Суҳбати муфид аз танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Китобхонаи миллӣ
Субҳи имрӯз, 28-уми ноябр ҳайати Комиссияи ҷаъмиятии танзими анъана ва ҷашну маросим дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандони бахшу шуъба ва марказҳои Муассиса дар робита бо тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суҳбату вохӯриҳо анҷом дод.
Бояд тазаккур дод, ки комиссияи мазкур пеш аз ҳама, корҳои таблиғотиро дар сатҳи зарурӣ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” ба роҳ мондааст. Ин навбат бо мақсади доир намудани суҳбату вохӯриҳо дар самти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва тақвияти вазифаҳои комиссияи ҷаъмиятӣ барои иҷрои қонуни мазкур, дар байни шуъба, бахш ва марказҳои Китобхона, ки яке аз муҳимияти кори комиссия ба ҳисоб меравад, баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ котиби комиссияи ҷаъмиятии Китобхонаи миллӣ, сардори маркази Забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ Фарзона Мирзоева, аъзои комиссияи мазкур, сардори шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ Абдуғаюр Саломов, раиси Шӯрои бонувони муассиса, муовини сардори шуъбаи феҳристнигорӣ Фароғат Толибова ва намояндаи Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Дузеҳра Хушева иштирок ва суханронӣ намуданд.
Комиссия оид ба аҳамияти ин қонун дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум мубодилаи афкор намуданд.
Дар ин вохӯрӣ комиссияи доимии Китобхона барои камхарҷ доир намудани ҷашну маросимҳо, пешгирии қонуншиканиҳо ва таблиғи корҳои хайриявӣ баромад намуданд. Дар вохӯрӣ бо кормандон масъулин моҳияти қонуни мазкурро фаҳмонида, аз онҳо риояи қатъии онро талаб намуданд.