Китоби нав. «Ҳикмати сулҳофарӣ ва давлатсозӣ»
Муаллифони ин китоб Сироҷиддини Қосим, Зайниддини Қосим, Фаррухи Қосим буда, соли ҷорӣ чоп шудааст. Дар ин китоб раванди ба даст овардани Истиклоли давлатӣ ва бар асари муборизаҳои шадиди мухолифон бо ҳокимияти конститутсионӣ сар задани ҷанги гражданӣ ва гуреза шудани ҳазорон шаҳрванди мамлакат бозгӯ гардидааст.
Ҳамзамон, нақши муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҷоди ҳикматҳои сулҳофарӣ, таъсис ва фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) ва татбиқи амалии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, роҳу усулҳои навӣ давлатсозӣ таҳқиқ шудааст.
Ҳамчунин, муборизаи ниҳодҳои қудратӣ ба мукобили ҷинояткориҳои муташаккил, терроризму экстремизм, гардиши ғайриконунии маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа, одамрабоӣ ва таъмини амнияти дохилии кишвар инъикоси худро ёфтааст.
Дар ин раванд тадбирҳои пешгирӣ намудани кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар соли 1997 ва 1998, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористии мусаллаҳ ва нақши муассиру қаҳрамононаи ҳайати шахсии ин сохторҳо бо далелҳои муътамад бозгӯ шудаанд.
Дар таълифи ин рисола санадҳои бойгонии Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, адабиёти махсуси соҳавӣ, нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва созмонҳои байналмилалӣ истифода шудаанд.
Умед аст, ки рисолаи мазкур аз тарафи кормандони сохторҳои кудратӣ ва қифзи ҳуқук, таърихнигорон, сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон ва доираи васеи хонандагон пазируфта мешавад,
Хонандагони гиромӣ китоби”Ҳикмати сулҳофарӣ ва давлатсозӣ”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.