Абёте аз Мирзо Малики Машриқӣ
Аз муҳаррирони дорулиншои шоҳ Аббоси мозии мағфур буда. Машриқи хотираш офтобзову матлаъи табъаш хуршедзиёст. Дар мусиқӣ низ камоли маҳорат дошта, соҳибтасниф аст.
Ўрост:
Ҳамчу хуршед қадам бар сари дунё дорам,
Оламе дар таҳи як обилаи по дорам.
***
Дилам зи сайри чаман дилшикаста меояд,
Чу доғи лола бар оташ нишаста меояд.
Зи қаъба ояму рашк оядам ба хунобе,
Ки аз зиёрати дилҳои хаста меояд.
***
Бокам аз ошўби маҳшар нест, метарсам, ки боз
Ҳамчу шамъи кушта бояд зиндагӣ аз сар гирифт.
***
Ё Раб, он кас, ки дами теғи туро обе дод,
Заҳмати ташнагии рўзи қиёмат накашад.
***
Хорему дар баробари оташ фитодаем,
Моро агар расад мададе, аз сабо расад.
***
Аз дили садпораам ҳар пора дурри оламест,
Ҷамъ месозам зи сад ҷо, дуди оҳе мекашам.
***
Ишқи болодастро нозам, ки аз Канъон ба Миср
Меравад дар хобу бар дилҳо шабехун мезанад.
***
Мабодо ҳеҷ касро ин сару кор,
Ки бошад дар гирифторӣ гирифтор!
***
Диламро орзуи Ҳинд хун кард,
Ки хун бодо дили Ҳинди ҷигархор!
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Уғул Бобораҳимова,
мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.