Филологияи эронӣ бо илмҳои дигар чӣ робита дорад?

Филологияи эронӣФилологияи Эронӣ илмест, ки ба навиштаҷоти дуюнимҳазорсола (яъне аз асри VI пеш аз мелод то имрўз) сару кор дорад, ки дар давраҳои гуногун инкишофи таърихии халқҳои эронитабор ва тамаддуни эронӣ эҷод гардидаанд. Бинобар ин ба мутахассиси филологияи эронӣ зарур аст, ки бевосита ба таърихи халқҳои эронинажод, хусусан ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давроне, ки асар дар он эҷод шудааст, низ рўй оварад, то ба мазмуну мундариҷаи осори бозмондаи онҳо, ки дар шароит ва муҳити мушаххаси таърихӣ эҷод шудаанд, ошноии комил ва амиқ пайдо кунад. Аз он ҷое, ки осори хаттӣ ё шифоҳии эрониён маҳсули давраи мушаххаси таърихист, принсипи таърихият дар таҳқиқи он осор мавқеи хоса пайдо мекунад.

Бисёре аз матнҳои қадимии забонҳои эронӣ маҳсули таърихи халқҳои соҳибзабон аст. Масалан, матнҳои Авесто осори давронест, ки мардумони эронитабор дини зардуштиро пайравӣ мекарданд; мехнависҳои гуногуни забони форсӣии бостон шаҳодати қудрат ва пирӯзии давлати Ҳахоманишиҳо мебошанд; осори ба хатти оромӣ сабтгардидаи забони форсии миёна аз ғановати тамаддуни даврони Сосониён гувоҳӣ медиҳад; осори забони форсии дарӣ ба даврае рост меояд, ки мардуми эронитабор вориди фарҳанги исломӣ шудаанд. Барои он, ки матнҳои ин осор хонда шаванд, муҳаққиқ бояд ба таърихи он давра ё халқ хуб ошноӣ пайдо кунад. Бисёр матнҳои забонҳои эронии бостонӣ зимни ҳафриёти бостоншиносӣ ёфт шуданд, ки намунаи он матнҳои хоразмӣ ва портие мебошанд, ки зимни ҳафриёти харобаҳои шаҳри Нисо (наздики шаҳри Ашқободи имрўзаи Туркманистон) пайдо шудаанд. Ҳамчунин зимни ҳафриёти Саразму Панҷакенти бостонӣ асноди муҳимме ба забони суғдӣ дарёфт шудаанд. Дар навбати худ дуруст хонда шудани матн ва таҳлили филологию тарҷумаи онҳо барои ҳалли бисёр муаммоҳои таърихӣ ба таърихшиносон ёри мерасонад. Хониш, таҳлил ва тарҷумаи матнҳои асноди суғдие, ки дар кўҳи Муғи вилояти Суғди Тоҷикистон ёфт шуда буданд, маводи пурқиммати таърихиро барои мутахассисони риштаҳои гуногуни илми таърих муҳаё намуд. Ҳамин тариқ, филологияи эронӣ бо илми таърих робитаи ногусастанӣ дорад.

Филологи эроншиносро лозим аст, ки дар бораи мавқеи ҷуғрофии ин ё он давлати қадима, шаҳрҳою марказҳои фарҳангии давра, алоқахои  байни давлатҳо ва ҳудуди густариши сукунати халқ маълумот дошта бошад, ки ин филологияи эрониро бо илми ҷуғрофия алоқаманд мекунад. Дар зимн чунин соҳаҳои забоншиносӣ – забоншиносии ҷуғрофӣ (лингвогеография) ва забоншиносии минтақавӣ (ареалӣ)-ро низ ёдовар шудан лозим аст, ки нуқтаи иттисоли забоншиносӣ ва ҷуғрофия мебошанд ва муҳақиқони эроншинос доир ба мавзўоти ин бахшҳои илм низ рисолаву мақолотеро таълиф намудаанд.

Донистани вазъи иқтисодӣ, алоқаҳои тиҷоратии халқҳо ва роҳҳои асосии он ва ғайра барои хондани матн ва тафсири он ёрӣ мерасонад, аз ин рў, филологияи эронӣ бо илмҳои иқтисодӣ низ алоқаи зич дорад.

Барои барқарор кардани матн ва ё дақиқ кардани санаи таълифи он аз методҳои муосири кимёвӣ ва физикӣ истифода мебаранд. Ҳамчунин, бар пояи дастовардҳои илмҳои табиӣ бисёр назарияҳои илмҳои филолдогӣ ба вуҷуд омадаанд. Назарияи глоттохронология ва системаи таҷзияи забонҳо ва лаҳҷаҳо бар пояи назарияи таҷзияи радиологӣ, ки дастоварди илмҳои кимиё ва физика мебошад, эҷод шудааст.

Забоншиносии ҳиндуаврупоӣ, бахусус забоншиносии ориёӣ ва эронӣ, ки ҷузъе аз он мебошанд, бо илми биология равобити дерин дорад. Назарияҳои биосеноз ва соири мафҳумҳои марбут ба ҳамзистии олами органикӣ барои таҳқиқи ҳолати забонҳои эронӣ дар муҳити ҳамзистии онҳо бо соири забонҳо ба сифати заминаи илмӣ хидмат кардаанд. Дар асоси назарияи намудҳои К. Линей ва назарияи таҳаввули олами органики Ч. Дарвин назарияии «шаҷараи забон» ва методи забоншиносии муқоисавӣ – таърихӣ эҷод шудааст. Мавзўи ирсият ва нақши генҳо дар зиндагии олами органикӣ низ яке аз мавзўоти муҳимми илмҳои биологӣ, хусусан гнетика мебошад, ки назарияи генеалогияи забонҳо аз ҳамин мавзўъ маншаъ гирифта, нуқтаҳои назари он барои таъини ҷойгоҳи забонҳои алоҳида дар низоми забонҳои эронӣ ба кор гирифта шудаанд. Дар забоншиносии эронӣ муаян шудааст, ки дар шароити ҳамзистии таърихии мардумон дар баробари қаробати генетики забонҳои онҳо, сарфи назар аз дараҷаи хешигарии таърихиашон, дар ин забонҳо хусусияҳои муштараке ба вуҷуд меоянд, ки гоҳо боиси тағйири ҳолати муқаррарии онҳо мегарданд. Чунин ҳолат аксаран дар забонҳои эронӣ ва ғайриэроние, ба назар мерасад, ки дар вазъи «иттиҳодияи забонҳо» амал мекунанд ва ин ҳолат боз ҳамон назарияер ба хотир меорад, ки дар илмҳои биологӣ «тағйирнопазирӣ ва ирсият» номида мешавад.

Филологияи эронӣ, ҳамчунин, бо дигар соҳаҳои филология – туркшиносӣ, ҳиндушиносӣ, славистика, балканистика, ҳиндуаврупоишиносӣ низ алоқаи бевосита дорад, зеро забон бе робита бо забони дигар буда наметавонад ва дар забонҳои эронӣ калимаҳои зиёде аз ин забонҳо иқтибос шудаанд ё баръакс.

Филологияи эронӣ маҷмўи фанҳоеро дар бар мегирад, ки ба таҳқиқи кулли масоили забону адабиёт ва осори шифоҳии халқҳои эронинажод бахшида шудаанд. Бахши муқаддимавии он, ки ба барномаи таълимии донишҷўёни тахассуси филологӣ ворид шудааст, толибилмонро бо масъалаҳои асосӣ ва мубрами эроншиносии муосир ошно сохта, доир ба мавзўъҳои омўзиши ин фанҳо маълумоти умумӣ медиҳад. Мақсад аз омўзиши курси «Муқаддимаи филологияи эрон» ошно кардани донишҷўён бо таҳаввули тамаддун мардуми эронижод аз аҳди бостон то ба имрўз мебошад, то ки онҳо дар бораи халқияту қавмҳои алоҳидаи эронитабор, қаламрави сукунат, забон ва осори китобию шифоҳии онҳо, тафовут ва муштаракоти забонию фарҳангии ин мардумон маълумоти умумӣ ба даст оранд. Ошноии куллӣ бо ин масъалаҳо барои омўзиши амиқтари проблемаҳои илмие, ки баътар дар доираи фанҳои мушаххас омўхта мешаванд, ҳамчун заминаи илмӣ хизмат хоҳад кард.

Аз китоби Азиз Мирбобоев “Муқаддимаи филологияи Эрон”, Душанбе, 2015.

Ин китобро хонандагон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Б.Наботова,
мутахассиси пешбари
шуъбаи хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.