Лутфулло Бузургзода. Се мактуб. Бо сарсухани марҳум Валӣ Самад

Лутфулло БузургзодаАдиб ва олими тоҷик Лутфулло Бузургзода, ки имсол аз таваллуди ӯ 109 баҳор пур мешавад, дар зарфи  умри кутоҳ, вале пурсамари худ беш аз ҳафтод номгӯйи асари хурду бузурги илмӣ ва адабӣ таълиф карда, дар инкишофи илми филологияи советии тоҷик ҳиссаи босазое гузоштааст. Солҳои қабл аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ айёми бороварии нахли истеъдоди ӯ буданд. Халқи тоҷик ва илму адабиёти он аз ӯ пешомадҳои бузургеро орзу доштанд. Вале ҷанг сар шуд, ҷанги хонумонсӯз. Ҳар кас ки номуси мардӣ дошту миллату Ватанро азиз медонист, ба дифои ёру диёр бархост. Лутфулло Бузургзода ҳам ба ҷанг рафт.

Ӯ вақте ба дифои Ватан рафт, ки фарзандонаш Дилбар ва Қаҳрамон ҳанӯз тамоман хурд буданд, акнун забони ширини кӯдакона “дадаҷон” гуфтанро омӯхта буд.

Теғ бояд хун фишонад, кор бо душман сарояд,

Ман мурам –номам бимонад, ӯ мурад комам барояд,

Зиндагонӣ нест душманро ба мулки хеш дидан,

Бояд аз тан ҷони ман ё аз Ватан душман барояд.

Ин сатрҳо дар зимни ду соли дар ҷанг будани Лутфулло Бузургзода мудом вирди забони ӯ буданд ва дар чанд номаи ба унвони дӯстон фиристодааш низ зикр ёфтаанд. Ягона маъхази асосӣ барои равшан кардани ҳаёти солҳои  ҷангии Бузургзода, ки ҳанӯз тадқиқ нашудааст, мактубҳои ӯ ва як хабарномаи аз қисми ҳарбии ба унвони ҳамсараш расидааст.

Шавҳари шумо лейтенанти калон Лутфулло Бузургзода (зодгоҳаш райони Исфараи РСС Тоҷикистон) дар набардҳои барои Ватани сотсиалистӣ корномаю мардонагӣ нишон дода, 12 – уми ноябри соли 1943 дар деҳаи Прудоки райони Яповинский ҳалок гардид. Ӯ дар қабристони деҳаи Слабодкаи райони Яповинский, вилояти Вытебск РСС Белоруссия дафн шудааст”.

Мактубҳои Бузургзода на танҳо ифодаи рози дили ӯ нисбат ба дӯстон аст, балки шоҳиде мебошад, ки имрӯз ба мо аз хусуси дар корзор ба сафи партия қабул шудан, мактаби махсуси ҳарбиро хатм карда,  ба рутбаи лейтенанти калон соҳиб шудан, дар муҳорибаҳои шадиди назди Москва, Калилинград, Ленинград, ва Минск диловариҳо нишон дода, борҳо маҷрӯҳ гардиданд ва дубора ба муҳорибаҳо дохил шудани ӯ ҳикоят мекунанд. Дар ин мактубҳо рӯҳи ватанпарастӣ, садоқат ба ёру диёри азиз ва боварии қатъӣ ба ғалаба зуҳур ёфтааст.

Инак, се мактуби Лутфулло Бузургзода  ба хонандагони арҷманд тақдим мешавад.

Валӣ Самад

АЗИЗАКАМ, ҶОНАКАМ!

Имрӯз 23.02.43 иди аскарони пуршарафи мост. Ба саломатии сипаҳсолори бузург рафиқ Сталин, ба муваффақияти пешравиамон менӯшем. Ман қадаҳро, дар айни замон, шумоёнро ба хотир оварда, ба саломатии Шумо – Қаҳрамону Дилбар бардоштам.

ҶонакАм! Дар ин рӯз чандин хат ва телеграмма мегирам гуфта умед доштам. Афсӯс, ки на хат гирифтаму на телеграмма. Медонед, бисёр ёд кардам. Ҳама дар хандаву бозӣ, ман ҳам дар қатори эшон, аммо ёдам хаёлам ба Шумоён медонед? Гуфтаанд, ки “дидори дӯст – маззаи умр аст”. Аммо ноумед нестам, боварӣ дорам, ки Ватани азиз аз душмани қаттоли палид пок мегардад.

Аз ин ҷанги бузург ман ҳам бармегардам, ҷавонӣ ва умри мо аз ин ҳам ҷавонтар ва маззаноктар мегардад.

Ҷонакам! Ман ба ҷои Шумо мебудам, ҳар рӯз мактуб менавиштам. Дилтанг нашавед ва маро ҳам дилтанг накунед. Акнун боварӣ дорам, ки ҳеҷ набошад рӯз дар миён ё набошад ҳам ҳафтае ду бор хат менависед.

Шуморо оғӯш ва бӯса намуда,                                                                Лутфулло

п.п. 1992, қисми 753                                                                                24.11.1943

ҶОНАКИ АЗИЗАМ!

Аз роҳу дуру ба қалби наздик ба Шумо ва фарзандони азизам саломи оташбор фиристода, саломатии Шумоёнро мехоҳам.

Мактубатонро, ки 9/III-1943 навишта будед, имрӯз 28/III-43 гирифтам, хонда бисёр ҳам шод гардидам. Ифтихормандам, ки рафиқаи умриам ҳам муҳаббати худ, ҳам ватандӯстии худро дар мактубаш баён менамояд.

Ҷонаки азизам! Мактуби халқи тоҷик ва мактуби шумора дар як вақт хондам, мактуби Шумо ҷузъи мактуби халқи азизам мебошад, ки бо суханҳои сода ифода карда шудааст. Боварии том дошта бошед, ки талаби Шумо ва халқи қадрдонамро, то ҷон дорам, барои иҷро намудан ҳозирам.

Барҳаёт қаҳрамон шуда равам ҳам, ё қаҳрамонона ҳалок гардам ҳам ифтихори шумост!

Ҷонакам! Одам набояд аз идеалҳои олии ҳаёт рӯ гардонад. Бинобар он зинда мондан мехоҳам. Ба ин умеди калон дорам.

Охир, дар ҷанг ҳамаи иштироккунандагон намемиранд-ку. Мехоҳам, ки дидори Шумоёнро мушарраф гардида, ба Шумо ёддоштҳои худро ҳикоят кунам, корҳои илмии худро давом диҳам! Мактубҳои маро нигоҳ доред, ҳар яке аз онҳо як боби нақл мебошад.

Агар ҳалок шавам, номи маро гум накунед, ба фарзандони ҷониамон супориш диҳед, онҳо ҳам нигоҳ доранд. Мо дар арафаи тамом кардан мебошем, ки бояд дар ҳамин рӯзҳои наздик санҷиш сар шавад.

Адреси нави Ғафуров Муҳаммадамин ба рафиқааш маълум бошад, ба ман нависед. Адреси нави ман:

п/п 16630 “Г”

Шуморо оғӯш ва бӯса намуда

Лутфулло Б.

28.03.1943

АЗИЗАКАМ!

Аз таҳти дил саломи оташбор мефиристаматон.

Имрӯз саросемавор ба Шумо хабари навро менависам: дина бегоҳӣ таъкид намуданд, ки сару тани тоза пӯшем ва ба ҳаммом рафта оем, ҳам аз таҳти дасти сартарош гузарем. Ана, имрӯз эълон намуданд-таҳсил тамом шуд, унвони нав гирифтем, камина лейтенанти калон. Бо ин хабари нав Шуморо табрик менамоям.

Бояд фардо ба ҷои хидмат оем. Дур равад се рӯз, вагарна пас аз дӯ рӯз, ҳамин ки вазифаам муайян шуд, аттестат роҳӣ мекунаматон. Хавотир нашавед, рӯзҳои сахт дар ақиб мемонад, субҳи нав бо рӯзи некӯ медамад. Ба Шумо, ёраки азизакам, тани сиҳату умри дароз мехоҳам. Адреси навро аз ҷои нав мефиристам.

Шуморо бӯсида-бӯсида, ёри абадиятон

Лутфулло

10.09.1943. 

МАНБАЪ: Садои Шарқ, соли 1970 №5

Таҳияи Носирова Шавқинисо, мутахассис пешбари шуъбаи матбуоти даврӣ.