Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 29-уми ноябр

Вильгельм Гауф
Вилгелм Ҳауф

Соли 1802 дар Штутгарт афсонанависи олмонӣ Вилгелм Ҳауф ба дунё омад. Вай нависанда, новелланавис, доктори илмҳои фалсафа ва фиқҳ буд. Кулли эҷоди адиб дар се маҷмуаи афсонаҳои гирд омадааст, ки охирини он баъди маргаш рӯи чоп омадааст.

Соли 1861 мунаққиди рус, рӯзноманигор, шоир ва демократи инқилобӣ  Николай Александрович Добролюбов аз олам гузашт. Вай дар шаҳри Нижний Новгород дар хонаводаи кашиш дида ба олам кушода буд. Хеле ҷавон, дар синни 25-соолагӣ аз бемории сил тарки олам кард. Соле қабл дар хориҷи кишвар табобат карда буд. Аммо дигар ҳеч талоше барои зинда мондани мунаққиди шинохта коромад нашуд.

Клайв Стейплз Льюис
Клайв Люис

Соли 1898 дар Белфаст нависанда, олим, фақеҳ Клайв Люис ба дунё омад. Вай профессори адабиёти англис буда, дар тӯли умри пурбораш дар заминаҳои гуногуни адабиёт осори бисёре падид овард, ки аксари китобҳои ӯ дар бораи илоҳиёти масеҳӣ ва адабиёти асрҳои миёна ва даврони эҳё аст. Аз ҷумла, “Тамсили ишқ”, “Мутолеоте дар боби калом”, “Таҷрибае дар боби нақд”, “Тасвири раҳошуда”, “Аз сайёраи хомӯш”, “Он қудрати зишт” ва ғайра мебошанд.

Жолаи Исфаҳонӣ
Жола Бадеъ

Соли 1922 дар Исфаҳони Эрон шоири маъруф Жола Бадеъ ба олам омад. Аммо Донишномаи озоди форсӣ мегӯяд ӯ дар Табрез зода шудааст.

Бадеъ Жола Абулқосим, Жолаи Исфаҳонӣ, Жолаи Зиндарӯдӣ соли 1922 дар шаҳри Исфаҳони Эрон ба дунё омадааст. Аз оилаи заминдорӣ хурд. Дар зодгоҳаш коллеҷи англисиро хатм намудааст. Соли 1945 аввал ба Теҳрон, баъд ба Табрез омада, дар ташкилотҳои  прогрессивии занон кор мекунад ва дар  мактаби ҳарбии Табрез аз таърихи адабиёти Эрон дарс мегўяд.

Баъди шикаст хўрдани ҳаракати инқилобӣ дар Озарбойҷони Эрон соли 1946 Жола ба Иттифоқи Советӣ муҳоҷират кард.

Аввалин шеърашро дар 7-солагӣ сурудааст ва дар 13-солагӣ номашро ба Жола тағйир додааст. «Гулҳои худрў»  (Теҳрон, 1944) аввалин маҷмўаи шеърҳои ўст. Ашъори Жола аз лирикаи  гражданию фалсафӣ ва ишқӣ иборат буда, дар мавзуъҳои ҳамдардӣ бо мардуми заҳматкаши Эрон, дар муборизаи онҳо баҳри озодиву баробарӣ, ситоиши инсон, васфи ишқу вафо ва ғайра суруда  шудааст.

Маҷмўаҳои ашъори Жола бо унвони «Модарон сулҳ мехоҳанд»  соли 1956, «Зиндарўд» соли 1964, «Ҳангоми вафодорӣ» 1974,  «Киштии кабуд» соли 1978 ба ҳуруфи  арабӣ дар  Душанбе ба табъ расиданд. Миқдори зиёде аз ашъори ў ба озарбойҷонӣ ва русӣ тарҷума шуда, дар маҷмўаҳои алоҳида дар Боку солҳои (1950, 1955, 1956, 1958)  ва Москва солҳои (1956, 1960, 1965, 1967. 1970) чоп гардидаанд. Қисме аз осораш дар солҳои 60-70-ум дар маҷаллаи «Сухан» (Эрон) ба табъ расидааст.

