Бо бачаҳо. Наҷмиддин Салоҳиддинзода. «Ганҷина
– Бобоҷон, бобоҷон, ба мо ягон афсона гўед,- гирди Оқилбоборо ҳалқавор печониданд наберагон.
– Хуб, ман, албатта, афсона мегўям, ширинакони бобо, аммо аввал шумо гўед, ки ҳафтаи гузашта кӣ чандто баҳои аъло гирифт?- айнакашро ба чашмаш монда пурсид Оқилбобо.
Одати аҷибе дорад мўйсафед: ҳар гаҳ ки фарзандонаш ба аёдаташ оянд, албатта наберагонашро ба наздаш мехонаду аз натиҷаи таҳсилашон пурсон мешавад. Имрўз ҳам ҳар кадомашонро аз хонишу донишашон пурсида, қаноатманд шуд. Баъд бо шавқ ба набераҳои хурдаш афсонаи «Рўбоҳ ва асп»-ро нақл кард.
Акнун шумо, хурдтаракҳо, пеши бибиатон равед, вай ҳам шуморо бисёр ёд кардааст. Ман барои калонтаракҳо ҳам ягон ҳикоя мекунам. Баъд ҳама якҷоя оши палави бибиҷонро мехўрем,- бо навозиш гуфт мўйсафед.
– Хуш, ба шумо чӣ нақл кунам?- ба наберагонаш рамузгирона нигоҳ кард Оқилбобо.
– Бобоҷон, ба мо дар бораи худатон нақл кунед. Охир, ордену медалҳоятон бисёр аст, бо олимону адибони машҳур ҳам суратҳо доред,- гуфт набераи калонӣ.
– Эҳ, набераҳои кунҷкови бобо! Дар бораи худам нақл кардан кори душвор аст. Беҳтараш аз ягон чизи дигар хоҳиш кунед,- илтимос кард мўйсафед.
-Бобоҷон, Шумо ягон бор дар бораи худ чизе намегўед, танҳо бибиҷон таърифатон мекунанду бас.
– Бибиҷон чиҳо мегўяд?- бо табассум пурсид бобо.
– Мегўянд, ки бобоятон шахси бузург, фозилу доно, соҳиби китоб ҳастанд, лекин беҳад хоксорӣ мекунанд,- суханони бибиро тўтивор такрор кард набераи хурдӣ.
Мўйсафед аз тарзи суханронии набера ба завқ омада хушҳол шуд ва бо ҳамон хушҳолӣ қисса оғоз кард:
Агар туро дигарон таъриф кунанд, хуб аст. Зеро одам бояд тавре зиндагӣ кунад, ки манфиаташ ба мардум расад ва мардум ўро ба некӣ ёд оварад. Хайр, ман танҳо як воқеаро мехоҳам нақл кунам, ки бароям ҳам гуворову ҳам ҳузнангез аст.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ман мактабхон будам, падарам дар колхоз кор мекард ва қариб ҳар бегоҳ ҳамроҳ дарс тайёр мекардем. Ҳушу ёди падарам ҳамеша банди китоб буду вақтҳои холиаш сарфи китобхонӣ. Аз хондаҳояш ба ману модарам бо шавқу ҳавас нақл мекард.
Хонаамон сеҳуҷрагӣ буд, гирдогирди як ҳуҷраро ҷевонҳои баланди пур аз китоб иҳота мекарданд. «Заминро ҳар сол шудгору киштукор накунӣ, аз ҳосил мемонад. Майнаи одам ҳам монанди ҳамин аст, агар беғизо монад, хушк мешавад. Ғизои майнаи одам китоб аст!»- таъкид мекард падарам.
Оромии хонадони мо дер давом накард. Соли дуюми ҷанги хонумонсўз падарам ба ҳимояи Ватан рафт…
Дар чашмони бобо ашк ҳалқа зад. Вай ноаён оби чашмонашро пок карда, суханашро давом дод.
Аввалҳо ҳар ҳафта хаташ меомад. Рафта-рафта мо мактуби секунҷаи ўро ҳафтаҳову моҳҳо интизор мешудем. Бо мушкилӣ бошад ҳам, рўзгорамонро пеш мебурдем. Модарам аз ноилоҷӣ ба кори колхоз баромад. Вай маро ҳамроҳаш ба саҳро мебурд ва ҳар дафъа ба дастархон ғайр аз як каф тутмавизу санҷид як-ду китоб ҳам мегузошт. Маро сари марза ё таги ягон дарахт мешинонду супориш медод, ки китоб хонам ё шеъре аз ёд кунам. Ба хастагиаш нигоҳ накарда, ҳангоми бозгашт ё дар хона пеш аз хуфтан супоришҳои додаашро ҳатман мепурсид.
Ҷанг тамом шуд, вале падарам барнагашт. Мактубаш ҳам дигар наомад. Аз қисми ҳарбӣ нома гирифтем, ки падарам бе ному нишон гум шудааст. Ин хабари шум моро бисёр ғамгин кард. Модарам як саҳар аз хоб хеста гуфт, ки падарамро хоб дидааст. Падарам аз ў хоҳиш кардааст, ки «Ганҷинаамро ба писарам супоред, то вай аз ин ганҷина баҳра гирад».
– Модарҷон, падарам кадом ганҷинаро дар назар доранд?- бо тааҷҷуб пурсидам ман.
– Ана ҳамин ганҷинаро,- ба ҷевонҳои пур аз китоб ишора кард модарам ва гапашро давом дод.- Аз ҳамин рўз акнун ин ганҷина дар ихтиёри туст! Ҳамаашро мутолиа бикун, ту соҳиби ганҷи бузург шудӣ ва абатта, ба муроду мақсадат мерасӣ. Хоҳиши падаратро ҳамеша дар хотир дор ва ҳаргиз аз ёд набарор, писарам,- таъкид кард модарам.
Аз ҳамон рўз ман ба китобхонӣ камар бастам. Толеъ мададгорам шуду ин кор ба ман одат шуд. Баъди хондани ҳар китоб фикру андеша ва рафтору гуфторам дигар мешуд. Модарам инро пай бурда, хушҳол мегашту дар чеҳраи гирифтааш қаноатмандиву шукуфоӣ пайдо мешуд. Ман чунон ба китобхонӣ дода шудам, ки дигар талаботи маро ганҷинаи падарам қонеъ карда натавонист. Рў ба китобхонаи мактаб овардам. Мехостам тамоми китобҳои оламро хонам ва ҳама чизро донам.
Ба зудӣ дар мактаб аълохон шудам, дар маҳфилу озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ғолиб гардидам, мактаби миёнаро бо медали тилло хатм карда, бе ягон душворӣ ба Донишгоҳи миллӣ дохил шудам. Донишгоҳро ҳам бо дипломи аъло хатм карда, дар худи ҳамон ҷо кор кардам. Бо ҳамон дилгармӣ хондаму кор кардам, унвонҳои номзадиву доктории илмро соҳиб шудам. Эҷоду ихтирои зиёде кардам ва шукур, ки манфиатам ба мардуму ба Ватанам расиду мерасад…
Оқилбобо лаҳзае нафас рост кард ва қаноатмандона сар ҷунбонд:
Дар ҳақиқат, бибиат рост мегўяд, дар чандин мамлакатҳои дунё аз донишу ихтироъҳои ман истифода мебаранд. Якчанд китоби дарсӣ ҳам навиштаам. Шогирди бисёре тарбия кардаам, ки кори маро давом медиҳанд. Ин файзу баракати ҳамин ганҷинаи меросии падарам аст, ки то имрўз зам мешаваду кам не.
Бобо ба дидагони шарарбори наберагонаш, ки ўро бо завқи тамом гўш мекарданд, назаре афканда, хотираш болид. «Шукур, ки ҳамаи инҳо посдори илму фарҳанганд»,- аз дил гузаронд вай.
– Акнун фаҳмидед, ки одамро барои донишу ҳунар ва хулқи некаш эҳтиром мекунанду дўст медоранд?- суоломез ба наберагон рў овард ў ва нақлашро хулоса кард:- Донишу ҳунар ва хулқи нек аз мутолиаю омўзиши бисёр, кўшишу ғайрат, ранҷу заҳмат, сабру тоқат ба даст меояд. «Сабр талх аст, вале меваи ширин дорад!» Шукри беҳад, имрўз тинҷиву амонӣ, сериву пурист ва мактабҳо ободанд. Шумо бояд аз чунин вақту шароит баҳра баред ва нағзакак хонед. Ман китобхонаи бобокалонатонро ҳамчун ганҷина то имрўз бо эҳтиёт нигоҳ доштам. Акнун шумо аз он истифода баред, хонед, донишманду бофарҳанг шавед, Дар хотир дошта бошед, ки қимати ин ганҷина дар ҳеҷ давру замон кам намешавад, балки меафзояд ва то абад чун нури дидаву тоҷи сари мардумони бохирад боқӣ мемонад…
Дар гуфтори бобои донишманд як олам дурри маънӣ ҳувайдо буд, ки аз он ганҷина берун омада, дона-дона ба ниҳонхонаи дилу хотири наберагон мерехт…
Аз китоби Наҷмиддин Салоҳиддинзода “Ганҷина”. Душанбе, 2019.
Ин ва боз даҳҳо китоби шавқовари ба ин монандро шумо метавонед дар толори хониши адабиёт барои кӯдакон ва наврасон мутолиа кунед.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова