне, ки фарзандонашон дар даври ниҳоии озмун сазовори ҷойҳои намоён шуданд бо нишони “Маърифатпарвар” қадрдонӣ карда шуданд.
Дар оғози ҷаласа Дилрабо Мансурӣ – муовини Сарвазири Тоҷкистон суханронӣ карда, иброз дошт, ки тайи солҳои охир бо баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ мо мушоҳида мекунем, ки тамоми қишрҳои аҳолии кишвар дубора ба китоб рӯ овардаанд.
Дар идома Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илми кишвар қайд намуд, ки имсол дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” шаҳри Душанбе соҳиби 42 ҷойи намоён, вилояти Хатлон 32 ҷой, вилояти Суғд 27 ҷой, ВМКБ 13 ҷой ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 12 ҷойи намоён гардидан.
Ба таъкиди вазири маориф аз 21 ҷойи аввал 15 нафар барои “Шоҳҷоиза” дархост пешниҳод карданд. Ҳамчунин ба каммиссияи апелятсионии озмун 23 нафар барои бозбинии корашон ариза пешниҳод карданд, ки дархости онҳо қонеъ гардонида шуд.
Шаҳноза Даниярова сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бо нишони “Маърифатпарвар” қадрдонӣ гардид. Ӯ симни суҳбат ба мо гуфт, ки духтараш Бобоева Робия барои иштирок дар озмун тули 4 сол омодагӣ дидааст ва имсол дар номинатсияи ададбиёти кӯдакон сазовори ҷойи намоён гардид.
Ислом Саидов директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 ноҳияи Лахш буда, дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Ӯ зикр дошт ки дар номинатсияи эҷоди назм ширкат доштам, ҳамчунин изҳор дошт,ки озмун хеле шафоф гузашт, бисёр донишҳои навро омӯхт ва кӯшиш менамояд, ки соли оянда боз бо тайёрии бештар иштирок хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар ба як қатор кормандони Китобхонаи миллӣ ки дар баргузории даври ҷамъбастии озмун саҳми босазо гузоштаанд бо “Сипоснома” қадрдонӣ намуд.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки иштирокчиёне, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, 102 нафарро ташкил дода, онҳо бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва соҳибони “Шоҳҷоиза” 23 юми ноябр дар толори театри давлати академии ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.
Наргис Назарзода