Жола аз соли 1961узви Иттифоқи Нависандагони СССР буд.

Соли 2007 дар синни 76 – солагӣ дар бемористоне дар шаҳри  Лондан аз олам чашм пўшид.

Остонова Норинисо
Остонова Норинисо

Соли 2004 дар шаҳри Душанбе дар синни 65-солагӣ адабиётшинос ва тарҷумони маъруфи тоҷик  АНОРА (Остонова Норинисо) аз олам гузашт. Вай 2 декабри соли 1939 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда буд.

Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои тӯлонӣ дар нашриёти «Ирфон» адои вазифа намудааст. Мудири шуъба ва ҷонишини сармуҳаррир будааст. Чанд сол муовинии раиси Кумитаи табъу нашри ҷумҳуриро бар уҳда доштааст. Чанде сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ будааст.

Асосан ба тарҷумонӣ иштиғол варзида, осори Е. Снегирев «Медали тилло», О. Матюшин «Ҳикояҳо дар бораи Ленин», Н. Фрид «Ҷаллод ташнаи хун аст», О. Туманян «Гунаҳкор», Р. Файзӣ «Ҳазрати Одам», Буй Дик Ай «Зане аз Бай-Шао», Б. Лопес «Шакинё», А. Лупан «Боди мухолиф», В. Нуруллин «Зиндагӣ – оби равон», В.С. Иванов «Адоват», В. Делмар «Ғарибон», Ш. Ҳусейнов «Сухани вопасин», М. Шамхолов «Хушдоман» ва ғайраро ба тоҷикӣ гардондааст.

Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1985).

Бо ордени «Нишони фахрӣ» (1976) сазовор гардонида шудааст.

Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Михаил Глебович Успенский
Михаил Успенский

Соли 1950 дар шаҳри Барнаул нависанда, журналист Михаил Успенский таваллуд шуд.

Соли 1982 дар шаҳри Москав дар синни 55 – солагӣ нависанда, намоишноманавис ва филмноманависи Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Казаков тарки олам кард. Вай аз маъруфтарин ҳикоянависони ададбиёти Шӯравӣ буд.

Соли 2001 нависанда, намоишноманавис ва  филмноманавис Виктор Астафев аз олам гузашт. Вай 77 сол дошт. Астафев Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи ду Ҷоизаи давлатии СССР, Ҷоизаи давлатии Федератсияи Русия ба номи Горкий, дорандаи ордени Ленин, ширкаткунандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Романҳои “Барфҳо об мешаванд”, “Детективи ғамгин”, “Нафриншуда ва кушташуда”, повестҳои “Ағба”, “Дуздӣ”, “Ситорарез”, “Ҷойе ҷанг аст” ва ғайра мутааллиқ ба ӯянд.

Белла Ахмадулина
Белла Ахмадулина

Соли 2010 дар Переделкино дар синни 73-солагӣ бар асари бемории дил шоираи машҳури Шӯравиву Русия Белла Ахмадулина вафот кард. Шоираи маъруф яке аз муассисони баёзи адабии “Метропол” дар соли 1979 маҳсуб мешавад. Ӯ соли 1993 ҳамроҳ бо дигар ходимони маъруфи фарҳанги Русия зери санади маъруф ба “Номаи 42 нафар” имзо гузошта, дар он хостори манъи созмонҳои комунистиву миллатгароӣ ва таҳияи қонунҳои шадид алайҳи тарғиби фашизму адовати қавмӣ шуда буд.

Ашъори Ахмадулина аз ҷониби шоирони тоҷик тарҷума ва дар маҷмӯаҳо нашр шудааст.

Бен Бова
Бен Бова

Соли 2020 дар Нейплс дар синни 88-солагӣ нависандаи амрикоии асарҳои илмӣ-тахайюлӣ Бен Бова тарки олам кард. Бова аз ҷумлаи машҳуртарин адибони жанри тахайюл буд ва борҳо сазовори ҷоизаҳо шудааст.

Таҳияи Бобоҷон Шафеъ