Шӯрои илмӣ-методӣ. Нақш ва ҷойгоҳи шуъбаҳо дар фаъолияти Китобхонаи миллӣ
Маҷлиси Шӯрои илмӣ-методии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми майи соли 2026 баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шӯрои илмӣ-методӣ директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Аз рӯйи масъалаи якуми ҷаласа ҳисоботи сардори шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар Гулчеҳра Сатторова оид ба масъалаи “Нақши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар ҳифз ва тарғиби мероси мусиқии аҳди Сосониён ва Сомониён (дар мисоли Борбади Марвазӣ)” шунида шуд.
Раиси Шурои илмӣ-методӣ Лутфия Абдулхолиқзода пас аз баррасии ҳисоботи мазкур иброз намуд, ки дар таърихи мардумони тоҷику форс ду сулола – Сосониёну Сомониён ва дар адабу ҳунар Рӯдакию Борбад мояи ифтихору шаҳомат гаштаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки маҳз бо сайъ, кӯшиш ва санъати баланди иҷрокунандагии Борбад дар мусиқии тоҷику форс таҳаввулоти нотакрори ҳунарӣ ба миён омад ва дар таърих ин давра “асри тиллоии мусиқӣ”-и тоҷику форс ва умуман Шарқ дониста шудааст.
Сипас, аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи сардори бахши матбуот ва робита бо ҷомеа Абдуғаюр Саломов оид ба масъалаи “Ҷойгоҳи бахши матбуот ва робита бо ҷомеа дар тарғиби фаъолияти Китобхонаи миллӣ” шунида шуд. Мавсуф гуфт, ки сомона тибқи консепсияе, ки муддати ду сол такмил шудааст, фаъолият мекунад ва консепсияи Китобхонаи миллӣ як ҳадафи аслиро пайгирӣ менамояд: тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат доир ба фарҳанг, омӯзишу парвариш, китобу китобхонаву китобхонӣ. Дар сомони Китобхонаи миллӣ ҳар рубрика, ҳар гӯша ва ҳар мавзуъ ҷиддан тарҳрезӣ шудааст ва саҳифаҳои Китобхонаи миллӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи “Китобдор”, Ютубканали Китобхона ва Телеграмканали сомонаи Китобхонаи миллӣ ба уҳдаи кормандони ин бахш аст.
Ҳамзамон Саломов Абдуғаюр иброз дошт: “Фаъолтарин ниҳоди таблиғотӣ дар Китобхона бахши матбуот ва робита бо ҷомеа аст. Агар фаъолияти шуъбаҳои дигар дар доираи амалкардҳои шуъбаи худ маҳдуд бошад, фаъолияти ин бахш беҳудуд аст. Бахши мазкур масъули аслии таблиғоти фаъолияти ҳамарӯзаи Китобхонаи миллист ва бешак аз муҳимтарин бахшҳои таблиғотӣ дар Сохтор ба шумор меравад. Инъикоси маҳфилу нишастҳо, мулоқоту вохӯриҳои сарварони Китобхона бо дипломатҳо ва меҳмонони хориҷӣ, вуруди хонанда ба Китобхона, тарғиби фаъолияти китобдорони собиқадор, таҳияи гузоришу мусоҳибаҳо бо меҳмонони Китобхона ва ғайра аз ҷумлаи фаъолияти Бахши матбуот ва робита бо ҷомеа мебошад.”
Доир ба масъалаи дигари рӯзнома маълумотномаи Яқуб Бобохонов – сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ оид ба рӯнамоии “Портали рисолаҳои илмӣ ва авторефератҳои Китобхонаи миллӣ” шунида шуд.
Дар идомаи ҷаласа Раиси Шӯро Лутфия Абдулхолиқзода қайд кард, ки масъалаи портали рисолаҳои илмӣ ва авторефератҳо дар Китобхонаи миллӣ аз масъалаҳои асосӣ ва ҳалталаб маҳсуб ёфта, зарур аст дар кӯтоҳтарин муҳлат ба анҷом расонида шавад.
Дар қисмати масъалаҳои ҷории ҷаласа ҷадвали муайянсозии таркиби фонди МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи соҳаҳои дониш бо назардошти Таснифоти даҳгонаи универсалӣ (ТДУ – УДК) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷамъбасти маҷлис, бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои ҳайати Шурои илмӣ-методии Китобхонаи миллӣ вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида ва пешрафти самтҳои муайян қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар хотима раиси Шӯрои илмӣ-методӣ – директори Китобхонаи миллӣ Лутфия Абдулхолиқзода ҷиҳати тадбирандешӣ барои беҳбуди сатҳу сифати фаъолият ва иҷрои қарорҳои қабулнамудаи ҳайати Шӯрои илмӣ-методӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Муҳидинова Махфират,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа