Зодрӯзи собиқадорони мо. Раъно Иззатуллоевна Камолова
7-уми декабри соли равон яке аз собиқадорони Китобхонаи миллӣ – Раъно Иззатуллоевна Камолова ба синни мубораки 70 мерасад. Ҳамкори азизамонро ба ин муносибат самимона муборакбод мекунем ва барояшон беҳтарин хушиҳои оламро таманно дорем.
Раъно Иззатуллоевна Камолова 7 – уми декабри соли 1954 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1976 факултаи педагогии Институти давлатии педагогии ш. Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) бо дипломи аъло хатм карда, аз соли 1977 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон адои хидмат намудааст.
Дар шуъбаи коркарди адабиёт ва феҳримтнигорӣ ҳамчун китобдор, муҳаррири калон, саркитобдор кор карда, солҳои 1994-2007 мудири шуъбаи номрафтаро ба дўш доштааст.
Солҳои 2007-2013 муовини сардори шуъбаи коркарди адабиёт буд. Солҳои 1990-2005 ҳамзамон раиси иттифоқи касабаи Китобхонаро ба зимма гирифтааст. Доимо ў дар иҳотаи хонандагони Китобхона барои дарёфти китоби заруриашон қарор дошт, зеро онҳо ба хидмати беғаразонааш ниёз доштанд.
Дар индексгузории китобҳо маҳорат ва дониши баланд нишон дода, ҳаёти хешро сарфи пешрафти кори Китобхона ва соҳаи китобдорӣ намуда, бо машварату маслиҳатҳои муфидаш барои тарбияи мутахассисони ҷавон хидмат кардааст.
Саҳмаш ҷиҳати дар амал ҷорӣ намудани таснифоти китобдорию библиографӣ калон аст. Бешубҳа, аз зумраи бонувони заҳматписандест, ки дар пешбурди фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст, ба садҳо ва ҳазорҳо хонанда хидмат расонида, дар тарғиб ва дастраси умум гардонидани китоб донишу таҷрибаашро дареғ надоштааст.
Таҳти сарпарастиааш чанд насли мутахассиси ҷавон нозукиҳои пешаи китобдориро аз худ намудаанд. Миёни кормандон ва хонандагон ҳамчун китобдорӣ ботаҷриба эътибор дошт.
Сазовори унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» гардидааст.
Сабоҳат Ибрагимова, муовини сардори шуъбаи коркарди адабиёт.