Китоби нав. Қимор Насимов: «Чанде аз бунлодони Урметан»

Чанде аз бунлодони УрметанДар ин асар хонандагони арҷманд бо чеҳраҳои басо гарм ва самимие аз деҳаи овозадори Урметани ноҳияи Айнӣ ва хушгӯиҳои мардуми деҳот ошно хоҳанд шуд, ки дар рушду такомул ва пешрафти Тоҷикистон дар овони пеш аз шуравию ва баъд аз он ва дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои миллату Ватан сарнавиштсоз хизмати шоистаи фарзандӣ ба ҷо овардаанд. Муаллиф зимни таҳлилҳои амиқи бадеӣ ва пажӯҳишӣ симоҳои тобнок ва дилнишину хотирмон падид овардааст, ки он  ба оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Сарсухани басо кутоҳи нашриёт бо ин фармудаи Карлой Асту  оғоз шудааст: “Таърих чизе ба ҷуз тасвир ва шарҳи зиндагии ибратомӯзи мардони бузурги рӯзгори мо нест”.

Корлой Асту

Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳар як халқу миллат бо эҷод ва офаридаҳои моддию маънавиаш саҳми арзандаи хешро мегузорад.

Аз ин рӯ, омӯзиши тамаддуни ҳар як маҳал ва мавзеъ, аз як тараф, ба бою ғанӣ гардидани тамаддуни миллат, ки аз маҷмуи тамаддунҳои халқҳои ҷаҳон иборат аст, мусоидат мекунад, аз тарафи дигар, рушду инкишофи маданияту фарҳанги ин ё он миллатро дар масири таърих равшан карда, саҳифаҳои дар зери ғубори фаромӯшӣ мондаи онро таҷдид менамояд ва наслҳои баъдиро огоҳ менамояд ва сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллиро вусъат мебахшад.

Асаре, ки ҳоло шумо, хонандагони азиз бо номи «Чанде аз бунлодони Урметан»-ро дар ҳаҷми 300 саҳифа, дар даст доред, аз ҷумлаи китобҳоест, ки бештар дар мавриди шарофатҳои инсонӣ қисса мекунад. Он аз ду қисм иборат буда, боби аввал бо номи «Сарнавишти қисмат» ва боби дуюм аз бахшҳои «Қирони ахтар», «Оид ба шарҳи ҳоли худам», «Дар ҷустуҷӯйи ҷойи кор» ва «Умри дубора» иборат буда, он аз рӯзгору пайкори шахсоне ҳикоят менамояд, ки муосирони мо ҳастанд, ба халқу миллату меҳанашон содиқона бо дасту дили пок хизмат кардаанд. Барои тасвири чунин шахсиятҳо муаллифи асар қолаби романи ҳуҷҷатиро интихоб намудааст, ки он воқеан, ба аҳдоф ва ормонҳои эҷодии нависанда созгор мебошанд.

Муҳаққиқ, нависанда ва шоир Қимор Насимов бо тахаллуси Ромиқ аз ҷумлаи муаллифонест, ки хонандаи тоҷик дер боз бо навиштаҳои илмӣ-адабӣ ва ҳуҷҷатиаш мешиносанд ва чи хеле ки худи ӯ дар боби якум «Сарнавишти қисмат» нигошта «ҳадафи банда дар ин рисола инъикоси ҳафт пушти авлоду аҷдодамон маҳсуб меёбад» то ворисони оянда аз он воқиф ва худ донанд, ки аз кадом бунлоданд ва мо низ умед дорем, ки хонандаи закӣ ин китобро бо хушнудӣ истиқбол мегирад ва бо завқу иштиёки хос мутолиа менамояд.

Ҳамчунин, китоби мазкур фарҳанги хуби хештаншиносӣ, инсондӯстӣ, Ватандорӣ, озодагӣ, накӯкорӣ ва ваҳдатро инъикос мекунад, ки ҳамчун қутобнамо роҳи моро ба сӯйи оянда равшанӣ мебахшад.

Ин китоб ҳоло дар Китобхонаи миллӣ барои мутолиа дастрас аст.

Фарзона Шарифова,

мутахассиси шуъбаи

мукаммалгардонии фонд.