Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон Мирбек Мамбеталиев аз Китобхонаи миллӣ дидан намуд

Вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон Мирбек Мамбеталиев дар доираи боздид аз мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварда, бо шароиту имконият ва хизматрасонӣ дар китобхона ошно гардид. Меҳмононро Матлубахон Сатториён – вазири фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ карда, дар иртибот ба равобити фарҳангии ду кишвар, масоили вобаста ба китобу китобхонӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт суҳбат намуд.

Дар мулоқот иброз гардид, ки равобити дӯстонаи Тоҷикистон ва Қирғизистон бо саъю талошҳои пайвастаи роҳбарон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров сол то сол дар самтҳои гуногун рушду равнақ ёфта истодааст.

Дар ҷараёни мулоқот дурнамои баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, аз қабили конфронсу форумҳо ва дигар масоили фарҳангӣ низ баррасӣ карда шуд.

Сипас, тибқи нақша-барномаи сайёҳати меҳмонон дар Китобхонаи миллӣ,  Мирбек Мамбеталиев – вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳамроҳони ӯ аз мусаввараи таърихӣ, осорхонаҳои китоб ва гӯшаҳои намоиши китоб дидан карданд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкории ду кишвар дар соҳаи фарҳанг минбаъд низ рушд ва таҳким хоҳад ёфт.

Дар охир баҳри ҳифзу эҳтиром ба фарҳангӣ ду кишвар ҷонибҳо  либоси миллии худ ва дигар тӯҳфаҳоро ҳамчун рамзи дӯстию бародарӣ ба якдигар тақдим намуданд.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи
Китобхонаи миллӣ.