Сайри олами китоб. Муъмин Қаноат: “Нарав қуи сафеди ман”

Муъмин ҚаноатДар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит ва имконоти хуби техникиву технологӣ мавҷуд аст. Дар баробари иҷрои рисолати асосии худ Китобхона ҳамчун маркази тавлиду коркард, ҳифозот ва тарғибу ташвиқи манобеъи электронии иттилоотӣ ба муштариён хидмат менамояд.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон дорои китобхонаи электронӣ буда, ба раванди хониш ва хадамоти китобдорӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Дар қатори китобҳои электронии Китобхона аз эҷодиёти Муъмин Қаноат маҷмӯаи шеърҳои шоир “Оташи ишқ”-ро дастрас кардан мумкин аст.

Донед, ки ишқ оташи сӯзон аст,

Ҳарчанд, ки сӯзи ӯ ҳузури ҷон аст.

Аз оташи асл гар касе дур шавад,

Аз дур алангааш варо нур шавад.

“Оташи ишқ” – асосан аз шеърҳои лирикии шоир, Лауреати мукофоти давлатии СССР ва мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Муъмин Қаноат мураттаб шудааст, ки баҳри ҳаводорони назм армуғони хубест.

Бояд гуфт, ки дар нимаи дуюми солҳои 50 ва оғози 60-уми садаи XХ ба майдони адабиёт як даста шоироне қадам ниҳоданд, ки ба шарофати офаридаҳои онон шеъри тоҷикӣ ба куллӣ нав шуд. Муъмин Қаноат пешсафу пешрави эшон буд. Шодравон Лоиқ Шералӣ Муъмин Қаноатро «ҳамчун сарроф ҳар калима, ҳар мафҳумро, ки дар он маншаи шеър ё нутфаи шеър ҳаст, ба ҳамаи тобишҳои аслию маҷозӣ ва мантиқиву фалсафӣ бармекашад, паҳлӯи ҳар калимаро палмосида, ё ҳар суханро мисли як пора маъдани ба сангу регу хокомехта рӯйи каф гирифта, ба он дуру дароз дақиқ менигарад, сангу регу хокашро ҷудо мекунад, навъи ин маъданро муайян месозад ва баъд андеша мекунад, ки он сангро дар бунёди кадом шеър метавон гузошт, ё аз ӯ чӣ колое, чӣ сурате метавон кашид»,- муаррифӣ кардааст. Дар воқеъ, барои имтиҳон шеърҳои «Обшор», «Нарав, қӯи сафеди ман» ва «Ману шабҳои бехобӣ»-и Муъмин Қаноатро қироат кардан кофист, то шеъри нобу ҷавҳари зотии каломи бадеъро дар онҳо эҳсос кунӣ.

Худи шоир чунин фармудааст: «шоир воқеанигор нест, шоир эҷодкор аст», яъне тасвиргарию маънисозӣ пешаи азалии ӯст”. Бубинед чи зебову баланд гуфтааст:

…Ба нармӣ қӯи зебое

Бa pӯйи мавҷ обӣ шуд,

Ба пояш зарраҳо ҳавзи гулобӣ шуд.

Гаҳе аз нармрафторӣ

Гули дар об мегардад,

Гаҳе дар гирди худ гирдоб мегардад.

Гаҳе аз ишқ меболад,

Гаҳе хомӯш менолад,

Чӣ хомӯшӣ, ки ҳар мӯяш забон дорад!

(Нарав, қуи сафеди ман)

Ё худ, дар ҷои дигар мегӯяд:

Ба тундӣ хашми дарёям,

Ба тамкин сабри саҳроям,

Ба нармӣ чун дили ошиқ,

Ба сахтӣ санги хороям.

Ба савдо рафта дунё чун Самарқанду Бухороям,

Макун дигар ту савдоям. 

(Суруди охирин)

Ман аминам, ки мутолиаи ин маҷмӯаи шеъри Муъмин Қаноат бо ҳар як сатраш, бо ҳар як сухану ҳар ҳарфаш ба қалби дустдорони шеъри ноби тоҷикӣ роҳ меёбад ва ҳаловати нотакрор мебахшад.

Махфират Муҳидинова

Китоби “Оташи ишқ” дар Телеграмканали Китохонаи миллӣ дастрас аст. Ин ҷост: ОТАШИ ИШҚ